logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Мусодираи беш аз 1,5 тонна маводи нашъаовар дар ним сол
Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 695 кило маводи нашъаовар мусодира шуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда беш аз 43 дарсад ё ним тонна зиёд буда, 819 килои онро кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва 662 килои боқимондаро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мусодира намудаанд.
- Бо вуҷуди коҳиш ёфтани ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ дар шаш моҳ, афзоиши ҳаҷми мусодираи бангдона ва ҳашиш ба мушоҳида мерасад, ки дар ин давра 1 тоннаву 380 килоро ташкил медиҳад. Кормандони агентӣ бошанд, дар ин давра зиёда аз 200 кило маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карданд, - гуфт Ҳ. Воҳидзода.
Директори агентӣ ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» дар бораи натиҷаи санҷишҳои дорухонаҳо ва муассисаҳои табобатӣ – профилактикӣ гуфт, ки давоми ним сол 41 санҷиш гузаронда шуда, камбудиҳо ошкор ва масъулон барои бартараф кардани онҳо масъул шуданд. Ҳамзамон, дар натиҷаи камбудиҳои ошкоршуда дар ин самт 3 парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани айбдоршавандаҳо ба суд ирсол гардид.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ПАЛАТАИ ҲИСОБ
97 дарсади зарари молиявӣ барқарор гардид
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 142 чорабинии аудиторӣ гузаронда, ба маблағи 83,2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян намуд.
Ин нуктаро Аҳмадзода Файзалӣ, муовини раиси Палатаи ҳисоб, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт. 
Ба гуфтаи ӯ, оид ба бартараф кардани камбудию норасоиҳои ошкоргардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, товони зарари молиявӣ ба маблағи 80,8 миллион сомонӣ, аз ҷумла 54,2 миллион сомонӣ ба буҷет ва 26,6 миллион сомонӣ ба корхонаҳо барқарор шуд, ки 97 дарсади маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад. 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ
Ҳадаф муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаъол гардондани муносибатҳои корӣ бо роҳбарон ва намояндагони палатаҳои давлатҳои хориҷӣ, сафоратҳо, ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону тоҷирони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарон ва кормандони палатаҳои марказӣ ва вилоятӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 63 вохӯрӣ гузаронда, дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо дар ташкили 8 бизнес - форуми доираҳои соҳибкорӣ, 21 конференсияву семинар ва 13 мизи мудаввар мусоидат намуд. 
Дар ин бора Насимҷон Анваров, муовини якуми раиси палата зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.  
Зикр гардид, ки дар ин давра тибқи дархости вазорату идораҳо Палатаи савдо ва саноат дар ташкил ва баргузории 12 намоишгоҳ мусоидат кард. Барои шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони ҳамкор бо мусоидати палата 30 соҳибкори ватанӣ бевосита ва 350 соҳибкор ба таври онлайн аз намоишгоҳҳои хориҷӣ дидан намуданд.
Аз ҷумла, дар доираи ҷашни 30 - солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  Ассотсиатсияи “Маркази тиҷоратии рушди иқтисодии ИДМ” бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар якҷоягӣ бо шарикон Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои узви ИДМ “ИДМ-30” - ро баргузор намуд. Дар доираи форум Намоишгоҳи «ЭКСПО ИДМ» доир шуд. Палата иштироки шаш ширкати пешрафтаи кишвар – ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “САТН”, “БИСОТ”, “НАСИМ”, “Фабрикаи қаннодии АМИРӢ”, ҶСП “Евро-Азия-2005” ва ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - ро дар ин намоишгоҳ манзур дошт, ки Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 107290 сомонӣ ҷарима шуданд
Ба иттилои Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои кумита дар бозорҳои истеъмолӣ 570 016 ташхис гузаронда шуд.  
Дар натиҷа маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯнабуда, аз қабили 2389,7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 8682 кг (литр) ширӣ, 899 литр равғани рустанӣ, 12850 дона тухми паранда, 454 кг моҳӣ, 242 кг асал, 3250,6 кг маҳсулоти намакин, 4527 кг меваи хушк, 82747,8 кг меваю сабзавот ва 14 633 кг полизӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян ва аз фурӯш гирифта шуданд. 
Дар ин давра, барои вайрон кардани қоидаҳои карантини рустанӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 174 парванда тартиб дода шуд ва онҳо ба маблағи 107290 сомонӣ ҷарима пардохтанд.  
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ДТТ
Ихтисоси «Зеҳни сунъӣ» кушода мешавад
- Айни замон се барномаи таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома мебошад. Дипломи хатмкардагони ин барномаҳои таълимӣ дар кишварҳои Аврупо пазируфта мешавад. Инчунин, бо назардошти таъмини рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишгоҳ барои кушодани ихтисоси «Зеҳни сунъӣ» тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро тайёр ва барои гирифтани иҷозатнома ба Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод намудааст, - афзуд Маҳмуд Тошматов, муовини аввали ректори донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ. 
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи гузашта ҳайати омӯзгорон соҳиби 2 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба 3 натиҷаи мусбат оид ба гирифтани патент ноил гардиданд.
 - Ҳоло барои дарёфти 3 патент дархост ба Маркази миллии патенту иттилоот ирсол шудааст, ки аз он 2 – тоаш барои гирифтани патенти Авруосиёӣ мебошад. Дар ин давра бо ташаббуси маркази технологияи иттилоотиву коммуникатсионии Тоҷикистону Кореяи назди ДТТ семинари онлайнӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ дар мавзӯи «COVID-19 ва нақши IT технологияҳо» бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ аз Ҷумҳурии Корея ва Водии силикони ИМА баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 40 донишҷӯ ва омӯзгор иштирок намуданд, - иттилоъ дод Маҳмуд Тошматов.
Нигина РАҲМОН,  «Ҷумҳурият»
 
 
 
ВАКОЛАТДОР 
Теъдоди муроҷиатҳои ҳалшуда афзуд
Дар нисолаи аввали соли 2021 дар дастгоҳи марказӣ, намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1088 муроҷиат (227 хаттӣ, 851 шифоҳӣ, 6 электронӣ ва 4 телефонӣ) сабт шудааст. Дар ин бора Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар иртибот ба муроҷиатҳои ба таври мусбат ҳал гардида, номбурда чунин ҷавоб дод: «Аз муроҷиатҳои дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баррасишуда 37-тои он (17 хаттӣ ва 20 шифоҳӣ) мусбат ҳал шуданд. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 21 адад зиёд мебошад».
М. МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият» 
 
 
 
БЕНЗИН
Воридот кам - нарх баланд
Дар нимсолаи якуми соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 112,4 ҳазор тонна бензин ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 ҳазор тонна кам аст. Воридкунандагони бензин дар ҷумҳурӣ 29 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад. 
Ин рақам зимни нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ манзури рӯзноманигорон гашт. Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми сардори хадамот, иброз дошт, ки нархи миёнаи воридоти бензин моҳҳои январ - июни соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда, дар маҷмӯъ, 29,7 дарсад баланд гардид. Арзиши фурӯши чаканаи бензин то 12 июни соли равон дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 8,70 – 9,50 сомониро ташкил медиҳад. 
- Хадамоти зиддиинҳисорӣ фаъолиятро дар самти рушди соҳибкорӣ ва рақобат, инчунин, пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ тақвият бахшида, якҷо  бо дигар мақомоти давлатӣ барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори мамлакат ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд, - гуфт С. Қурбонзода.
Кароматулло АТО,  «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ
Дар як ҳафта 30 парвоз анҷом меёбад
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ба 56 ҳазору 812 мусофир хизмат расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҳазору 137 нафар зиёд аст. Тариқи фурудгоҳ дар як ҳафта 30 парвоз ба хатсайрҳои муайяншуда анҷом меёбад. Инчунин, дар ин давра 310 парвози чартерӣ сурат гирифтааст, - иттилоъ дод Нуралӣ Ҳомидзода, роҳбари фурудгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ.
Мавсуф гуфт, ки дар ин давра 22 парвоз ба таъхир монд, ки 1 ҳолат ба номусоидии боду ҳаво, 20 ҳолат дер мондани ҳавопаймо ва 1 ҳолат қатъ гардидани парвоз мебошад. Аз ҷониби масъулони Хадамоти бехатарии авиатсионӣ 61 нафар бо гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир ва 14 нафар ба шуъбаи корҳои дохилӣ супорида шуд. Аз ҷониби мутасаддиёни хадамот 27 мусофир, ки мехостанд ашёҳои дар тайёра мамнӯъро ворид кунанд, ошкор гардида, аз онҳо 21 адад ашёҳои халандаю буранда, 15 литр равған ва 340 грамм моддаҳои заҳрдори кимиёвии зидди ҳашарот мусодира карда шуд.  
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Деҳаҳои навбунёд барқ надоранд
Дар минтақаи Кӯлоб 101 деҳаи навбунёд бо хати неруи барқ таъмин нест. Ҷамъоварии ҳақи истифодаи барқ дар шаш моҳи аввали соли равон 82 миллиону 806 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дар ин давра 2829 ҳолати дуздии барқ ошкор ва аз ин ҳисоб 2 миллиону 708 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардида, то ҳол 763 ҳазору 591 сомонӣ рӯёнда шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақа 46 ҳазору 286 пояи фарсуда мавҷуд буда, 430 пояи чӯбӣ ба бетонӣ иваз, инчунин 32 трансформатори корношоям барқарор шудааст.
Дар ин бора, Ғайратшо Маҳмуродзода, директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Кӯлоб», зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.  
Зикр шуд, ки муассисаи равшандиҳии шаҳр 868 ҳазор, беморхонаи вилоятии №2 - юм 856 ҳазор, маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар шаҳр 48 ҳазор ва маркази табобати бемориҳои дил дар минтақаи Кӯлоб 72 ҳазор сомонии қарзи барқро напардохтаанд.  
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 513
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед