logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

 
Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди барӯманди халқ ва аз ҷумлаи қаҳрамонҳои абадзиндаест, ки номи некаш ҳамеша дар таърихи халқи тоҷик зиндаву ҷовид хоҳад буд. Зеро ӯ ва ҳаммаслакони ватандӯсташ дар як давраи ҳассоси таърихӣ алайҳи тоҷикситезон ба мубориза бархоста, барои ҳифзи манофеи миллӣ ҷон супурданд. 
Тақдири Шириншоҳ Шоҳтемур пурпечутоб буд. Ӯ дар оилаи камбағал дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Тавре Қурбон Аламшоев, таърихшинос, ки солҳои зиёд фаъолияти Ш. Шоҳтемурро таҳқиқ мекунад, гуфтааст: “Шириншоҳ Шоҳтемур шахси фавқулода буда, аз ҳамсолони худ ба куллӣ фарқ мекард. Асоси муваффақияти ӯ хоҳиши донишомӯзӣ ва дарки ҷаҳони атроф буд”. 
Ин шахсияти тобноки таърих, аз овони наврасӣ рӯ ба илму маърифат оварда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Тошканд рафт. Тавре Қ. Аламшоев дар нигоштаҳои худ оид ба қаҳрамони мо овардааст: “Шириншоҳ ба кори кироя машғул буд ва бар хилофи бисёре аз ҳамватанонаш, ки мисли ӯ дар Тошканд муҳоҷир буданд, қариб тамоми маблағҳои бадастовардаашро барои омӯзиш ва рушди худ сарф мекард. Воқеаҳои инқилобӣ дар Тошканд ба ҷаҳонбинии ҷавони шуҷоъ таъсири амиқ гузошта, оғози фаъолияти иҷтимоиву сиёсии ӯ мегарданд. Соли 1921 Ш. Шоҳтемур узви Ҳизби коммунисти болшевикони Россия мешавад. Кораш аз Кумитаи озуқавории Хуҷанд оғоз ёфт. Баъдан, аниқтараш соли 1921 ӯро ба шаҳри Тошканд даъват карда, дар ҳайати Сегонаи ҳарбию сиёсӣ ба Помир фиристоданд. Дар меҳвари фаъолияти сегона назорати низомӣ, созмон додани кумитаҳои инқилобӣ дар минтақа ва таҳким бахшидани фаъолиятҳои ҳизбиву шуроӣ дар деҳот қарор дошт. Кору фаъолият ва роҳбарӣ дар сегона ба ташаккули шахсият, қобилияти ташкилотчигӣ ва ҳосил намудани малакаи роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур нақши амиқ гузошт.
Ба ҳамагон  рӯшан  аст, ки замони тақсимоти  миллӣ - ҳудудии Осиёи Миёна дар соли 1924 душманони миллат талош мекарданд, ки ҳадафмандона мавҷудияти халқи тоҷикро инкор намоянд. Зеро барои онҳо хушоянд набуд, ки дар ин тақсимот тоҷикон соҳиби давлат гарданд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 110- солагии Шириншоҳ Шоҳтемур иброз доштанд: «Дар ин давра як раванди пуршиддати тоҷикбадбинӣ шуруъ гардида, доираҳои муайян бо ҳар васила мехостанд фаъолияти мактабу таълимгоҳҳоро бо забони тоҷикӣ маҳдуд созанд, нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои дарсиро бо ин забон боз доранд. Вале ин марди муборизу қавиирода аз танқиду фишори бегонапарастон ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, ҷасурона манфиатҳои халқу миллаташро ҳимоя мекард».
Ҳарчанд тақсимоти  миллӣ - ҳудудии Осиёи Миёна расман ба итмом расида буд, вале ин амр барои намояндагони фаъоли тоҷик, ки аз раванди тақсимот ҳалли боадолатонаро чашмдор  буданд, ҳанӯз поён наёфта буд. Як зумра чеҳраҳои намоёни миллат бо чунин бархӯрд розӣ набуданд, аз ин рӯ талаби аз нав дида баромадани тақсимот дар соли 1926 ба миён омад. Ин буд, ки масъала солҳои 1928-1929 такроран мавриди муҳокима қарор гирифт. Марҳилаи дувуми муҳокимаи масоили марбут ба тақсимоти ҳудудӣ дар миёни Узбекистону Тоҷикистон, масъулияти Шоҳтемурро, ки ба ҳайси котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон баргузида шуда буд, хеле бештар кард. Аз ҶШС Узбекистон ҷудо шуда чун ҷумҳурии мустақил дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС масъалаи муҳим буд, ки ҳалли он пурра ба замони роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур рост омад. Тамоми талошашро ба он равона намуд, ки тоҷикон соҳиби давлати мустақил гарданд. Ӯ дар пеши роҳбарияти марказӣ собит кард, ки халқи тоҷик забони бой, адабиёти ғанӣ, таърихи қадим дорад. Дар тамоми муроҷиатҳояш ба унвони мақомоти олии ИҶШС ва Бюрои Осиёи Миёнагии КМ ВКП(б) исрор мекард, ки тоҷикон куҳантарин маскунони Осиёи Миёнаанд ва теъдоди феълиашон имкон медиҳад, то давлати мустақили миллии худро дошта бошанд. Хулоса, тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона намуд. Хушбахтона, ӯ ва дигар ҳамаслаконаш ба ин мақсад расиданд.
Бояд гуфт, ки Ш. Шоҳтемур ҳамчун ташкилотчӣ ва яке  аз чеҳраҳои маъруфи сиёсии Тоҷикистон дар таъсиси рӯзномаи “Овози тоҷик” саҳми намоён гузошт, ки шумораи аввали он моҳи сентябри соли 1924 дар Самарқанд ба табъ расид. Бисёре аз чеҳраҳои барҷастаи зиёиёни фарҳангии тоҷик  - Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад ва дигарон мақолаҳои худро дар “Овози тоҷик” чоп карданд. Гузашта аз ин, дар ҶШС Тоҷикистон нимаи дуюми солҳои 20 садҳо мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ кушода шуданд, ки таҳсил дар онҳо ба забони тоҷикӣ гузаронда мешуд.
Ғайр аз ин, Ш. Шоҳтемур дар таъсиси Донишкадаи маорифи Тоҷикистон дар Узбекистон ва таҳияи аввалин китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ барои мактабҳои миёнаро назорат карда, ҳамчунин, дар нашри “Намунаи адабиёти тоҷик” саҳм гузоштааст. Маҳз бо талошҳои ин абармарди таърих нимаи дуюми солҳои 20-ум, садҳо мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ кушода шуданд, ки таҳсил дар онҳо бо забони тоҷикӣ сурат мегирифт ва Ҳукумат ба рушди фарҳанги миллӣ фаъолона мусоидат менамуд. 
Ҳарфи ватану ватандорӣ каломи ҳамешагии ӯ буд, ки ҳамеша аз минбарҳои баланд садо медод. Ӯ дар масири огоҳию бедории миллӣ, ҳифзи давлату давлатдорӣ ва озодии забону миллати хеш сарбаландона мубориза мебурд. Мутаассифона, тӯфони ҳаводиси замон нагузошт, ки  Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳампаймононаш самари заҳматҳои худро бубинанд ва дар кишваре, ки бо ҷонбозиҳо бунёдаш карданд, умр ба сар баранд. Аксари ин поягузорони давлати навини тоҷик ва номбардорони миллат дар роҳи расидан ба бунёди давлати миллии хеш ҷон бохтанд. Вале номи некашон дар дилу дидаи халқ боқӣ монд.
 
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2021    №: 177    Мутолиа карданд: 411
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед