logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАЪРИХ

То кунун, возеҳтараш то нимаи соли 2006, аксар сокинони мамлакат дар бораи фарзонамард, яке аз бунёдгарон – саромадони давлати тоҷикон дар асри ХХ Шириншоҳ Шоҳтемур маълумоти казоие надоштанд. Таваҷҷуҳи аҳли назар пас аз ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27 июни соли 2006 дар бораи ба Шириншоҳ Шоҳтемур додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон афзун гашт.
Аз он рӯз ба баъд муаррихон, рӯзноманигорон афроди огаҳ ба иншои матолиб аз ҳаёту фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур рақам заданд. Ин раванд дар арафаи ҷашнгирии 100 - солагии қаҳрамон (1999) маҷрои тоза касб кард. Аз миёни аҳли қалам журналисти шинохтаи тоҷик Қурбон Аламшоев дар таҳқиқи рӯзгори Ш. Шоҳтемур пешгомтар аст. Мавсуф дар пажӯҳиши рӯзгору фаъолияти пурталотуми Қаҳрамони Тоҷикистон кӯшиши зиёде ба харҷ дод. 
Сарфи назар аз ин ҳама, ҳоло ҳам бисёриҳо аз ҳаёти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур огаҳии хуб надоранд. Аз ин нуқтаи назар инҷониб шарҳи мухтасари тарҷумаи ҳоли мавсуфро мураттаб намудам. Дар ин кор, аслан, аз тарҷумаи ҳоли аз ҷониби худи Шириншоҳ Шоҳтемур иншошуда аз 1 июни соли 1937, тавзеҳи муҳаққиқи варзида Қурбон Аламшоев ва матолиби таҳти назар аз расонаҳо мавриди истифода қарор дода шуд. Инак, шарҳи ҳоли Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемурро тавассути Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ҳаводорону муштариёни рӯзнома пешниҳод менамоем.   Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1899 дар деҳаи Поршиневи волости Шуғнони Помири ғарбӣ, дар оилаи барзгар ба дунё омадааст. Ҳашт ё нуҳсола буд, ки аз падару модар маҳрум монд.
То 12 – солагӣ дар назди бародараш зист. Дар ҳамин давра, соли 1911 ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ – маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал таъсис ёфта буд, дохил шуд. Ба гуфтаи худаш 4 сол дар интернати давлати Русия хондааст. Зимистон дар мактаб мехонду тобистон дар назди сардори отряди Помир кор мекард, гулҳоро об медод. Аз 14 – солагӣ бо меҳнати хеш худро таъмин месохт.
Соли 1914 дар синни 15 – солагӣ интернатро хатм намуда, бо штабс – капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин аз Помир ба шаҳри Тошканд омад. Ӯ дар роҳ ба штабс– капитан хидмат мекард. Шириншоҳ 4 моҳ, аз 25 август то декабри соли 1914 дар хонаи Топорнин вазифаи пешхизмат ва дарбониро ба ҷо меовард.
Аз моҳи декабри 1914 то моҳи майи соли 1915 дар омӯзишгоҳи 8 – уми русӣ – маҳаллии шаҳри Тошканд чун фаррош хизмат намуда, ҳамзамон, дар назди мудири омӯзишгоҳ Апполон Петрович Радугин, ки дар уезди Тошканд муҳосиби завод буд, таълим мегирифт.
Аз 1 майи соли 1915 таҳсилро мавқуф гузошта, то моҳи августи ҳамон сол мардикори заводи Иванов (Бешоғоч), аз 11 август то 30 сентябри соли 1916 вагонбар ва кондуктори трамваи шаҳри Тошканд буд. Аз моҳи октябри соли 1916 то январи 1917 дар артели Матвеев ба ҳайси бағочдеҳи поезди боркаши роҳи оҳан кор кард.
Аз январи соли 1917 то моҳи август боз дар назди ҳамон муаллим (Апполон Радугин) барои дохил шудан ба курсҳои дусолаи педагогӣ омодагӣ дид. 26 август имтиҳони чор синфи хатмкардаашро супурда, дар синни 18 – солагӣ ба курси якум дохил шуд. Соли 1917 омӯзишгоҳи мазкур баста шуд.
Ӯ маҷбур гашт, ки аз моҳи сентябр ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд дохил шавад. Баъди як моҳ – октябри соли 1917 вай Инқилоби Октябрро дар ҳамин ҷо пешвоз гирифт. То ба он маврид ӯ дар бораи сотсиализм, муборизаи синфӣ ва ғайра тасаввурот надошт. Аз моҳи январи соли 1921 узви Ҳизби Коммунист шуд. Рақами билети аъзогиаш 539289 (баъди ивазшавӣ 0830934) буд. 
Дар семинария то соли 1921 таҳсил намуд. Дар давраи шӯравӣ (аз соли 1919) семинария номи дигар – шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ – педагогӣ унвон гирифт. Баъди хатми ин мактаб, моҳи майи соли 1921 дар ҳайати 500 нафар «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ – и Туркистон ба шаҳри Қӯқанди Фарғона ва аз он ҷо ба Комитети тақсимоти (развёрсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристонда шуда, дар развёрсткаи озуқавории волости Дилварзин иштирок дошт. 
Баъди 2,5 сол – 10 июл ӯро бо телеграммаи Турк – Цик ба шаҳри Тошканд даъват намуда, ба сифати корманди масъул аз узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ: Алексей Михайлович Дяков, Ҳаққул Ҳусейнбоев ва Шириншоҳ Шоҳтемур 18 июл ба Помир (Бадахшони Кӯҳистон) сафарбар намуданд.
«Соли 1922. Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистӣ – болшевикии Туркистон дар қатори комиссияи сегонаи ҳарбӣ – сиёсӣ рафиқ Шириншоҳ Шоҳтемурро ба Помир фиристоданд. Вай дар ин ҷо аввал чун раиси Кумитаи инқилобӣ ва пас аз рафтани рафиқ М. Дяков чун раиси сегонаи ҳарбӣ – сиёсӣ ба фаъолият пардохт.
Ман он вақт 10 – сола будам. Рӯзе шунидем, ки Шириншоҳ Шоҳтемур аз қишлоқи Бувед духтари амаки Алимададшо – Ҳуснибегимро ба занӣ мегирад. Ман ҳамроҳи модаркалонам ба тӯйи онҳо рафтам…» (Аз нақли Шакармамад Назаров, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.  «Ҷумҳурият», 9.12.2020, №236).
Шириншоҳ Шоҳтемур солҳои 1921 – 1922 узви сегонаи мазкур ва аз моҳи октябри 1922 сардори он буд. Моҳи августи соли 1923 ҳангоми расидан ба шаҳри Тошканд, бо назардошти он ки солҳои 1921 – 1923 дар Помир буд, бо Туркистон алоқааш канда шуда, аз комиссияи тозакунии ҳизб нагузашт ва худ ба худ узвияташ бекор шуд. 
Моҳи августи соли 1923 Ш. Шоҳтемур бо дархост ва маводҳои зарурӣ ба комиссияи ҳизбии сарҳадии фронти Туркистон муроҷиат кард. Моҳи декабри соли 1923 Ш. Шоҳтемур ба воситаи комиссияи назоратии Туркистон аз комиссияи назоратии Мос-ква нусхаи фармонро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи узвияти ҳизбии худ аз соли 1921 гирифт. Аз 1 октябри соли 1923 то 5 августи 1924 корманди бойгонии назди котиботи Совети Комиссарони Халқи Республикаи Туркистон, аз 5 августи 1923 то ноябри ҳамин сол инструктори кишоварзии шуъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шуъбаи ташвиқ ва тарғиби КМ ҲК Туркистон буд. 
Ш. Шоҳтемур то тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар шаҳри Тошканд кор кард. Баъди тақсимот узви бюрои ҲК Тоҷикистон таъйин гардида, ба шаҳри Душанбе фиристода шуд.
Аз моҳи ноябри соли 1924 корманди Инс-пексияи коргару деҳқони Тоҷикистон, намояндаи Комиссариати халқии инспексияи коргару деҳқони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон буда, дар комиссияҳои гуногуни ҳизбӣ оид ба масъалаҳои ҳархела дар мавзеъҳои гуногун иштирок намуд.
Соли 1925, 9 моҳ (270 рӯз) дар навоҳии Кӯлоб, дар ҳайати комиссия оид ба муҳофизати аҳолӣ аз босмачиён ширкат варзид. Аз моҳи декабри соли 1926 то августи 1927 сардори ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар Самарқанд буд.
Аз соли 1927 то 1929 дар Университети меҳнаткашони Шарқи ба номи рафиқ Иосиф Виссарионович Сталини шаҳри Москва таҳсил кард. Донишгоҳро хатм накарда, ӯро ғоибона котиби масъули комитети ҳизбии вилояти Тоҷикистон, сипас котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон интихоб намуданд. Соли 1932 Ш. Шоҳтемурро барои хондан ба Инс-титути профессураи сурхи шаҳри Москва фиристоданд. Тамом кардани ин институт низ ба ҷавонмард муяссар нагашт.
Охири соли 1933 бо тавсияи КМ ВКП (б) боз ба Тоҷикистон даъват шуда, раиси КИМ-и РСС Тоҷикистон интихоб гардид ва то соли 1937 дар ин вазифа кор кард.
Аз соли 1925 Ш. Шоҳтемур узви КИМ-и СССР, аз соли 1935 узви Президиуми он, аъзои бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон, иштирокчии анҷуманҳои XVI ва ХVII ВКП (б), чандин иҷлосияҳои Совети Олии СССР буд.
Ш. Шоҳтемур бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 2 писар: Шириншоҳ ва Рустам. Ҳамсараш Киселёва Александра Михайловна (Шура) инструктори комитети партиявии шаҳри Душанбе буд. Аҳли оилаи қаҳрамон то соли 1937 дар хонаи ҳукуматии шаҳри Сталинобод мезистанд.
Шириншоҳ Шоҳтемурро 9 июли соли 1937 дар шаҳри Москва ба ҳабс гирифтанд. Як рӯз қабл аз ин воқеа, дар ҳамин ҷо Нусратулло Махсум – ҳамсаф ва аввалин Раиси КИМ – и РСС Тоҷикистонро ба маҳбас бурда буданд.
Ш. Шоҳтемурро чун «миллатчӣ» 27 октябри соли 1937 ва чор рӯз пас «миллатчӣ»-и дигар Нусратулло Махсумро низ парронданд. Онҳо дар гӯристони умумии Донской (шаҳри Москва) мадфунанд. Ҳамсари қаҳрамон Александра Киселёва соли 1944 дар шаҳри Москва вафот кард.
27 июни соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Бори нахуст, 46 сол муқаддам, соли 1975 ва баъд 1976 дар бораи ҳаёт ва фаъ-олияти раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур спектаклҳои «Ситораи умед», «Телеграмма ба Ленин» (Ғанӣ Абдулло ва Абдусалом Атобоев) ба тамошогарон пешниҳод гардид. Баъдан, намоишҳои Муҳаммадҷон Рабиев «Шамшери бурро» (1981), Ато Мирхоҷа «Давлати баргашта» (1999), Қурбон Аламшоев ва Умед Хисравов «Дурахши ахтар» ва «Қурбонӣ» (2019) аз рӯзгори Шоҳтемур эҷод шудаанд. 
 
Умар АЛӢ, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2021    №: 69    Мутолиа карданд: 74
14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед