logo

иҷтимоиёт

БЕҲТАРИН ГАНҶИ ИНСОНӢ

Бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб эълон шуд. Инак, ба ин иқдоми таърихӣ 14 сол пур мешавад. Маҳз 14 сол пеш Сарвари давлат бо гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллӣ ин рӯзи мубораку хуҷастаро эълон карданд. Дар зимни он изҳор  доштанд, ки «дар марҳилаи нави таърихӣ суннати қадимаи китобдориву китобхонии мо ба сурати тоза ва мазмуну муҳтавои нав идома пайдо кард».
Бо бунёди ин китобхонаи бузург, ки назираш дар солҳои пешин вуҷуд надошт, мардум, шаҳрвандони кишвар дар афзудани хазинаи китобии он саҳми чашмрас гирифтанд. Ин, албатта, бо самимияту муҳаббат ва қаноатмандиву хушҳолӣ гувоҳи эҳтироми хосса доштан ба китобу китобхонӣ ва китобхонаи миллат буд.
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо дар асрҳои рафта ба китоб, навиштани он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард. Китоб моро ба рӯзгори пешиниёни бонангу номусамон, қаҳрамониҳои онҳо ошно месозад. Метавон садҳо мисол овард ва низ ин ҳама дар китобҳо сабт шуда, ки миллати мо барои ҳифзи китобҳо дар душвортарин лаҳзаҳо ҷони худро сипар намуд. Дар ҷойе, ки дармонданд ва эҳсоси нотавонӣ карданд, бо он китобҳо як умр сӯхтанд ва барояшон гиристанд. Ҳама чиз нарх дошт, аммо китоб нарх надошт, баски бебаҳо буд.
Беҳтарин мерос аз гузаштагон ва ҳам он ки аз дори дунё реҳлат мекард, китоб маҳсуб мешуд. Ба воситаи сухан, сухани дар китоб дарҷгардида бақои худро дармеёфтанд. Изҳор медоштанд, ки «сухан то дар ҷаҳон боқист, аз маъдумӣ, яъне нестӣ, озодам». Ва низ: - «Хат дар варақи даҳр бимонад сад сол; Бечора нависанда, ки дар хок шавад». Китобро аниси кунҷи танҳоӣ низ хондаанд ва воқеан, беҳтарин анис мебошад.
Китоб раҳнамо ва беҳтарин омӯзгор ҳам ҳаст. Барҳақ изҳор доштаанд: - «Китоб барои ҷавонон роҳнамоест, ки онҳоро ба тарафи шарофат ва фазилат мекашонад».
Китоб ҳаргиз куҳна намешавад. Агар билфарз ин ҳақиқатро напазирем, китоби куҳнаро барои хондан муфидтар донистанд. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ имрӯз ҳам бо осори гаронбаҳои худ куҳна нест, нав аст ва низ дар ин рӯзгор омӯзгори башарият. Мегӯяд:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Садои ӯ, каломи ӯ агарчи аз қаъри асрҳо мерасад, аммо мепиндорем, ки як умр дар паҳлуи мо буд ва бо мо ҳамчунон ошно, муаллими беминнат мемонад.
Рӯдакӣ моро бо осори ҷовидонии худ беш аз ҳазор сол аст, ки зинда нигоҳ медораду шарафамон мебахшаду ифтихор.
Ин рисолати бузургро ҳар адиби асили мо шинохта ва бо таълифи китобҳои мондагорашон бо сарбаландӣ ба анҷом расондаанд.
Дар ҳақиқат, «ин нуқтаҳои сиёҳ, ки бар рӯйи авроқи китоб пароканда шуда, оинаи афкори инсонӣ аст, ки миллионҳо мардум аз хондани он истифода мекунанд».
Дар ҳар хонаи шаҳрванди асили кишвари мо китоб ҷой ва мақоми хосро дорад. Онро на танҳо барои худ, балки барои ояндагон низ ҷамъ меоварад. Тақдиму бахшиши китоб ва додани он барои мутолиа ба ҳукми беҳтарин анъана пазируфта шудааст. Ҳатто дар ин маврид мегӯянд: - «Бихон ва аз рӯйи он амал кун, шахсияти худро комил бигардон, савобаш ба мо ҳам мерасад». Дар мавриди донишмандони асилу воқеӣ изҳор медоранд: - «Дар ҳақиқат, ӯ китоби зинда аст». Хонаи бе китобро ҷисми беруҳ хондаанд.
Яке аз ҳакимон таъкид медорад, ки бояд мутолиаро дар радифи заруриёти зиндагӣ ба шумор оварему қарор бидиҳем. Дар ҳақиқат, руҳ низ монанди ҷисм гурусна мемонад ва хостори ғизо мешавад. Ин ғизо ғизои маънавӣ мебошад, яъне, ба василаи мутолиа аз ин гуруснагӣ метавон раҳоӣ ёфт.
Бо пешрафти техника ва технологияи наву китобхонаҳои зиёди замонавӣ дастрасӣ ба китоб ва мутолиаву сабти қисматҳои алоҳидаи он басе осон шудааст. Барои мутолиа ҳама гуна имкон фароҳам мебошад, балки онро ба вуҷуд оварданд.
Масъулон бо ҳидоят ва раҳнамоии Пешвои миллат тамоми тадбирҳои заруриро андешиданд, то шавқу рағбат ва масъулияту шинохти рисолат ба китобу китобхонӣ бештару беҳтар аз пештар гардад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беҳтарин донандагону хонандагонро муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, водор сохту месозад, ки ба мутолиаи китоб, навиштани он рағбати зиёдтар пайдо бикунанд. Пешвои миллат барои ғолибону иштирокчиёни ин озмун ҳамасола маблағи зиёд ҷудо менамояд ва ба рафти баргузории одилонаи он шахсан худаш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Барои беҳтару дар сатҳи баланд доир намудани он дастуру маслиҳатҳои судбахш низ медиҳад. Ғолибони  ин озмун, ба ҷуз он ки соҳиби маблағи калони пулӣ мешаванд, ҳамзамон, аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор мегарданд. Пешвои миллат ба ин васила муваффақ шуд, ки дар баробари ҳифзу пойдорӣ ва рушду тавсеаи анъанаҳои миллиамон, миллатро сарҷамъ биёрад, ба гузаштаи пурифтихори худ ошно бисозад, то дар нигаҳдории Истиқлоли давлатӣ ва беҳтарин арзишҳо ҳар шаҳрванд масъулият эҳсос бикунаду дар рушду ободии он саҳми чашмрас бигирад.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2021    №: 175    Мутолиа карданд: 462
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед