logo

номаҳо

АРЗИ СИПОС

Санаи 19 апрели соли равон, тахминан соатҳои 18:02 дақиқа, шаҳрванд Шабнам Сафарова, истиқоматкунандаи шаҳри Норак, аз Душанбе ба шаҳри Бохтар барои тамошо омада, дар натиҷаи беаҳамиятӣ ба канали обгузари Ҷайҳун афтод. 
Ҳамин вақт ман дар наздикӣ қарор доштам. Барои наҷот додани ғарқшаванда дарҳол вориди канал шуда, ба тарафи ӯ шино намудам. Дар натиҷа, бо заҳматҳои зиёд Ш. Сафароваро аз дохили об берун бароварда, ёрии аввалини тиббӣ расондам. Аз ин ҳодиса кормандони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабардор гардида, ба таври фаврӣ ба дастгоҳи марказии кумита гузориш доданд.  
Санаи 26 апрел дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён маҷлис баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник С. Исозода ва раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ширкат варзиданд. Ҳама ҳайрон будем. Вале зуд маълум шуд, ки сабаби ба донишкадаи мо ташриф овардани онҳо ба ман аз номи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал – лейтенант Рустам  Назарзода супурдани медали «Ҳамкорӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ» ва Ифтихорномаи раиси шаҳри Бохтар  будааст. 
Вақте номамро гирифта, дар ҳаққам суханҳои нек гуфтанду ин амалро шуҷоат ном бурданд, дар хиҷолат мондам. Зеро ман қаҳрамоние накардаам, ҳар касе дар ҷои ман мебуд, ҳамин корро мекард...  
Мехостам тариқи рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» арзи сипоси худро ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант Р. Назарзода расонам. Ҳамчунин, ташаккур ба раёсати кумита дар вилояти Хатлон, ки пайваста машғулият гузаронда, моро барои дуруст амал намудан дар ҳолатҳои фавқулода омода месозад. 
 
Зафари НУРАЛӢ, 
донишҷӯи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар 
ноҳияи Кӯшониён, истиқоматкунандаи деҳаи Гулистони 
Ҷамоати  деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2021    №: 97    Мутолиа карданд: 3647
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед