logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ИЛМИ ФИЛОЛОГИЯ

Илми филология ё ба қавли умум суханшиносӣ, ки дар қаламрави форсизабонон бо унвони улуми адабӣ ёд мешавад, 22 шоха дорад ва аз бузургтарин дастовардҳои миллии ҳар яке аз ин мардумон, аз ҷумла халқи тоҷик, маърифат мешавад, чунки дар мазмуну муҳтавои ин улум ҳам сатҳи маънавият ва ҳам фарҳанг ва шуури зебоишинохтиву тафаккури дунёшиносии ҷомеа ва миллат  низ дар дарозои таърих аён мегардад. 
Ба андешаи дигар, таърихи зуҳур, ташаккул ва такомули улуми каломи ҳунарӣ ҷузъи муҳимтарини таърихи сиёсиву иҷтимоии таърихи тоҷикон низ ҳаст. Ба авҷи шуҳрат расидан ва гоҳо таназзул ёфтани иқтидори иҷтимоӣ ва зеҳнии мардуми тоҷик дар ҳамин силсилаи улуми адабӣ, хоссатан, дар забону адабшиносӣ ифода меёфт ва чун нек бингарем, имрӯзҳо низ маҳз вазъи адабу фарҳанг собит мекунад, ки миллат то чи андоза пешрафт карда, неруи фикриву қудрати зеҳнии хешро дар рӯёрӯйи хатари аз миён рафтани вижагиҳои миллии фарҳангӣ бар асари ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангҳои омиёнаву зиёнкори бегона нигаҳ медорад ва устувор мекунад. 
Агар ба ин меъёри таърих эътимод дошта бошем, ки кохи  фарҳанги ҳар миллате бар се поя – забону дин ва ҳофизаи таърихӣ устувор мебошад, пас, ҳамин унсури аввалӣ, яъне забон моро дар тули таърих чун як ҷомеаи бостониву иттиҳоди қавми тамаддунсоз побарҷо нигаҳ доштааст. Маҳз забон аст, ки миллат вуҷуд дорад ва адами забон гувоҳи адами ҳар қавм мебошад. Дар ин хусус таърих мисолҳои фаровон дорад. Марҳилаи тиллоӣ ва авҷи камолоти тоҷикон давраи ҳукуматдории оли Сомон буд, ки баробар бо такомули сохтори давлатдорӣ забон ҳамчун унсури асосии адабу фарҳанг нақши калидӣ дошт. Аз миёни даҳҳо аносири зинда мондани ин қавм забон нақши аввалдараҷа дошт. Хушбахтона, забон побарҷой монд ва ҳамаи сулолаҳои турктабори ҳоким аз рӯйи эҳтиёҷ забони форсии тоҷикиро ба сифати забони коргузориву давлатдорӣ пазируфтанд. Падидаи мазкур, пеш аз ҳама, рисолати таърихии адибони асримиёнагии тоҷику форсро бозгӯ месозад, ки он тавассути каломи бадеъ ва ғановати таркиби луғавии забон, бақобахшӣ ба ҳастии миллат маърифат мешавад.
Адабиёти ниҳоят бузург ва сершохаи форсии тоҷикӣ, ки дар як вақт ҳам фалсафаву сиёсат, илму ҳикмат, санъату ҳунар ва ҳам ҳувияти фарҳангии мардумро якҷо муҷассам мекард, барои аксар фарҳангу адабиётҳои дигари минтақа ҳамчун эталони эҷоди адабӣ пазируфта мешуд. Марҳилаи аз асри X то XV, ки мо онро ҳамчун давраи классикӣ ном мебарем, адабу фарҳанги форсии тоҷикӣ шукӯҳи ҷаҳонӣ дошт ва ягон қавму миллати дигаре дар минтақа набуд, ки аз ин ганҷина баҳра набардошта бошад. Адабиёти баъди қарни XV то асри XIX тоҷик низ яке аз беҳтарин адабиёти олам буд, аммо аз нигоҳи ҷуғрофиё дар ҳавзаҳои гуногуни адабӣ пароканда будани осори адабӣ ва сухансароён, имкони дар як воҳиди ҷуғрофӣ, яъне давлат мутамарказ нашудани он монеаҳои зиёдеро барои рушду такомул ба миён меовард. 
Баъди шикасту рехти зиёде таърих имкони дубора эҳё шудани шуҳрати оламгири адабу фарҳанги тоҷикро дар садаи XX фароҳам овард. Бо вуҷуди ҳазорон ҳазор сабабу иллатҳои иҷтимоӣ, маҳрум гардидани тоҷикон аз сарзаминҳои таърихияшон, дар кунҷе аз Бухорои Шарқӣ ҷой гирифтани Тоҷикистон маҳз устод Садриддин Айнӣ рисолати соҳибӣ кардани адабу фарҳанги миллиро ба ҷо овард. Дар вазъияте, ки мавҷудияти қавми ба қавли устод Айнӣ “муаззами тоҷик” саросар инкор мешуд ва ба давлати мустақил сазовор будани тоҷикон дар солҳои пуртаҳлукаи бистуми садаи XX зери суол рафта буд, маҳз устод Айнӣ дар заминаи эҳёи суннатҳои адабии миллӣ худшиносии миллии тоҷикон ва ворисияти онро таъмин намуд. 
Аввалин рисолати таърихии устод Айнӣ ҳамчун донишманди таърихи адабу фарҳанги тоҷик таълифи  “Намунаи адабиёти тоҷик” (Москва, 1926) буд, ки ин асар бо риояи принсипи ҷуғрофии дарёфти суханварони миллии асримиёнагӣ, тамаддунофар ва фарҳангсолор будани миллати тоҷикро собит намуд ва ҳамчун шиносномаи ин миллати куҳанбунёд эътироф гардид. Раванди мазкурро намояндагони дигари мактаби устод М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Р. Ҷалил, М. Миршакар, Ҳ. Юсуфӣ, П. Сулаймонӣ, Б. Раҳимзода, Ф. Ниёзӣ, М. Раҳимӣ ва дигарон идома доданд. 
Даврони шуравӣ ба рушди илми филология такони ҷиддӣ бахшид. Таъсиси донишкадаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, таълимкадаҳову донишгоҳҳо, методу усулҳои наву замонавии пажӯҳиш, ин ҳама сабаби пешрафти суннатҳои адабӣ, тарғибу дастрасгардонии мероси хаттии бостону асримиёнагӣ гардида, болоравии соҳаро таъмин намудааст. Вале, мутаассифона, мафкураи ҳокими коммунистӣ маҳдудиятҳои вижаро дар омӯзиши осори адабии асримиёнагӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ роҳандозӣ карда буд, ки он садди роҳи рушди фарҳанги миллӣ мешуд. Идеологияи шуравӣ, махсусан ба осори адабӣ – ҳунарии мазҳабӣ ва тасаввуфӣ – ирфонӣ, созиш намекард ва ин ҳолат боиси нокомил мондани омӯзишу дастрасӣ ба он осори ғановатманд гардида буд. 
Ниёзи асосии замони Истиқлоли давлатӣ густариш додани худшиносии миллӣ тариқи созмон додани конфронсу ҳамоиш ва симпозиумҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ буд. Воқеан, дар ин самт саҳми Роҳбари сиёсии кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург аст. Тавассути даҳҳо тадобири илмиву фарҳангӣ Пешвои миллат шахсияту чеҳраҳои маъруфи гузаштаву замони нави илму адабро ба ворисонашон муаррифӣ намуда, дар ташаккул ёфтани худшиносӣ ва густариши ҳофизаи таърихии онҳо саҳм гузоштанд.  Ин хидматҳои мондагори Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамон халои маънавиеро, ки ба ҷурми сиёсати собиқ замони шуравӣ пайдо шуд, пур созад.   
Забону адабиёти оламшумули мо дар давраи нав боз ҳам такмил меёбад ва он бо ғояҳои тозаю нав дар замони истиқлолияти кишвари азизамон ташаккул ва рушд мекунад. Омӯзишу таҳлили ин осори бебаҳо ба дӯши он нафаронест, ки забону адабиёт ва фарҳанги миллии хешро гиромӣ дошта, ҳифз мекунанд. 
Хушбахтона, дар айёми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зуҳури шахсияти сиёсии миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои миллӣ ҳамаҷониба амалӣ гардиданд. 
Маҳдудиятҳои мафкуравӣ хоса дар омӯзиши осори адабӣ – ҳунарӣ бартараф шуда, имкониятҳои фаровони рушду таҳаввул даст доданд. Дар ин раванд бевосита Пешвои миллат нақши калидӣ доранд. Рисолати таърихии дар ин ҷода баҷоовардаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар осори таълифнамудаашон ва ҳам дар асарҳои ба фаъолияти серсоҳаи ин чеҳраи дунёи сиёсат бахшидашуда метавон мушоҳида кард. 
Яке аз бузургтарин рисолатҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифи осори илмӣ мебошад. Далели барҷастаи ин гуфтаҳо асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих” (1996), “Аз Ориён то Сомониён” (1999), “Ориён” (2007), “Забони миллат – ҳастии миллат” (иборат аз ду китоб: китоби 1, 2016, китоби 2, 2020), “Чеҳраҳои мондагор” (2016) мебошанд, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бедорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дифои арзишҳои миллӣ бозгӯ мекунанд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” оид ба зиндагиномаву корномаи 25 тан чеҳраи таърихӣ баҳс ба миён оварда, мақоми ҳар кадоме аз ин шахсиятҳо ва рисолати таърихии онҳоро мавриди баррасии амиқ қарор додаанд. Дар асар оид ба шаш тан чеҳраҳои сиёсӣ – давлатӣ, ду тан аз саромадони адёни қавмӣ, озодихоҳон, корнома ва мақоми таърихии Паёмбари ислом (с.), даҳ тан адибони асримиёнагӣ, чаҳор тан симоҳои адабиёти давраи нави тоҷик баҳсҳо сурат гирифтаанд, ки ниҳоят муҳим ва омӯзанда мебошанд. 
Китоби мазкур маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф оид ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Муаллиф доираи васеи масъалаҳои муҳимми ба ҳастии миллат иртиботдошта, таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва чеҳраҳои баргузидаи онро ба риштаи таҳқиқ кашида, мероси пурғановати фарҳангӣ ва марҳилаҳои асосии тақдирсози таърихи гузаштаро, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз доранд, басо муфассал ба таҳқиқ гирифтаанд.  
Асари дигари Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” бо нигоҳи комилан тозаи илмӣ ба авомили инкишофу ташаккул, рушду таҳаввули забони миллӣ ва сайри таърихии он дар заминаи осори муътамаду муътабари марбути соҳа, қиёсан бо ахбори сарчашмаҳои адабию таърихии асримиёнагӣ таълиф шудааст. Чунонки аз унвони китоб бармеояд, бузургтарин рисолати таърихии баруҳдадоштаи забони ҳар миллат бақобахшӣ ба пойдорию ҳастии миллат аст. Аз тарафи дигар, дар асар таъкид мешавад, ки забони миллӣ, пеш аз ҳама, сатҳи тафаккур, ҳофизаи таърихӣ, ҷаҳонбинӣ, ормонҳои миллӣ буда, мартаба ва эътибори миллатро меафзояд. «Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст. Ин забон - забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд» (Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат.  – Душанбе, 2016). 
Дар фаҳми сиёсии Сарвари давлат забон як рукни меҳварии давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони миллӣ, шароити такмил, ғановат ва рушду таҳаввули  он ҷиддан таҷдиди назар шуда, ғамхории хоссаи Ҳукумати миллӣ ба ин сарвати бебаҳои халқ пайваста мушоҳида мешавад. Давлати соҳибистиқлоли мо дар омодасозии мутахассисони соҳибмаълумоти соҳаи филологияи тоҷик ҳамвора эътибор дода, дар як муддати кӯтоҳ чандин коллеҷҳои омӯзгорӣ, донишгоҳҳову донишкадаҳои дорои равияи филология таъсис дод, ки дар таълимгоҳҳои мазкур мутахассисони соҳаи филологияи тоҷик тайёр карда мешаванд. 
Ҳукумати соҳибистиқлоли миллӣ барои омодасозии мутахассисони соҳибунвони ҷодаи мазкур пайваста ғамхориҳо зоҳир менамояд. Аз ҷумла, ташкили Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи шуроҳои диссертатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни равияи илмҳои филологӣ, аз ҷиддитарин иқдомоти ғамхоронаи давлату Ҳукумат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аст, ки баҳри болоравии ҳамаҷонибаи соҳа комилан мусоидат мекунад. Инчунин, дар назди ҳар кадоме аз ин донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳо таъсис додани маҷаллаҳои илмии мансуб ба КОА худ далели дастгирии мутахассисони соҳа ва риштаҳои гуногуни илми филология аст. Ин худ гувоҳи он аст, ки давлат ва Ҳукумати миллӣ ба илмҳои филология ҳамчун соҳаи тафаккурсози миллат ғамхории пайваста зоҳир менамояд. 
 
Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ,
доктори илмҳои филология, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2021    №: 177    Мутолиа карданд: 414
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед