Хабарҳо
ФУТБОЛ
Тоҷикбача дар дастаи испанӣ бозӣ мекунад
Амадонӣ Камалов, футболбози мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон корномаи футболбозиашро дар бошгоҳи «Райо Махадаонда» (Испания), ки дар мусобиқоти Сегунде Б ширкат меварзад, идома медиҳад.
Бояд гуфт, ки ӯ соле қабл дар дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ мекард.
ЛИГАИ ОЛӢ
"Хуҷанд" дар садри ҷадвал
Дар бозии охири даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ «Истаравшан» дар майдонаш «Равшан»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд, - хабар доданд аз Лигаи футболи кишвар.
Голи ғалабаоварро Аббос Икромов (дақиқаи 26) зад.
Натиҷаи бозиҳои боқимонда:
«Хуҷанд» – «Душанбе» – 4:1,
«Файзканд» – КМВА – 1:0,
«Эсхата» – «Хатлон» – 1:1.
Ҳамин тавр, тими «Хуҷанд» баъд аз анҷоми даври аввал дар ҷадвали чемпионат мақоми якумро касб мекунад.
Дар даври дуюми чемпионати кишвар «Истиқлол» – «Душанбе», «Хатлон» – «Хуҷанд», КМВА – «Эсхата» (10 апрел) «Равшан» – «Файзканд» ва «Кӯктош» – «Истаравшан» (11 апрел) миёни ҳам неру месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар иртибот ба ширкати тими «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – 2021, бозиҳои даста дар оғози мавсими нав мавқуф гузошта шуда, баъди бозгашти даста аз Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд.
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020
ҶХДК аз ширкат дар ин мусобиқот даст кашид
Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея сабаби даст кашиданашро аз иштирок дар ин мусобиқоти бонуфуз ба пандемияи коронавирус рабт додааст.
Бар пояи изҳороти Ҳукумати ин кишвар, ҶХДК мехоҳад бинобар вазъияти ташвишовар дар соҳаи тандурустии ҷаҳон бар асари пандемияи COVID – 19 саломатии варзишгаронашро ҳифз кунад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 114