Хабарҳо
ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГӢ. ТАШВИҚГАРИ ТАМАДДУНИ АЗАЛӢ
Соли 2011- Соли мероси таърихию фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардида буд ва дар ин росто, барномаи байнидавлатии "Пойтахти фарҳангии ИДМ" таҳия ва қабул шуд, ки ҳадафи аслии он – рушди ҳамкорӣ ва муттаҳидсозии зарфиятҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ мебошад. Ин аст, ки соли 2021 шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шуд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки эълом доштани Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангӣ, бо сабаби пандемияи коронавирус ба таври онлайн баргузор гардид. Шаҳрдори Шимкент (Қазоқистон) Мурат Айтенов рамзи пойтахти фарҳангии ИДМ-ро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ супурд.
Вобаста ба ин, бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021 таҳти № 135 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагӣ ва баргузории тадорукот дар доираи эълон гардидани «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021» тасдиқ шуда, як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла «Ниммарафони XII байналмилалии «Душанбе - 2021» бахшида ба Рӯзи пойтахт», гузарондани семинар – тренингҳои таълимӣ аз ҷониби ҳунармандони соҳаи фарҳанги кишварҳои узви ИДМ, Форуми байналмилалии ҷавонон Ояндаро бо ҳам месозем ва ташкили барномаи фарҳангӣ барои ҷавонони кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шудаанд. Дар маҷмӯъ, бояд дар соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон зиёда аз 35 чорабинӣ гузаронда шавад.
Воқеан ҳам, тайи чанд соли ахир шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои пешрафтаву диданӣ табдил ёфта, биноҳои сарбафалаку замонавиаш ба ҳусни шаҳр зебоии дигареро зам намудаанд. Гулкориву хуррамгардонӣ тавъам бо дарахтони ҳамешасабзаш, шиору овезаҳои ҳунарҳои мардумӣ касро рӯҳу ҳаловати тоза бахшида, ҳар бинандаро мафтуни худ мегардонад.
Бояд гуфт, ки шаҳри Душанбе макони асосии мулоқоти эҷодии ходимони фарҳанг ва санъати ИДМ маҳсуб мешавад ва ин бори дигар аз доштани фарҳанги волои як миллати соҳибтамаддун ба оламиён дарак медиҳад.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 235