logo

номаҳо

КАЙ ҲАҚ БА ҲАҚДОР МЕРАСАД?

Аз соли 2015 бо соҳибкор Абдуҷалол Шокиров ҳамкорӣ доштем. Ӯ ҳамчун директори ҶДММ «Синч» дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ба сохтмони бинои истиқоматии 5 ошёна шурӯъ кард. Ман барои соҳиби манзили истиқоматӣ шудан ба ӯ 200 000 сомонӣ дода, баробари ин, аз аввали сохтмони бино то анҷоми он бемузд кор кардаам. Музди меҳнатам ҳам барои хариди хона ҳисоб мешуд. 
Баъд аз анҷоми пурраи сохтмони бино, тибқи аҳдномаи пешакӣ бастаамон ҳисоб кардем, ки ман бояд бар ивази маблағҳои супурдаам ва ҳиссаи гузоштаам (музди меҳнат) як манзили сеҳуҷрадор дар ошёнаи 5 ва як манзили якҳуҷрадор дар ошёнаи якумро соҳиб шавам. Соли 2017 сохтмони бино пурра ба анҷом расид. Ҳамон сол ҳуҷраҳои худро, ки дар асоси шартномаи хариду фурӯш (саҳомӣ) тартиб дода шудааст, соҳиб шуда, пурра таъмир намудам ва бо аҳли оилаам дар онҳо сокин шудем. Баъд аз соҳиби хона шудан, як муддат барои кор ба Федератсияи Россия рафтам. А. Шокиров ба мо ваъда дод, ки баъд аз анҷоми расмиёт ва ҳуҷҷатгузории бинои мазкур, ҳуҷраҳои моро низ ҳуҷҷатгузорӣ менамояд. 
Замоне, ки дар Россия будам А. Шокиров бо ман дар тамос шуда, гуфт ки барои аз комиссияи давлатӣ гузарондани бино бояд корҳои рангубор анҷом дода шаванд. Аз ин рӯ, аз ман даъват кард, ки омада дар анҷоми ин корҳо ёрӣ расонам. Моҳи августи соли 2019 аз Россия омада, дар муддати 2 моҳ корҳои заруриро анҷом додем…
Замони ба расмиёт даровардан ва ҳуҷҷатгузории ҳуҷраҳо маро фиреб дода, ҳуҷраҳои ба ман мансуббударо ба нафарони дигар фурӯхта, ба номашон ҳуҷҷатгузорӣ кардааст. Дар пайи ин амал ман барои соҳиб гаштан ба ҳуҷраҳои худ 4 феврали соли 2020 ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо аризаи даъвогӣ барои эътироф намудани харидори бовиҷдон муроҷиат кардам. Мутассифона, суд даъвои маро рад кард. Аз ин рӯ, ман бо шикояти назоратӣ ба суди шаҳри Душанбе муроҷиат намудам. Раёсати суди шаҳри Душанбе 7 декабри соли 2020 дар асоси шикояти ман, ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомониро бекор кард. Баъд аз ин, ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ариза оид ба «ҳолатҳои нав ошкоргардида», муроҷиат кардам. Вале суд ба ҷойи баррасии аризаи ман, қарор дар бораи аз манзили истиқоматӣ кӯчондани маро ба иҷрочиёни суд содир кард. Аз чи бошад, ки иҷрочиёни суд ҳам барои иҷрои ин қарор шитоб ва моро дар фасли зимистон аз хонаамон берун карданд.
Албатта, намешавад, дар бораи ҳамаи он чи ки гузашт муфассал нақл кард. Аммо ҳаминро бояд гуфт, ки дар заминаи талошҳои минбаъдаи ман барои ҳимояи ҳуқуқи худ, ҳамаи ҳуҷҷатҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастовардаи А. Шокиров ва «харидорони хонаи ман» бекор карда шуд.
Ҳоло бар асоси таъйинотӣ ахири суд, бояд онҳо хонаҳоямро баргардонанд. Вале, бо вуҷуди он ки ҳуҷҷатҳои онҳо аз тарафи суд бекор шудаву айни ҳол манзилҳои ба ман тааллуқдошта бе расмиёт ва дар ҳабси судӣ мебошанд, онҳо ин хонаҳои баҳсиро ғайриқонунӣ ба фурӯш гузоштаанд.
Акнун ман бояд чи кор кунам. Бо нашри ин матлабам дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» мехоҳам, то ин масъала ба гӯши мақомоти дахлдор бирасад ва ҳаққи маро ба ман баргардонанд. 
 
Ҳусейн ДАВЛАТОВ, 
сокини шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2021    №: 78    Мутолиа карданд: 2028
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед