logo

Хабарҳо

ХФБ гурӯҳи ҷиноятпешаро боздошт намуд

ТАСС. Кормандони хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии ФР дар вилояти Новосибирск аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаро, ки маълумотномаи тиббии қалбакиро барои вуруд ба  Россия  омода сохта ба хориҷиён мефурӯхтанд, дастгир намуданд. 
Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ, аз боздоштшудагон зиёда аз ҳазор маълумотномаи тиббӣ, 400 маълумотнома-даъватномаи пуркардашуда ва 3 миллион рубл мусодира гардид. Ғайр аз ин, пойгоҳи мизоҷони хориҷӣ, ки нияти гирифтани ҳуҷҷатҳои қалбакиро доштанд, ошкор шуд. 
 
 
Ба ифтихори 20-солагии СҲШ дар Пекин мусобиқаи «Ҷоми СҲШ-2021» баргузор гардид
SNG Today. Дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин таҳти шиори «Барои ҷаҳони бидуни маводи мухаддир, терроризм ва пандемия», ки ба 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай бахшида шуда буд, мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми СҲШ – 2021» сурат гирифт. 
Дар зӯрозмоиҳо бозигарони 13 давлат ва Котиботи СҲШ ширкат варзиданд. Тантанаҳои варзишӣ идомаи Ҷашни Наврӯз, ки рамзи сулҳ, ҳамҷавории нек ва ҳусни тафоҳумро ифода менамоянд, ба ҳисоб мераванд. 
Дар мусобиқа варзишгарони Чин, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов зикр кард, ки варзиш ҷузъи  ҷудонашавандаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва унсури асосии муттаҳидкунанда ба шумор меравад.
 
 
Чин нахустин шуда дар дунё шиносномаи эмкуниро роҳандозӣ кард
ТАСС.  Аввали моҳи март ҳукуматдорони Чин дар бораи роҳандозии сертификатҳои тиббӣ барои саёҳатҳои байналмилалӣ ё ба таври дигар «шиносномаҳои эмкунӣ»-ро эълом доштанд. 
Дар изҳороти ВКХ- и кишвар омадааст, ки ҷорӣ намудани чунин ҳуҷҷат ба барқарорсозии сафарҳои байналмилалӣ ва сайёҳӣ мусоидат менамояд. Чунин ибтикоротро муддати мадид аст, ки кишварҳои Ғарб пиёда сохтанианд, вале Чин аз онҳо пешдастӣ кард. 
Аммо дар ҳамин ҳол навовариҳои умедворкунанда зери мавҷи интиқод қарор гирифтанд. Аввал ин ки сертификатро  танҳо шаҳрвандони ҶМЧ дарёфт менамоянд ва дуюм, бехатарии ҳифзи маълумот дар бораи шахс зери суол қарор гирифтааст. Ва сеюм, дар кишвар то ҳанӯз чораҳои карантинии аз ҳама сахттарин дар олам амал мекунанд: ҳангоми ба Чин   ворид шудан, зарур аст, ки ҳадди ақалл 21 рӯз дар узлат нишинӣ. 
Бо чунин шиноснома ва ё бидуни он, гумон аст миёни чиниҳо хоҳишманде пайдо шавад, ки ба хориҷа равад ва баъд аз он боз се ҳафта дар карантин нишинад.
 
 
Қазоқистон  ва Россия қаллобонро меҷӯянд
ТАСС. Департаменти тафтишотӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба гурӯҳи ашхосе, ки ба дуздии 300 миллион танга (707 ҳазор доллари ИМА) аз суратҳисоби яке аз ҷамъиятҳои калони саҳомӣ даст доранд, таҳқиқ менамояд. 
Дар иртибот ба ин, се нафар гумонбаршударо ба ҳабс гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо сокинони Алма-Ато буда, бо гурӯҳи хакерон аз Россия дар пойгоҳи интернетии ин ҷамъияти саҳомӣ 14 аккаунти қалбакӣ таъсис дода, бо ин роҳ маблағҳои онро мерабуданд.
Алҳол тафтишот идома дорад ва якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия оид ба муайян ва боздошти дигар иштирокдорони ҷиноят чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 458
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед