Хабарҳо
Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»
ТАСС. СММ дар маҷмӯъ, вазифаҳояшро оид ба танзими низоъҳо дар дунё муваффақона иҷро менамояд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Россия Сергй Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи покистонии The News International изҳор намуд.
«Чун 75 сол қабл, СММ дар олам ниҳоде мебошад, ки ҳалли масъалаҳои мубрамро бар дӯш мегирад ва Шӯрои амнияти он масъулияти асосиро ҷиҳати нигоҳдории сулҳи байналмилалӣ ва амният ба уҳда дорад,-гуфт ӯ. - Сарфи назар аз даъватҳои гуногун, СММ дар маҷмӯъ, вазифаҳои хешро оид ба танзими низоъҳо муваффақона ба иҷро мерасонад».
- Барои мисол, метавонам бештар аз даҳҳо амалиёти сулҳхоҳонаро, ки дар гӯшаҳои гуногуни рӯи Замин роҳандозӣ намудааст, ёдовар шавам. Ҳатто, дар пасманзари мушкилоти марбут ба пандемияи коронавирус, ходимони созмон сарбаландона аз уҳдаи иҷрои қарзи хеш мебароянд, - афзуд вазир.
Президенти Қазоқистон бо ваксинаи истеҳсоли худӣ эм шуд
Котиби матбуоти Президенти Қазоқистон Берик Уали дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар додааст, ки Роҳбари давлат Қосим-Жомарт Токаев бо ваксинаи «Спутник V», ки дар корхонаи фарматсевтии Қарағанда истеҳсол гардидааст, эм шуд.
Ба гуфтаи котиби матбуот, президент бовар дорад, ки танҳо бо роҳи воякӯбӣ метавон ба масунияти дастаҷамъӣ даст ёфта, бар коронавирус ғолиб омад ва ҳамаи маҳдудиятҳоро бардошта, зиндагии муқаррарии шаҳрвандонро барқарор намуд.
- Сарвари давлат бори дигар аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки дар фурсати мусоид худро эм кунанд. Ин ягона роҳест, ки худ ва наздиконатонро аз сироятёбӣ эмин медоред, - тавзеҳ дод котиби матбуот.
Арабистони Саудӣ қабули зоиронро зиёд мекунад
«Интерфакс». Ар-Риёз зоиронеро, ки аз коронавирус эм кардаанд, иҷозат медиҳад, то дар моҳи Рамазон аз ҷойҳои муқаддас дидан намоянд, - хабар медиҳад Вазорат оид ба корҳои ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ.
Онҳое, ки мехоҳанд иҷозатнома бигиранд, бояд бо ду вояи ваксина эм шуда бошанд.
Ашхосе, ки ният доранд ҳаҷҷи Умраро адо намоянд ё барои ибодат ва дидани ҷойҳои муқаддас раванд, бояд ба қайд гирифта шаванд.
Бино ба тасмими ҳукуматдорон, моҳи Рамазон бояд қабули зиёраткунандагон дар масҷиди Макка зиёд шавад.
Дар олам теъдоди сироятёфтагон аз коронавирус меафзояд
Лента ру. Соз-мони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи афзоиши ҳолатҳои марговар аз сирояти коронавирус хабар дод. Чунин маълумот дар бюллетени ҳарҳафтаинаи эпидемиологии ташкилот баён мегардад.
Мувофиқи маълумоти СҶТ, ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон теъдоди ҳалокшудагон аз ин беморӣ 11 дарсад афзуда, ба 71 ҳазор нафар расид. Дар ҳамин ҳол созмон ҳафтаи шашум аст, ки зиёдшавии сироятшудагонро ба ин беморӣ ба қайд мегирад. Дар ҳафт рӯзи охир ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус 4 миллион нафарро ташкил дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 117