logo

сиёсат

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАНД

Раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳолест, ки имсол аз таъсиси ин созмони байналмилалӣ 20 - сол пур мешавад. Ба ин муносибат, моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзо баргузор мегардад.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар робита ба ин, аз Аброр Мирсаидов, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хост, ки фаъолият ва афзалияти муносибатҳои иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхайро тавзеҳ диҳад:
Дар кураи Замин беш аз 260 давлат арзи ҳастӣ дорад. Дар ҳудуди онҳо қариб 7,8 миллиард аҳолӣ ба сар мебарад. Барои фаъолияти густурда дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятии ҷаҳони муосир ташкилотҳои гуногун таъсис ёфтаанд, ки тавассути узвият ба онҳо афзалияту дастгириҳои  тарафайни давлатҳо сурат мегиранд. Яке  аз  чунин  ташкилотҳои  бонуфузи байналмилалӣ Созмони  ҳамкории Шанхай (СҲШ) маҳсуб меёбад. Ин созмон соли 2001 дар пояи ташкили ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҳарбии кишварҳои Осиёву Аврупо таъсис ёфтааст. Заминаи пайдоиши созмонро «Панҷгонаи Шанхай», ки соли 1996 бо ташаббуси панҷ давлат - Чин, Россия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон рӯи майдони муносибатҳои байналмилалӣ омада буд, гузоштааст. 
Дар вохӯрии сарварони кишварҳои аъзо моҳи июни соли  2002  дар шаҳри Санкт - Петербург асосҳои институсионалии ин ниҳоди байналмилалӣ шакл гирифт, яъне дар партави Декларатсия дар бораи таъсиси созмон Хартаи СҲШ, ҳамчун ҳуҷҷати заминавию оинномавӣ қабул гардид ва баҳри амалӣ гардондани муносибатҳо роҳ кушод. Натиҷаи ниҳоии саммити СҲШ дар Москва буд, ки созмон соҳиби механизмҳои корӣ, ҳайати кормандон ва буҷети худ гашта, аз якуми январи соли 2004 ба сохтори байналмилалии комилҳуқуқи бонуфуз табдил ёфт.
Бояд таъкид намуд, ки дар заминаи шаклгирии тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СҲШ, муносибатҳои иқтисодӣ мавқеи калидӣ доранд. Ин тезисро бо далелҳои зерин метавон тасдиқ намуд. 
Сараввал, дар замони муосир муносибати тамаддунӣ нисбат ба тавсифи низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварҳо ба вуҷуд омадааст. Ин муносибат нисбат ба муносибати форматсионӣ васеътар буда, дар занҷираи рушди иқтисодии мамлакатҳо ба ғайр аз равандҳои иқтисодӣ омилҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ низ ба назар гирифта мешаванд. Дар доираи муносибати мазкур иқтисодиёт ҳамчун як ҷузъи фарҳанг ва тамаддуни ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ баррасӣ мешавад, ки бо маҷмӯи арзишҳои фарҳангӣ ҳамбаста мебошад. Дар асл, иқтисодиёт, назар ба оне, ки дар бораи он аксарият фикр мекунанд, мафҳуми васеътар буда, оқилӣ, мақсаднокӣ, ҳамоҳангӣ, зебоиро дар бар мегирад.
Дуюм, дар доираи муносиботи тамаддунӣ дар замони муосир  назарияҳои матритсаи институтсионалӣ рушд карданд  ва  дар ин назария тезиси сегонаи зернизомҳои ҷамъият - иқтисод, сиёсат ва идеология эътироф шудааст, ки дар натиҷаи ҳамкории онҳо ягонагӣ ва тамомияти ҷомеа таъмин карда шуда, шароити муҳим барои рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам мегардад. Вобаста ба ин назария, дар адабиёти илми иқтисод маҷмӯи гуногуни институтсионалӣ, ки ҳаёти ҷомеаҳо ва давлатҳои муосирро танзим мекунанд, ду навъи матритсаи институтсионалиро фарқгузорӣ мекунанд.
Сеюм, дар мавриди таъсиси созмонҳои минтақавию байналмилалии дилхоҳ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва қабули қарор доир ба шомил шудани давлатҳо ба он, бешубҳа, принсипи ратсионализми иқтисодӣ риоя мегардад. Зеро, барои таъсиси созмонҳои байналмилалӣ ва шомил шудан ба он хароҷот талаб мешавад. Модоме ки хароҷот талаб шуд, пас бардошти манфиат аз он низ ҳисоб ва бузургии он бояд аз харҷ баланд бошад. Дар замони муосир барои шомил шудан ба Созмони ҳамкории Шанхай бисёр кишварҳои Осиёву Шарқ ихтиёр намудаанд, пас ин ҳавасмандӣ худ далели бардошти манфиатҳои иқтисодиест, ки дарки онҳо аз самараи синергетикии баланди ин созмон гувоҳӣ медиҳад. Тоҷикистони азизи мо аз рӯзи аввали ташкили ин созмон иштирокчӣ ва ташаббускори  фаъол буд ва мемонад, ки дар ин саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. 
Чорум, дар Хартаи СҲШ (дар моддаи 1) ҳадафҳо ва вазифаҳо мушаххас гардидаанд, ки амалигардии онҳо, пеш аз ҳама, самараҳои иқтисодии хеле баландро барои ҳар давлати аъзо меорад. Масалан, мустаҳкам намудани эътимоди тарафайн, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек миёни давлатҳои аъзо, рушди ҳамкориҳои бисёрҷабҳа бо мақсади таъмини пойдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар қаламрави созмон хидмат менамояд.
Муқовимати шарикӣ алайҳи терроризм, ҳаракатҳои ҷудоиангезӣ ва экстремистӣ дар тамоми шакли зуҳури онҳо, мубориза зидди гардиши маводи мухаддир, аслиҳа ва дигар фаъолияти ҷиноятӣ, ки муаммои глобалӣ меҳисобанд, маҳз дар натиҷаи фаъолияти шарикӣ неру мегирад, иқтидори захиравии муборизаҳоро бар зидди ин зуҳуроти номатлуб баланд менамояд.  Ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои самаранок дар самти  иқтисодиву тиҷоратӣ, экологӣ, фарҳангӣ, илмиву техникӣ, маориф, энергетикӣ, нақлиётӣ, молиявӣ, қарзӣ ва дигар соҳаҳо, ки аз манфиати умум бармеоянд, омили мустақим ва шароити муҳими рушди иқтисодии кишварҳои аъзо маҳсуб мешавад. 
Ҳамин тариқ, ҳарчанд СҲШ дар ибтидо бо мақсади ҳифзи якҷояи сарҳадоти давлатҳои аъзо таъсис ёфта бошад ҳам, нахуст фаъолияти он самти иқтисодӣ дошт. Ҳанӯз дар вохӯрии соли 1998, ки дар Алмаато баргузор шуда буд, сарвазирони давлатҳои аъзо масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии минтақавиро мавриди баррасӣ қарор дода, миёни ҳукуматҳои давлатҳои аъзо дар бораи ҳадафҳои асосӣ, самтҳои ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва равандҳо доир ба эҷод намудани шароити мусоид дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ меморандум қабул карданд. Моҳи майи соли 1999 дар Шанхай ҷаласаи аввали вазирони иқтисод ва савдои давлатҳои аъзо баргузор гардида, ба таҳияи механизмҳои амалии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ шурӯъ намуданд. Моҳи сентябри соли 2003 сарварони ҳукуматҳои давлатҳои аъзо Барномаи ҳамкориҳои бисёртарафаи иқтисодиву тиҷоратиро барои 20 сол ба имзо расонданд. Таъсиси минтақаҳои  савдои озод дар СҲШ ба сифати ҳадафҳои дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми ҳаракати молҳо дар минтақа ба сифати ҳадафи кӯтоҳмуддати барнома қарор гирифт. Ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, телекоммуникатсия, ҳифзи муҳити зист, дар барнома дарҷ ёфта, нақшаи амал дар рушди ҳамкориҳо ба имзо расид ва имрӯз натиҷаҳои судманди худро барои тамоми давлатҳои аъзо овардааст.  
Панҷум. Муҳимтарин дастоварде, ки дар доираи созмон рӯи кор омад, эҳё шудани Роҳи бузурги абрешим мебошад. Аз тарафи давлати Чин оид ба зарурати таъсиси камарбанди Роҳи абрешим ва таҳияи лоиҳаи «Як камарбанд - як роҳ» дар ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳо, ки  соли 2015 дар Уфа баргузор гардид, пешниҳод шуда буд. Дар ин ҷаласа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба кушодани «камарбанди иқтисодӣ» - и Роҳи абрешимро арзишманд пазируфта чунин зикр карда буданд: «Омодагии худро дар саҳмгузорӣ дар ташаккули «камарбанди иқтисодӣ» - и Роҳи абрешим хеле муҳим мепиндорем. Дар он мо иқтидори бузургро барои густариш додани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар қаламрави СҲШ мебинем». 
Дар ҳақиқат, Роҳи бузурги абрешим, хатсайри он, ки дар рӯйхати ЮНЕСКО қайд гардидааст, ба туфайли таъсису рушди Созмони ҳамкории Шанхай эҳё шуд. Ҳадаф аз ин, на танҳо як эҳёи Роҳи бузурги абрешим, балки густариши он мутобиқи талаботи замони муосир ва лоиҳаи бузурги минтақавӣ мебошад, ки дар худ ташаккули шабакаи нави коммуникатсиониву нақлиётиро дар бар гирифта, барои фаъол гардондани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои Осиёву Аврупо ва Африқо равона шудааст. Таъсиси камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим, таҳияи барномаи «Як камарбанд- як роҳ» ба ин панҷ поя ва ё принсипҳои бунёдиву консептуалӣ асос мегирад: инфрасохтори ягона, ризоияти сиёсӣ, муносибатҳои асъориву молиявӣ, алоқаҳои тиҷоратӣ, муоширати фарҳангӣ. Амалигардонии ин принсипҳо ба ҳамкориҳои фарогир мусоидат намуда, эътимоди миёни кишварҳои аъзоро мустаҳкам месозад ва барои рушди мамолики минтақа роҳҳои навро мекушояд. 
Дар замони муосир нуфузу муҳимияти Созмони ҳамкории Шанхай афзуда истодааст. Раванди ҷаҳонишавӣ, тезу тунд шудани рақобат дар бозори ҷаҳонӣ, такмили сохтори тақсимоти меҳнат, бахусус, тақсимоти технологии меҳнатро дар қаламрави ин созмон тақозо менамояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2021    №: 69    Мутолиа карданд: 70
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед