logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №133  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи навбунёди таълимӣ оғоз бахшида шуд.
Мавриди зикр аст, ки мактаби замонавии бошукӯҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндаи миллат аз тарафи соҳибкори ватанӣ - директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷурахонов, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуд. Муассисаи таълимӣ аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 - ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи замонавии таълимӣ дорои 68 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, астрономия, табиатшиносӣ, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Барои омӯзгорон ва хонандагоне, ки имконияташон маҳдуд аст, лифти замонавӣ насб гардидааст. Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳӣ асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуданд, ки барои дар амал гузарондани таҷрибаҳои гуногун хонандагон аз онҳо босамар истифода мебаранд. Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар гарданд.
Дар синфхонаҳои барҳавои таълими меҳнат, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, хонандагон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибоси миллиро омӯхта, бо роҳнамоии омӯзгорон таомҳои гуногун омода менамоянд. Барои дӯстдорону алоқамандони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонда мешаванд, ташкил гардидааст. Дар умум, дар аксари синфхонаҳои таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ, мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133 дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт санги асос гузошта буданд. Он рӯз ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои 7 мактаби нав дар ҳудуди шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд, ки муассисаҳои таълимӣ барои 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133 дар ноҳияи Сино аз ҷумлаи иншооти мазкур буда, дар муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода супурда шуд. Акнун, хонандагон бо истифода аз муосиртарин шароити илму ҳунаромӯзӣ дар ин таълимгоҳи боҳашамати замонавӣ таҳсил мекунанд.
Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимӣ толори бошукӯҳи варзишӣ сохта шудааст. Дар толор, асосан, бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол гузаронда мешаванд. Ҳамчунин, дар саҳни муассиса майдончаи муосири варзишӣ низ бунёд гардидааст, ки хонандагон дар он ба бозии футбол машғул мешаванд. Бо мақсади ташкил ва баргузор кардани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 220 ҷойи нишаст сохта шудааст. Маҷлисгоҳ бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона ҳаст, ки барои 200 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст ва дар он барои таълимгирандагон ғизоҳои гарму болаззат омода мегарданд. Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 60 нафар омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд.
Ҳадаф аз бунёд ва дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба истифода супурдани боз як муассисаи нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рушди соҳаи маориф ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмдӯстӣ мебошад. Саҳн ва атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ сабзу хуррам буда, дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароитҳои муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои саҳм гузоштан дар раванди ободонию созандагӣ ва бунёди мактаби муосири бошукӯҳ изҳори сипос карданд.
Дар ҳамин ҷо соҳибкори ватанӣ иқдом гирифт, ки боз як муассисаи нави таълимӣ барои 2400 нафар хонанда дар ду баст дар шаҳри Душанбе дар давоми се сол сохта ба истифода медиҳад.
 
 
Бунёди хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони  ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе
1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дода, бо тарбиятгирандагони он суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Бинои хобгоҳ барои 375 нафар дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гашт.
Иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2019 дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид.
Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар хонаҳои ёрирасон иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошад. Иншоот дорои лифти замонавист.
Дар ҳар ҳуҷраи хобгоҳ барои бошандагон рахтҳои хоб, ҷойи шустушӯйи бадан ва дигар шароити зарурӣ муҳайё буда, бино бо тамоми қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла камераҳои назоратӣ, таъмин мебошад. Хобгоҳ дорои нуқтаи махсуси гармидиҳист, ки дар фасли зимистон гармии тамоми ҳуҷраҳоро таъмин мекунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хобгоҳи нав, бо 500 нафар тарбиятгирандаи муассисаҳои интернатии шаҳри Душанбе суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, оид ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа андеша ронданд.
Сарвари давлат тарбиятгирандагонро ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози Соли нави хониш таҳният гуфта, ифтитоҳи бинои хобгоҳи мактаб-интернатро дар ин рӯзҳои ҷашнӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба насли ояндасози миллат маънидод карданд.
Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷойгоҳ ва мавқеи хос буда, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва кору зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои судманду самарабахш андешида мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба муносибати оғози Соли нави хониш ба ҳар тарбиятгиранда сарулибоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва шириниҳо тақдим карда, онҳоро ба таҳсили хубу интизоми намунавӣ роҳнамоӣ намуданд.
Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” таъсис ёфта буд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, шароити таҳсилу тарбия ва будубоши тарбиятгирандагон дар он бо дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтару хубтар гардида, бо саҳми соҳибкори ватанӣ тамоми биноҳои он таъмиру азнавсозӣ шудааст. Ин муассисаи таълимӣ барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 459 хонанда ба таҳсили ҳамаҷониба фаро гирифта шудааст, ки 41 нафари он ятими кулл мебошад.
Дар мактаб-интернат 74 нафар омӯзгору мураббиён бо маълумоти олии касбӣ фаъолият менамоянд.
Тамоми синфхонаҳои муассиса бо аёнияту воситаҳои таълимӣ таъмин буда, насли наврас дар асоси роҳнамоиҳои Сарвари ятимпарвари мамлакат ба донишомӯзӣ машғул мебошанд.
Барои ҷалби тарбиятгирандагони муассисаи таълимӣ ба намудҳои гуногуни варзиш ва солимгардонӣ дар ҳудуди мактаб-интернат майдончаҳои замонавии варзишӣ низ бунёд шудаанд.
Атрофи бинои хобгоҳи навро дар доираи иқдомҳои созанда ободу зебо карда, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинондаанд. Ҳамзамон, барои таъмини истироҳати хубу бофароғати тарбиятгирандагон, назди хобгоҳ бо ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонаҳои кӯдакона зинат ёфтааст, нишастгоҳҳо ва як фаввораи зебо гузоштаанд.
Рӯшноии бино ва атрофи онро шабона чароғҳои гуногуни равшанидиҳанда таъмин менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконоти муосири хобгоҳи муассиса, ба соҳибкори ватандӯст Маҳмудҷон Муродов барои дастгирӣ аз сиёсати созанда ва иҷтимоии роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар, иқдомҳои башардӯстона ва анҷом додани корҳои хайр изҳори сипос карданд.
Соҳибкори ватанӣ иқдом гирифт, ки боз як муассисаи таълимӣ барои 3500 нафар хонанда дар ду бастро дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода медиҳад.
 
 
Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи № 4  барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт
1 сентябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи боҳашамати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабораторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузарондани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, бо омӯзгорону хонандагони муассисаи наву замонавӣ суҳбати самимӣ анҷом доданд.
 Гуфта шуд, ки таълиму тарбия дар Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ ба роҳ монда шуда, барои тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, тамоми синфхонаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Бояд гуфт, ки омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил ба гимназияи мазкур танҳо дар асоси озмун қабул карда мешаванд.
Дар муассисаи таълимии нав таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи забономӯзӣ зоҳир гардида, синфхонаҳои алоҳидаи омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва чинӣ ташкил гардидааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо усули лингафонӣ роҳандозӣ шуда, дар тамоми синфхонаҳое, ки барои забономӯзӣ пешбинӣ гардидаанд, дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудаанд.
Ҳамчунин, синфхонаи компютерии гимназия 200 компютер дошта, барои хуб омӯхтани таҷҳизоти мазкур қисмҳои иловагӣ ва тахтаҳои электронӣ насб гаштаанд.
Китобхонаи замонавии гимназия бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои хонандагон толори алоҳидаи китобхонаи электронӣ ташкил гардидааст, ки ба ин васила толибилмон ба адабиёти ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ба хотири омӯзиши касбу ҳунар, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат оид ба коркарди чӯб ва металл ташкил гардида, духтарон дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз нозукиҳои дӯзандагӣ ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Айни замон, дар таълимгоҳ маҳфилҳои драмавӣ, хореографӣ, омодасозии либосҳои замонавӣ, санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ низ фаъоланд. Гимназия дорои синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаи алоҳидаи омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи равоншиносӣ, як толори калони маҷлисӣ бо 460 ҷой, як толори хурди маҷлисӣ ва ошхона бо 590 нишастгоҳ мебошад.
Баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, як толори калони варзишӣ, ду толори гимнастикӣ барои писарон ва духтарон бунёд ёфтаанд. Дар ҳудуди муассиса се майдонча барои бозиҳои гуногуни варзишӣ ташкил гардидааст ва онҳо имконият медиҳанд, ки дар ин ҷо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронда шаванд. Гирду атроф ва намои берунаи муассисаи таълимӣ бо назардошти санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, дар саҳни он барои сайру гашт ва фароғати таълимгирандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. 
Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санъати баланд бунёд ёфта, аз лиҳози масоҳат ва фарогирии хонандагон калонтарин муассисаи таълимӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Ифтитоҳи муассисаи таълимии мазкур туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наврасон ба ҳисоб рафта, аз рушди тадриҷии соҳаи маориф дар пойтахт башорат медиҳад. Дар маҷмуъ, дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар пойтахт бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба он боис гардид, ки марҳила ба марҳила масъалаи таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст ҳал гардида, талаботи афзояндаи аҳолӣ қонеъ карда шавад. Дар ин баробар, шарту шароит ва имкониятҳои таҳсил низ дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегарданд.
Танҳо имрӯз дар пойтахти мамлакат бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 6 муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла бинои нави Донишгоҳи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №133, хобгоҳ барои тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1, Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат” ва дар алоҳидагӣ бо иштироки раиси шаҳри Душанбе кӯдакистон ва Литсейи “Адолат”, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки натиҷаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳа мебошад. Аз ҷумла, сохтмони Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати муосиру замонавӣ намудани имкониятҳои таълим анҷом ёфта, хонандагон ба Пешвои муаззами миллат барои ғамхории доимиашон нисбат ба наврасону ҷавонон изҳори миннатдорӣ карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандону масъулони соҳа дастур доданд, ки назорати сифати таълимро дар муассисаи нав ҷиддӣ ба роҳ монда, наврасони босаводу соҳибмалакаро ба воя расонанд.
Пас аз ифтитоҳи таълимгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯён сухан ронданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро бо оғози соли нави таҳсил ва ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри Душанбе табрику таҳният гуфтанд.
Дар идомаи суханронӣ Пешвои муаззами миллат оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии толибилмону ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос изҳори андеша карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2021    №: 174    Мутолиа карданд: 420
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед