Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Газета. Uz. Соли 2020 Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон 4 амалиёти террористиро пешгирӣ намуданд, ки тибқи нақша, дутои он мебоист дар ин кишвар ва боқимонда дар дигар давлатҳои ИДМ сурат гирад. Соли гузашта, инчунин, фаъолияти 67 гурӯҳи ғайриқонунӣ қатъ гардида, аз онҳо 594 яроқ мусодира шуд.
Мир24. Қирғизистон барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба конститутсия ба раъйпурсии халқӣ, ки 11 апрел баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Агар шаҳрвандони кишвар ба воридсозии тағйирот дар қонуни асосӣ овоз диҳанд, сохти ҷумҳурӣ президентӣ хоҳад шуд.
ТАСС. Бино ба пешгӯии вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен, иқтисодиёти мамлакат бо суръати баланд пеш хоҳад рафт ва соли оянда барқарор мегардад.
Мир24. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров изҳор намуд, ки Ҳиндустон метавонад таъминкунандаи калидии ваксинаи «Спутник V» дар бозори ҷаҳонӣ гардад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 121