Хабарҳо
ГУЛСИФАТ ШАҲИДӢ – «АДИБИ СОЛ - 2020»-И РОССИЯ
Иттиҳодияҳои нависандагони Россия ҷоизаҳои худро дар самтҳои муқарраршуда барои соли 2020 ба ғолибонаш супурд. Мувофиқи он, адиби тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ адиби соли Россия эълон гардид.
Ин ҷоизаи муътабар ба бону Гулсифат барои асари пурхонандааш – «Афсонаҳои бибиҷони Гулсифат» эҳдо шуд. Ин китобро маликаи Британияи Кабир низ мутолиа карда, сутуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Гулсифат Шаҳидӣ ҳамсари оҳангсози маъруфи ҷаҳон Толиб Шаҳидист.
«ЧИЛ КАЛИД» ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассоми чирадаст Анваршо Сайфуддинов таҳти унвони «Чил калид» баргузор гардид.
Мусаввир сад асари дар давоми панҷ сол офаридаи худро дар жанрҳои графика ва пейзаж ба маърази тамошо гузошт. Мухлисони ин намуди санъати нафиса асарҳои Анваршо Сайфуддиновро хуш пазируфта, баҳои баланд доданд.
Намоиш то 27 апрел идома меёбад.
ХИЁБОНИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДАР МАЗОРИ ШАРИФ
Яке аз хиёбонҳои асосии шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба номи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Ҳамчунин, тандисаи шоҳ, ки сангкорӣ шудааст, зеби шаҳр гардид.
Ибтикори мазкурро Ато Муҳаммад Нур, роҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон пиёда кардааст.
Ёдовар мешавем, ки яке аз хиёбонҳои марказии пойтахти Тоҷикистон – Душанбе қариб сӣ сол боз номи Исмоили Сомониро дорад ва маркази шаҳрро пайкараи ин абармард оро додааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 151