logo

иҷтимоиёт

МУЖДА. ВАҚТЕ АЗ ОЗОДӢ ПАЙҒОМ ОМАД...

Вақт аҷаб тезгузар аст. Гӯё дирӯз буд, ки ба мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда расондем. Он замон дар радио кор мекардам ва нахустин шуда ин паёмро тавассути ҳамин расона манзури шунавандагон намудем.
9 сентябри соли 1991 (рӯзи душанбе) дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистон даъват шуда буд. Ба ҳайси мухбири парлумонии радиои «Тоҷикистон» чун одат, аллакай, соати 7:30 дақиқа сарфи назар аз он ки ҷаласа соати 10:00 шуруъ мешуд, дар бинои Шурои Олӣ будам. То оғози ҷаласа бо вакилон аз манотиқи гуногун доир ба вазъи кунунии кишвар, дурнамо ва бартараф кардани мухолифатҳо суҳбат мекардам. Он рӯзҳо вазъият дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Душанбе, муташанниҷ буд. Вакилон изҳори умед мекарданд, ки  албатта, дар муҳлати наздиктарин оромӣ дар кишвар барқарор хоҳад шуд. Бо анҷом додани чанд мусоҳиба бо депутатҳо аз тез гузаштани вақт ҳам бехабар мондем. Ва бо садои «Ба толор дароед!»-и масъулон  фаҳмидем, ки иҷлосия ба кори худ шуруъ мекунад. 
Вакилон рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистонро тасдиқ карданд, миёни масоили баррасишаванда ду масъалаи муҳим буд: вазъи ноороми шаҳри Душанбе ва эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Баъди муҳокимаи роҳҳои ба эътидол овардани вазъи муташанниҷи пойтахт депутатҳо ба баррасии  масъалаи  муҳими  таърихию сиёсӣ – эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Ин мавзуъ моҳҳои охир вирди забони мардуми Иттиҳоди Шуравӣ буд. Зеро, ҷумҳуриҳои назди Балтик аз ҳама пеш аз марҳамати сиёсати ошкорбаёниву шаффофи горбочёвӣ истифода бурда, ҷумҳуриҳои хешро соҳибистиқлол эълом карда буданд. Дар Осиёи Марказӣ бошад, Ҷумҳурии Узбекистон аз мо пештар 1 сентябр соҳибистиқлолии худро эълом дошт. Аз ин рӯ, вакилони халқ яке бо ҳаяҷону дигаре бо эҳтиёткорӣ мафҳуми «истиқлолият»-ро ба забон меоварданд, вале ин истиқлолиятро ғолибан дар дохили Иттиҳоди Шуравӣ тасаввур мекарданд. Қисме аз вакилон мегуфтанд, дигар пеши маҷрои азими дигаргуниҳои сиёсии Иттиҳоди Шуравиро наметавон гирифт ва зарур аст, ки пули миллӣ, Артиши миллӣ, ҳамзамон, эълон шавад. Танҳо бо овоздиҳии аксар қарор оид ба эълон кардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба тасвиб расид, ва дар кори иҷлосия танаффуси нисфирӯзӣ эълон шуд. 
Ба соат нигаристам, ки ақрабак 12:20-ро нишон медод, зуд репортер (таҷҳизот)-и сабти овозро сари китф кардаму роҳ пеш гирифтам сӯйи хонаи радио то сари вақт дар барномаи «Ахбор»-и соати 13:00 ин муждаи таърихиро ба аҳолии ҷумҳурӣ расонам. Чун ба идораи ахбор омадам, то оғози барнома 15 дақиқа монда буд. Раҳматшо Додихудоев, сармуҳаррир, тасмими маро, ки бояд аз студияи мустақими радио ин хабарро ба мардум расонам, ҷонибдорӣ карду аз директори радиои Тоҷикистон Мансур Султонов иҷоза гирифт. 
Ровии навбатдори радио Ашӯр Ашӯров бо огоҳӣ аз иқдоми ман маро таскин мебахшид, то ҳаяҷон аз байн раваду оромона ҳарф зада тавонам. Ҳар ду паси баландгӯяк нишастем. Ровӣ бо эълон кардани соат пахши «Ахбор» ва салому дуруд расондан ба сомеон дар оғози барнома гуфт: «Имрӯз дар шаҳри Дашнбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шуруъ кард. Ҳоло аз рафти он хабарнигори парлумонии радиои Тоҷикистон Ӯлмаси Одил гузориши муфассал медиҳад». 
Аз сабабе, ки фурсати навиштани гузориш нашуд, ҳамагӣ чанд ҷумла рӯйи коғаз навишта будаму халос. Вале таҷрибаи таҳияи барномаҳои мустақим ба қавле маро аз вазъият раҳонд. 
Бо як ҳаяҷону шодмонӣ ба сухан гуфтан шуруъ намудам: «Ҳамдиёрони азиз, имрӯз дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи нав боз шуд. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатии худ дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул кард. Аз ин пас, 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад». 
Инак, аз расондани ин паём ба мардуми тамаддунофари тоҷик 30 сол гузашт. Ҳоло бошад, мо дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Бояд гуфт, ки сарфи назар аз вазъияти ногувори сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ имрӯз Тоҷикистон зери сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ҳаллу фасли масоили сиёсиву иқтисодии дохилӣ, балки масъалаҳои глобалӣ саҳми муносиб гузошта, аз ҷумлаи кишварҳои ташаббускор мебошад.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2021    №: 177    Мутолиа карданд: 356
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед