logo

номаҳо

САХОВАТПЕША. АЗ РӮЗГОРИ РАҶАБАЛӢ РАҶАБОВ

Мо, пештар сокини  ноҳияи Муъминобод, Раҷабалӣ Раҷабовро ҳамчун  яке аз  соҳибкорони асил мешинохтем. Он кас дар се – чор соли охир дар маркази ноҳияи Муъминобод ба дарозии 1500 метр роҳро мумфарш, Маркази тиҷоратии «Шамс» дорои қариб 100 ҷои кориро бунёд намуд. Барои 400 адад хоҷагиҳои кӯчаҳои А. Партоев, Ҷ. Балхӣ ҳам оби полизӣ, ҳам оби нӯшокӣ кашида бурд. Ба камбизоатон, тарбиятгирандагони мактаб – интернати ятимону бепарасторони ноҳия пайваста ёрию мадади пулӣ, молӣ ва ғизоӣ мерасонад.
Ӯ ба 15 нафар маъюб, барҷомондагон, бекасон қариб ба ҳаҷми 16 ҳазор сомонӣ сӯзишвории ройгон дод. Ғайр аз ин акаи Раҷабалӣ мақсад гузоштааст, ки дар деҳаи Хиргоҳтарош барои талабаҳои ин деҳа ва деҳаҳои Кубунён, Метукдара, ки ба масофаи 4 – 5 километр дурӣ ба мактаби дигар рафта мехонанд бинои мактаби нуҳсола созад. Барои боғи навбунёди фарҳангу истироҳатии  ноҳия, ки имрӯз ба номи «Пешвои миллат» гузошта шудааст ройгон об кашида бурд. Бунёди фермаҳои чорводорӣ, асппарварӣ, бедонаю мурғи марҷонпарварӣ, боғҳои нав ва дигар амалҳои неку шоистаи созандагии Раҷабалӣ зери ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Вақте ӯро  моҳи июни соли 2020 директори муассисаи хоҷагии ҷангали Муъминобод таъйин карданд, дар соҳаи мо тағийроту навигариҳои зиёде ба амал омаданд. Ғайрату кордонӣ, ташкилотчигии ин роҳбари нав моро ба кор дилгармтар кард. Дар маҳаллаи М. Турсунзода пули нақлиётгузар сохт, ки ҳам барои рафтуомади воситаҳои техникии хоҷагии ҷангал ва ҳам барои сокинони гирду атроф мусоид мебошад. Дар поёни боғи хоҷагии ҷангал, наздики  деҳаи Шаҳри нави поён ба масофаи 180 метр атрофи  боғро панҷарабандӣ намуд. Имконият фароҳам овард, ки ба қисми ҳарбии минтақаи Восеъ барои корҳои таъмириашон ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонда шавад.  На танҳо нақшаҳои истеҳсолӣ иҷро, балки ҳолати ҳифзу нигоҳубини набототу ҳайвоноти хоҷагӣ беҳтар шудан гирифт. Ҳангоми сафари кориашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур дод, ки шинондан, сабзиш ва нигоҳубини хучро ба роҳ монанд. Ин дастурро директори нави хоҷагии ҷангал нахустин шуда дар амал ҷорӣ карда истодааст. Ният ҳаст, ки майдони ниҳолзори хуч ба 10 гектар расонда шавад.
Ба истиқболи  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пеши мо  нақша, мақсад, нияту вазифаҳои калон гузошта шудаанд. Боварӣ ҳаст, ки зери роҳбарии ин мутахасиси кордон ҳамаи нақшаҳо пурра ва барзиёд иҷро мешаванд. 
 
Расул ФАЙЗОВ, Каримхон АСРОРОВ, 
Усмон ШАРИФОВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2021    №: 75    Мутолиа карданд: 1230
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед