Хабарҳо
МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ
Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ аз 5 апрели соли равон намоиши «Мисгарӣ — бозгӯи рамзҳо, эътиқод ва анъанаҳои мардумӣ» оғоз ёфт, ки то аввали моҳи май идома меёбад.
Дар доираи эълон доштани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор намудани намоиши мазкур хеле ба маврид аст. Ҳангоми боздид аз ин намоишгоҳ таъкид гардид, ки дар таърихи фаъолияти Осорхонаи миллӣ ин бори нахуст аст, ки чунин як намоиши бузург ва конфронси илмӣ оид ба мисгарӣ баргузор мегардад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии осорхона Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, намоиш бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яқубов, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Усмонзода, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав сурат гирифт.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 зарфи мисии мунаққаш, аз қабили лаълӣ, табақ, чойник, офтоба, кӯза, коса, обгир, рангдон, зермон, дастшӯй, обрез, шамъдон ва дигар намудҳои ҳунари мисгарӣ марбут ба давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд. Экспозитсияи мазкур бори нахуст ба намоиш гузошта шуда, дорои аҳамияти муҳими таърихист. Он далолат бар ин мекунад, ки миллати тамаддунофари тоҷик аз қарнҳои дури таърих пешаи ҳунармандӣ доштаанд.
Дар як гӯшаи намоиш аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллӣ ба иштирокчиён раванди мавриди тармиму таҳким қарор гирифтани сиккаҳо ва дигар зарфҳои мисӣ нишон дода шуд. Таъкид гардид, ки аввалин экспонати вориди осорхонагашта, ин офтобаи мисин мебошад.
- Шурӯъ аз соли нав ҳамаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, то имрӯз зиёда аз 10 чорабинӣ баргузор гаштааст. Дар нақша аст, ки то 30 – солагии Истиқлолият даҳҳо чорабинии илмӣ ва амалӣ баргузор гардад, - ёдрас намуд, Фаридун Кенҷаев.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 145