logo

Хабарҳо

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд.
Дар ярмарка маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, гӯшти паранда, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, биринҷ, нон, шириниҳои гуногун ба таври фаровон ба фурӯш гузошта шуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз он дидан намуда, барои мунтазам ташкил намудани чунин ярмаркаҳо ба масъулин супориш дод ва таъкид кард, ки барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ захираву имкониятҳо басанда аст. Гуфта шуд, ки танҳо дар давоми ду моҳи соли равон дар вилоят ба маблағи беш аз 420 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст ва кишоварзони вилоят метавонанд аҳолиро бо маводи зарурӣ таъмин созанд.
 
 
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ИДМ 
Дар шаҳри Москва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. 
Зимни ҳамоиш роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро матраҳ карда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ муносибатҳои шарикии созандаро, ки байни давлатҳои аъзои ИДМ дар асоси принсипҳои эътимод ва эҳтироми тарафайн ба вуҷуд омадаанд, зикр намуд. Бино ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон самтҳо ва вазифаҳои афзалиятнокеро, ки раёсати Беларус дар ИДМ пешниҳод кардааст, дастгирӣ мекунад.
Инчунин, мавсуф диққати иштирокчиёни ҷаласаро ба мушкилоте, ки кишварҳои узви иттиҳод бо сабаби пандемияи коронавирус дучор омадаанд, ҷалб намуд. Дар ин замина, зарурати ҳамкории зич оид ба фарқияти омилҳои ноустувории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар, таҳияи якҷояи равишҳои нав ва ғайристандартӣ зикр шуд.
Дар заминаи баррасии масъалаҳои амният, вазир оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъсиси феҳристи ягонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ мамнӯъ сухан гуфт.
Ҳамзамон, дар ҷаласа ҷараёни татбиқи Барномаи амалро оид ба густариши шарикӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар соли 2020 ва татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи Муроҷиати сарварони давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба халқҳои кишварҳои иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 мувофиқа карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
 
 
ДАР ДЕҲАИ НЕЪМАТОБОД МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БУНЁД ЁФТ
Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Неъматободи деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иззатулло Неъматов маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино аз 5 ҳуҷраи табобатӣ, дорухона ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. 
Роҳбарияти ноҳия ба соҳибкор ва дигар шахсони саховатпеша барои ин иқдоми ватандӯстона изҳори миннатдорӣ намуда, иншоотро туҳфаи арзанда ба ҷашни миллӣ номиданд.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони ноҳия баҳри пешвози сазовори иди фархунда, инчунин, ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ нуқтаи  оби нӯшокиро таъмир ва сокинонро бо оби ошомиданӣ таъмин намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 134
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед