logo

иқтисод

ҚУБОДИЁН ДАР МАСИРИ БУНЁДКОРИҲО

Ноҳияи Қубодиён аз файзи Истиқлолияти давлатӣ пайваста дар рушду шукуфтанҳост. Тарзи зиндагӣ аз пештар беҳтар гашта, барои фаъолияти сокинон дар доираи имкониятҳо шароитҳои мувофиқ муҳайё мешаванд. Ин аст, ки заҳмати мардуми сарбаланд самараи дилхоҳ ба бор меоварад, ки натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ мисоли равшани ин гуфтаҳоянд. 
 
РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ АСОСИ УСТУВОРИИ ҶОМЕА
Пешрафти иқтисодиёт калиди ҳамаи музаффариятҳост. Бо дарки ҳамин воқеият ниҳодҳои иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ ба гунае заҳмат кашида, ба як қатор комёбиҳои меҳнатӣ ноил шуданд. Чунончи, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 694,9 миллион сомонӣ расонда шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз ё ин ки 63,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 32,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 103 дарсад таъмин шуд, ки ин аз нақша 986,6 ҳазор сомонӣ афзун аст. Иҷрои нақшаи андозҳои маҳаллӣ 100 фоиз таъмин гашта, ба буҷет 19,2 миллион  сомонӣ ворид гардид, нақшаи пардохти маблағҳои андози иҷтимоии аҳолии ноҳия 107 фоиз, аз ҷумла андози иҷтимоии буҷетӣ 100 дарсад ва ғайрибуҷетӣ 118 фоиз, таъмин ва ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 14,2 миллион  сомонӣ ворид шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли 2021 бақияпулиҳои андозҳо 4,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли равон қарзи андозҳо 436,2 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла андоз 845,6 ҳазор сомонӣ кам ва андози иҷтимоӣ 409,4 ҳазор сомонӣ, зиёд шудааст. Дар ин давра маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 15,5 миллион сомонӣ ва буҷети вилоятӣ 3,1 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 94,4 фоиз иҷро гардида, нақшаи нимсолаи аввали соли равон 40 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷрои он 37,8 миллион сомонӣ таъмин шудааст. 
 
САРМОЯГУЗОРӢ – КАЛИДИ КОМЁБИҲО
Дар ноҳияи Қубодиён шаш лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 2,6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони ноҳия се лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба бунёди корхонаҳои дӯзандагӣ, моҳипарварӣ ва парандапарварӣ таҳия шуда, барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён  аз 104  лоиҳа ба маблағи 234,5 миллион сомонӣ иборат буда, аз он 35 лоиҳа ба маблағи 76,1 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 52 лоиҳа ба маблағи 133,6 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ ва 17 лоиҳа ба  маблағи 24,8 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор тааллуқ доранд. Ба ҳолати 1 июли соли 2021 ҳамагӣ шаш лоиҳа ба маблағи 62,9 миллион сомонӣ ё ин ки 26,8 фоиз аз арзиши умумии барнома амалӣ гардида, чор лоиҳа дар марҳилаи амалишавӣ қарор дошта, 94 лоиҳа иҷро нагардидааст. Дар ин давра дар соҳаи кишоварзӣ як лоиҳа, яъне ташкили фермаи парандапарварӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи У. Назаров, дар соҳаи маориф як лоиҳа – сохтмони мактаб- парваришгоҳ дар Ҷамоати деҳоти 20 - солагии Истиқлол, дар соҳаи тандурустӣ ду лоиҳа тибқи созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, манзур сохтмони маҷмаи тиббӣ барои 200 кат ва маркази саломатии ноҳия, инчунин, ҷиҳозондани онҳо бо таҷҳизоти муосири  тиббӣ, дар бахши инфрасохтор як лоиҳа, яъне корҳо оид ба роҳ мондани сабзкорӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва солимнигоҳдории аҳолӣ иҷро шудааст. 
 
КИШОВАРЗӢ ДАР ҲАЛЛИ СТРАТЕГИЯИ ОЗУҚАВОРӢ НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАД
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 434,8 миллион сомонӣ ё ин ки 109,2 фоиз, аз ҷумла дар соҳаҳои рустанипарварӣ 110,6 фоиз, чорводорӣ 101,7 фоизро дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил дода, 36,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 17 ҳазору 210 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, аз ҷумла ғалладона ва лӯбиёгиҳо 5 ҳазору 46 гектар, гандум 4 ҳазору 307, ҷав 14,9, шолӣ 221, ҷуворимакка барои дон 326 гектар ва ҳоказо мебошад. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 6 ҳазору 654 гектар, аз ҷумла дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3 ҳазору 82 гектар ва дар бахши аҳолӣ 3 ҳазору 572 гектар, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 20 ҳазору 643 тонна ғалладона, 7 ҳазору 804 тонна картошка, 47 ҳазору 577 тонна сабзавот, 16 ҳазору 846 тонна полизӣ, 3 ҳазору 471 тонна мева, 766 тонна ангур, 7 ҳазору 553 воҳиди хӯроки чорво, 1 ҳазору 918 тонна гӯшт, 6 ҳазору 750 тонна шир, 1 миллиону 105 ҳазор  дона тухм, 149 тонна пашм, 24 тонна пилла  ва 12 тонна асал истеҳсол шудаанд. Дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 5 ҳазору 200 тонна тасдиқ гардида, дар арафаи иҷрошавист. 
Айни ҳол ҳолати мелиоративии 625 гектар замини корами обии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бинобар сабаби норасоии оби полизӣ ва баландшавии оби зеризаминӣ беҳбудиро тақозо менамояд.
 
ҚУБОДИЁН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ САЙЁҲОН 
Ноҳия ҳамчун мавзеи сайёҳӣ бо бозёфтҳои нодиру қадимаи «Тахти сангин», «Қалъаи Мир», «Теппаи Шоҳ», «Тахти Қубод», «Сафедмазор», «Хуштармулло»,  «Куҳандиз» ва чандин ёдгориҳои беназир аз таърихи куҳани Қубодиён шаҳодат дода, ба ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамоянд. Дар ин росто дар давраи ҳисоботӣ 3520 нафар, аз ҷумла 20 шаҳрванди хориҷӣ, аз осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия дидан намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бинобар таъсири пандемияи коронавирус 55 нафар кам мебошад.
Ҳоло дар доираи имкониятҳои мавҷуда бунёди иншоот ва инфрасохтори дахлдор дар шафати роҳҳои аҳамияти сайёҳидошта аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бомаром ҷараён дорад.
 
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ
Ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо иборат аз 128 банд тасдиқ гардида, то ин муддат 104 фоиз таъмин гашт, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншооти иловашуда бомаром идома меёбанд.  
Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ таъмири ҷории 91 километр роҳ, сохтмону таъмири деворҳои кӯчаҳо – 26 километр, сохтмони ҷӯйборҳои обгузар – 3,2 ҳазор метр, насби фурӯзонакҳо – 6 ҳазор адад, таъмиру ободонии 41 оромгоҳ, тоза кардани ҷӯйборҳои обгузар – 47 километр, насби шиору овезаҳо– 144  адад, сохтмони 30 пули автомобилу пиёдагард, таъмиру сохтмони 138 иншооти ҷашнӣ, тоза кардани 60 километр заҳбуру заҳкашҳо иҷро, 272 ҳазор бех гул, 20,2 ҳазор ниҳол шинонда, 15 ҳазор метри мураббаъ сабзкорӣ карда шуданд. Дар маҷмуъ, маблағи умумии корҳои баанҷомрасида бо саҳмгузории аҳолӣ ва соҳибкорон зиёда аз 19 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба ғайр аз ин, бо назардошти дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2030 бунёди 43 муассисаи томактабӣ, 33 толор ва 34 майдончаи варзишӣ пешбинӣ гардида, то ин муддат 6 майдонча ва 3 толори варзиш мавриди истифода қарор гирифт, корҳои сохтмонӣ дар ду муассисаи томактабӣ ҷараён доранд.
Ҳамзамон, бо ҷалби аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳалла, рангубори девору атрофи хона, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо идома ёфта, дар назди биноҳои ташкилоту муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ гулҳои ороишӣ шинонда, ҳар ваҷаб замин сабзазор карда мешавад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2021    №: 165    Мутолиа карданд: 1331
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед