Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Мир24. Дар натиҷаи амалиёти махсус, кормандони Хадамоти федералии бехатарии ФР дуздии 1,1 миллиард рублро аз суратҳисобҳои бонкӣ пешгирӣ намуданд,- гуфта мешавад дар иттилои маркази робита бо ҷомеаи созмон.
RT. Россия аввалин шуда дар ҷаҳон ваксинаеро, ки ҳайвоноти мӯинадор, саг ва гурбаро аз сироятёбии коронавирус пешгирӣ менамояд, ба қайд гирифт,- иттилоъ дода мешавад, дар Хадамоти федералии ветеринарӣ ва фитосанитарии назорати назди Росселхознадзор.
РБК. Шӯрои федератсия дар ҷаласаи навбатӣ қонунеро, ки ба Сарвари Россия Владимир Путин боз ба ду муҳлати дигар ҳуқуқи президент интихоб шудан медиҳад, ба тасвиб расонд.
Синхуа. Соли 2020, сарфи назар аз паҳншавии пандемияи коронавирус, мағозаҳои китобфурӯшӣ дар Чин аз барҳамхӯрӣ эмин монданд. Чуноне иттилоъ дода мешавад, бо вуҷуди он ки соли гузашта дар кишвар 1500-тои онҳо дарҳояшонро бастанд, зиёда аз 4000 мағозаи нави китоб таъсис ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 158