logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО

Таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ оид ба рафти иҷрои Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 3 апрели соли 2021, № 101 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ва қарори  раиси вилоят аз 3 майи соли 2021, №143 оид ба ин масъала баргузор гардид.
Котиби Ситоди вилоятӣ Тоҷиддин Исматов зикр кард, ки ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳо нақшаи чорабиниҳо оид ба захираи маводи зарурӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум, бухорӣ, дудкаш, сӯзишвории дизелӣ, рег, сабзавоту мева, хошоки дурушту ширадор, таъмир ва барқарорсозии фермаҳо, кашарҳо, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳо, ҷамъоварии маблағҳои барқу газ, хизматрасонии коммуналӣ, ташкили нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишту гази моеъ ва дигар маводи зарурии соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ тасдиқ гардида, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳо барои иҷро ирсол гардидааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба хароҷоти маблағҳои буҷетӣ барои хариди маводи гармидиҳӣ (ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ) дар соҳаҳои маориф 9 миллиону 718,9 ҳазор сомонӣ ва тандурустӣ 1 миллиону 126,1 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. 
С. Лутфуллоев, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят, иттилоъ дод, ки ба ҳолати 3 августи соли ҷорӣ, ҷиҳати таъмиру омода намудани муассисаҳои соҳа ба соли таҳсили  2021-2022 аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории гуногун, аз ҷумла дар доираи буҷети маҳаллӣ ба миқдори 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, кумитаи падару модарон 5 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сарпарастон 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф гардид, аз 1359 муассисаи таълимӣ 594 адад пурра аз таъмир бароварда шуд, дар 765 - тойи боқимонда таъмир идома дорад. 
Дар  соҳаи тандурустӣ 621,1 тонна ангишт, 2126 метри мукааб ҳезум, 23,5 тонна сӯзишвории дизелӣ, 282 метри мураббаъ шишабандӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ захираи ангишт дар шаҳри Левакант, ноҳияҳои Ёвон, Муъминобод, Балҷувон 100 фоиз, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 192 фоиз, захираи ҳезум дар шаҳри Левакант, ноҳияҳои Ёвон, Муъминобод 100 фоиз, сӯзишвории дизелӣ дар шаҳри Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Темурмалик 100 фоиз таъмин гардид.
Дар муассисаҳои давлатии идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят барои зимистонгузаронӣ ҷамъан 14068 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 31 тонна ангишт, 167 метри мукааб ҳезум, 44300 литр сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол аз 163 техникаи муассиса 156 ададаш дар ҳолати корӣ қарор дорад. 
Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, ба ҳолати 5 августи соли ҷорӣ, захираи хошок 799,8 ҳазор тонна (88%), хӯроки ширадор 5,6 ҳазор тонна (12,1%) иҷро гардидааст, ки ба ҳар сар чорвои шартӣ 15,2-сентнерӣ воҳиди хӯрока рост меояд.
Муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ба масъулони раёсатҳои маориф ва тандурустии вилоят дастур дод, ки хариди ангиштро бо сифати хуб ва нархи дастрас аз конҳои ангишти ҷумҳурӣ то 1 октябри соли ҷорӣ ба роҳ монда, иҷрои нақшаро таъмин намоянд. Ҳамчунин, таъмири муассисаҳои худро сифатнок анҷом дода, маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷет, кумитаи падару модарон ва сарпарастон барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва соҳаи тандурустӣ истифода мешаванд, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
 
Зокир ҲАСАН, 
«Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 429
17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲОҶИРАТ

ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БМТ

06.09.2021


БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ

03.09.2021


Шумораи махсуси маҷаллаи “Business Central Asia” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

«ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАНЗИМИ МАСЪАЛАИ АФҒОНИСТОН»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед