logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

САРСУХАН
Соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд ва ин санаи таърихӣ ва ба даст овардани истиқлолу соҳибихтиёрӣ неъмати бузургест, ки насиби мардуми мо шуданд. Имрӯзҳо халқи кишвар, хурду бузург, мақомоти давлатӣ, идораву муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо ва, хуллас, тамоми ҷомеаи тоҷикистонӣ ба таҷлили ин ҷашни муқаддас омодагӣ мегиранд, аз гузашти 30 сол ёдовар мешаванд, аз ибтидои душвори даврони соҳибистиқлолӣ сухан мегӯянд, гузашти 30 солро таҳлилу хулоса мекунанду ояндаи Ватанро пешгӯйи менамоянд.
Ба андешаи ман, имрӯз, вақте ки сухан аз истиқлолу соҳибихтиёрӣ меравад, мо бояд ин пайроҳаи 30-солаи тайкардаи кишварро  тавъам бо кору пайкори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ намоем ва онро ба риштаи таҳқиқ кашем.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаи ба ҳайси Роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардидан, бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам”, умеди мардумро дубора ба ояндаи неки мамлакату давлат зинда кард ва баъдан  бо раҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги таҳмилии дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашид ва бо заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлолияти воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуд.
Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи ӯ барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани  пояҳои  давлатдории  миллӣ  бо  таваҷҷуҳ  ба  гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ  муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешавад.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳангии  миллӣ хизматҳои шоиста кардааст. 
 
САЙРИ КӮТОҲИ ТАЪРИХӢ
Охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми қарни XX кишвари абарқудрати шуравӣ аз ҳам пош хӯрд ва ҷумҳуриҳое, ки ба ҳайати он шомил буданд, пайи ҳам худро мустақил эълон намуданд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон 15 давлати нав пайдо шуд. Оё ин ҳодисаи таърихӣ ногузир буд ва ё чӣ тавре мегӯянд, «он чиз ки шуданӣ буд, шуд», баҳсҳои зиёди доманадор мехоҳад ва то ҳол ва шояд садсолаҳои дигар сиёсатмадорону донишмандон сари ин масъала баҳсҳо доир кунанду сабабгорону омилҳои ин парокандашавиро ҷустуҷӯ намоянд ва ҳар яке дар доираи ҷаҳонбинию тафаккуру диди шахсӣ ва шавқу завқу салиқаи худ онро арзёбӣ намояд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки дар тули ҳазорсолаҳо садҳо чунин абарқудратҳову империяҳо будаанду пош хӯрданд ва боз чунин хоҳад буд, яъне, «то буд чунин буд, чунин хоҳад буд». 
Ва бар асари ҳамин ҳодиса дар харитаи сиёсии ҷаҳон ТОҶИКИСТОН - Ватани азизи мо ҳамчун кишвари мустақил ва соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуд ва тақдири минбаъдаи онро фарзандони миллати тоҷик ба дасти худ гирифтанд.
 
ИБТИДОИ ИСТИҚЛОЛ 
Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои  иттифоқӣ Истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатӣ  сабт гардид. Аммо баъд чӣ шуд? Ҳамватани азиз! Набояд таърихро зуд фаромӯш кард, онро бояд донист, дар гӯшаи хотир нигаҳ дошт ва аз он сабақ омӯхт. Баъдан Ҳукумат ва ҳукуматдорони вақт, ки ба ин ҳодисаи таърихӣ омода набуданд ва эҳтимолан қобилияти мустақилона фикр кардану давлатдорӣ намудан ва миллатро сарпарастӣ кардан надоштанд, ба ваҳму таҳлука афтоданду (ба монанди рӯзҳои аввали ба кишвар роҳ ёфтани пандемияи коронавируси нав, ки бо тавтеаи баъзе бадхоҳони дар хориҷи кишвар қарордошта, фазои мамлакатро тарсу воҳима фаро гирифта буд) зимоми давлату қудратро аз даст доданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ ва хокимиятро ба дасти афроди бетаҷрибаву хушкдимоғу хушкмағзе гузоштанд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидаву кишвар мотамзада, миллат пароканда, давлат бесоҳиб, марзу бум бемуҳофиз ва дар ба рӯйи аҷнабиёни бедодгару мазҳабпарасту ғоратгар кушода шуд. 
Гурӯҳе ё гурӯҳаке, ки солҳо боз чунин фурсати муносиб меҷуст, бо номи муқаддаси ИСЛОМ, аммо бо сад фикру андешаи ғайримазҳабию ғайриисломӣ талоши ба сари қудрат омаданро карду билохира, тобистони соли 1992 пойтахти ҷумҳуриро тасарруф ва хайру баракатро аз ин сарзамин бурда, арзишу фарҳанги миллиро зери по намуда, ба пиёда сохтани тарҳи хоҷагони хориҷиашон бо мақсади таъсиси як ҷумҳурии исломии мазҳабии ба мазҳаби аҷдодии мову шумо бегона даст заданд. 
Ҳамватани азиз! Ин таърих аст ва онро набояд фаромӯш намоем. Дарё - дарё хуни тоҷик рехт, ҳеҷ хонае набуд, ки ҷигарбандашро, сарпарасташро, ақрабои наздикашро, дӯсту ҳамсабақу ҳамкорашро аз даст надода бошад. Яксаду панҷоҳ ҳазор фарзанди ин миллат кушта шуда, ҳазорҳо хонаву деҳоту иншооти иҷтимоӣ аз байн рафт ва аз ҳама бадтар он буд, ки риштаи умед ба оянда канда шуд. Миллате бо фарҳанги волову арзишҳои таърихӣ, гӯё ному нангро фаромӯш кард, ҳатто аз ифтихор бо «Шоҳнома» - и бузург маънии ин байтро: 
Ба пеши бародар бародар ба ҷанг, 
Наёяд, агар бошадаш ному нанг
-ро ба ақл нагирифта, бародар тир ба синаи бародари худ зад ва то моҳи ноябри соли 1992 фаро нарасид, дарки онро накард, ки: 
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
 
Дар ин моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостон (на дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, зеро он дар дасти силоҳдорони ғайриқонунӣ буд) Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳама умед ба он буд ва шабонарӯз мардум дидаи умед ба Қасри Арбоб медӯхтанд, ҳар дақиқаи ҷаласаро тавассути "оинаи нилгун" тамошо менамуданд ва аз радио мешунавиданду ба якдигар қисса мекарданд. 
Ва якбора шуълаи умед аланга зад, дилҳо ба тапиш даромаданд, садои шодию сурур фазои кишварро пур намуд, одамон гӯиё дигарбора зинда шуданд ва пайки шодмонӣ расид, ки Худованд барои наҷоти ТОҶИКИСТОН, ВАТАНИ АЗИЗ ВА МАРДУМИ ТОҶИК Сарвар, Роҳбар, Пешво фиристод (боз аз ҳикмати фалсафӣ ёд меорам, ки ба бахти баланди мардуми тоҷик «он чи ки шуданӣ буд, шуд»). Бовар ба он шуд, ки: 
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.
Ва, дигарбора, қоматҳо рост ва чеҳраҳо гулгун ва табассум дар лабони мардум ҳувайдо гардид  ва ин Пешвои мардумӣ андарзи бузургони миллат: 
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
-ро аз нахустин рӯзи ба мақоми раҳбарӣ расидан, сармашқи кору пайкори худ намуд ва кишварро аз ин фоҷиа раҳоӣ бахшид.
 
ЧИ РӮЗҲОЕ, КИ АЗ САР ГУЗАШТАНД
Аммо,  баъди Иҷлосияи 16-ум чи рӯзҳое ба сари Роҳбару Пешвои ҷавони тоҷикон омаданд, на ҳамагон медонанду дарк мекунанду мефаҳманд. Имрӯз филмномаҳоро мебинему аз он рӯзҳо ёд меорем. Ҳукумат фалаҷ, дастгоҳи давлатӣ аз кор монда, кишвар дар ҳалқаи оташ, қаҳтию гуруснагӣ ё ба ибораи дигар мардум “нон мегӯяду ҷон медиҳад”, пойтахти кишвар дар дасти ғосибон ва кам касоне ҷуръат мекарданд, ки дар бари Роҳбари давлат рост истанду бори душвори давлатдорӣ ва ғуссаи он шабу рӯзро таҳаммул  намоянд ва ҳама мушкилоти зиндагиро бо ҳам бинанду азобу талхии онро бо ҳам чашанд. Роҳбари ҷавон бо чанд сарсупурдаи миллат вориди Душанбе шуданд, Душанбее, ки бӯйи хун мекард, Душанбеи мотамзадаву валангору бесоҳиб, аммо Душанбеи чашминтизори Роҳбари нав. Ба Душанбе:
Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,
Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.
Ҳазорон фарҳангиёну донишмандону шоирону фозилонаш тайи шаш моҳи охир дар Душанбе ғурбатзадаву дар кунҷи кулбаи худ бо як аҳволи ғарибона оҳанги мотам менавохтанду суруди мотам месуруданд, чашм ба роҳи Роҳбари худ доштанд ва: “Мужда, эй дил, ки масеҳонафасе меояд”-ро мунтазир буданд ва ин мужда расид. Аммо, чи рӯзҳоеро Роҳбари давлат паси сар накарданд. Имрӯз, ки  сухан аз сулҳу суботу ваҳдати миллӣ ва якдиливу якдигарфаҳмӣ дорем, набояд хидматҳои беназири Пешвои миллатро дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин фаромӯш намоем ва нагӯем.
Сарсупурданҳо, ҷоннисориҳо, ҷони худро ба гарав гузошта ба минтақаҳои ҷангзадаву кишвари гирифтори ҷанг ба хотири сулҳу субот сафаркарданҳо, аз худ гузаштанҳои Роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат буд, ки сулҳ шуд, оромӣ шуд, тоҷики гуреза ба Ватан баргашт, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ аз нав барқарор гардиданд, ҳазорҳо километр  роҳҳову пулҳо сохтаву нақбҳо канда шуданд, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохт ва садҳо дастоварди дигар, ки бо чашми сар мебинему бо гӯши худ мешунавем, танҳо ба истиснои чанд ватанфурӯшу хоини миллат, ки то ҳол дар роҳи амалӣ намудани нақшаи тарҳрезинамудаи хоҷагонашон дар роҳи аз байн бурдани амнияту суботи кишваранд ва онҳоро Рӯдакӣ ҳушдор медиҳад, ки: 
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
 
Ва имрӯз шиори тамоми мардуми меҳанпарасти тоҷик ва Тоҷикистон аст, ки: “Хоки мову пои душман, пас магар мо мурдаем?” аст ва 
Ин давлати пуршавкату ин миллати озод
Асло надиҳад раҳ ба Ватан роҳзанонро
то лаҳзае фарзандони ин миллат зиндаанд, ин сарзамин қадамгоҳи душманон ва аҷнабиён нахоҳад шуд.
 
ОҒОЗ ВА ИДОМАИ БУНЁДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ
Ба андешаи ман, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симати  Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини Истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ  ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар баръало зоҳир мегардад ва таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Махсусан, зикр намудан мехоҳам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали нахуст ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон барои ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуши таҳмилӣ ва таъмини сулҳу субот камари ҳиммат барбастанд ва ба он ноил гардиданд. Пешвои муаззами миллат ба савганди худ ба мардуми Тоҷикистон: “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва “гурезаи охиринро ба Ватан бармегардонам” содиқ монданд ва ин аҳдро сарбаландона иҷро намуданд.
Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии Пешвои миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Ин таҷриба, дар таърихи башарият, падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи даргири ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои даргири ҷанги дохилӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Баъдан, эҳёи мактабу маориф ва илму фарҳанг бо мақсади боло бурдани маърифат ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва  рушди соҳаи тандурустӣ ва варзиш ба хотири наслу миллати солим аз ибтикороти  ҷиддии дигари Пешвои миллат мебошанд. 
Маълум аст, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии дохилӣ мактабу маориф ва илму фарҳанг ба мушкилоти сахт мувоҷеҳ гардиданд. Дар чунин шароити буҳронӣ бо ташаббуси Президенти кишвар сиёсати нави маорифу фарҳанг ба вуҷуд оварда шуд, ки ба гиромидошти гузаштаи пурифтихор, ҳифзи анъанаҳои неки мавҷуда  ва бунёди ояндаи дурахшон нигаронда шудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар суҳбату мулоқот ва суханрониҳои худ зарурати маърифатнокии ҷомеаро таъкид мекунанд ва донишмандонро ба омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик даъват менамоянд. Илова бар ин, худи Пешвои миллат низ ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд, ки китобҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”,  “Имоми  Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор”, “Забони миллат - ҳастии миллат” ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон  шоҳиди ин гуфтаҳоянд. 
Саҳми Пешвои миллат  дар амри истиқлоли фарҳангии тоҷикон назаррас аст. Ба андешаи устоди зиндаёд, академик Муҳаммадҷони Шакурӣ: “Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд”.
Таваҷҷуҳи доимӣ ба забони ноби модарӣ, адабиёту фарҳанг ва гиромидошти бузургони гузаштаи мо аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуданд. Мақому мартаба ва нуфузу эътибори забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар миқёси мамлакат боло рафт. 
Бо мақсади бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ Ҷашни Наврӯз - ҷашни миллӣ эълон гардид ва аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни башарӣ эътироф шуд. Ҳамчунин, таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили симпозиумҳои байналмилалии ҳазораи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995; 2015), 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абуалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2011), 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ (2020) ва ғайра барои худшиносии миллӣ, ҳамчунин, шиносондани ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти ҷудогона дорад.
Илова бар ин, қадршиносии устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос мекунад.
Бо ташаббуси Сарвари давлат зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таъриху тамаддуни халқу миллат, аз қабили 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), Соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 3000-солагии Ҳисори Шодмон (2015) ва соли 2020 ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ гузаштаи моро ба имрӯзи мо пайванд медиҳад.
Сарвари давлат ба пешрафти соҳаҳои тандурустӣ ва варзиш низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд, зеро насли солим гарави миллати солим мебошад.
Дарҷ кардани қисми дигари фаъолияти пурмаҳсули Пешвои миллатро, ки дар ба вуҷуд овардани давлати ягона тавассути бунёди роҳу нақбҳо, раҳо кардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ инъикос меёбад, ҷоиз медонам.
Танҳо дар замони Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, ки Тоҷикистон ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ мубаддал гардад. Бо ибтикори Пешвои миллат  дар маҷмуъ, зиёда аз 31 километр нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Хатлон” рафтуомади мардуми минтақаи шимолро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар чор фасли сол таъмин намуд. 
Ҳамчунин, дар ин муддат 270 неругоҳи барқи обии хурду миёна ба истеҳсоли неруи барқ шуруъ намуд ва тавассути кашидани хати интиқоли барқи баландшиддат шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд омад.
Зикр намудани заҳматҳои Пешвои миллат дар роҳи боло бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ зарур ва саривақтист. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ғайра саҳми назаррас доранд.
Бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005 - 2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва солҳои 2018 - 2028 Даҳсолаи байналмилалии Об барои рушди устувор эълон гардиданд.
Ташаббусҳои созандаи эшон фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагию рӯзгори на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронда шудаанд. Ба андешаи узви парламенти Аврупо аз ҳизби халқии Тироли ҷанубии Италия Ҳербет Дофман: “Ташаббусҳои Президент боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон аст”.
Самти дигари фаъолияти авлавиятноки Пешвои миллат  дар бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистон таҷассум меёбад ва таваҷҷуҳи ҳамешаи эшон ба ободкорию созандагӣ мардуми кишварро ба ояндаи неку дурахшон умедвор месозад. Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан, симои худро дигар карданд. Дар ин муддат садҳо иншооту корхона ва биноҳои фарҳангию маъмурӣ ва ҳазорон-ҳазор биноҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди биноҳои Кохи Наврӯз, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Наврӯзгоҳ, Душанбе-Плаза, Боғи “Ирам”, Осорхонаи миллӣ, қасри “Оли Сомон”, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ғайра дар олами худ назиру собиқа надоранд.
Дар ин ҷо боз як ташаббуси созандаи Пешвои миллатро дар мавриди эълони корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданиам, ки ин ташаббус аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамовозӣ пайдо намуд ва то баргузории он дар кишвар зиёда аз сӣ ҳазор иншооти нави иҷтимоӣ ва садҳо километр роҳҳо сохта, ҳазорон гектар боғу токзорҳои нав бунёд  шуданд.
Ва бояд гуфт, ки дар назариёти Пешвои муаззами миллат ҳифзи ”асолати миллию динӣ”, ки хамирмояи ҷомеаи моро ташкил медиҳад, бо моҳияти ”ҷаҳонбинии илмии замони муосир” тавъам ва баробарвазн буда, ба тариқи илмӣ таҳқиқи ҳодисаҳои табиӣ ва воқеаҳои иҷтимоӣ, инчунин, дар ин замина, ҷусторҳои нави бунёдӣ, ки рушди усулии ҷомеаи муосирро таъмин месозад, барои Тоҷикистон низ аҳамияти умда дорад. Чунин даъват саривақтию муҳим ва аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. 
Дастури роҳнамои Сарвари давлат ҷавобгӯйи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онро ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрӯзӣ пазируфтан мебояд, ки давлати дунявӣ унвон шудааст.
Махсусан, таъкид менамоям, ки паёмҳои ҳамасолаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд,  таконбахши тамоми соҳаҳои ҷомеа, бахусус ҷомеаи илмии кишвар, мебошанд. Ва ин паёмҳо ва дастуру супориш ва роҳнамоиҳои  Пешвои миллат шаҳодат аз истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири  сиёсатмадорӣ  ва  ҷидду  ҷаҳди хастагинопазири пайвастаашон мебошанд, ки барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузоштаанд. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфову сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшанд ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.
Рӯй овардан ба илм, илмомӯзӣ ва, бахусус, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии мамлакат дар арсаи ҷаҳон.
 
ҚАДРДОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ   ҚАДРДОНИИ МИЛЛАТ АСТ
Дар остонаи таҷлили Ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, хушхабаре расид ва ҷомеаи тоҷикистониро бори дигар хушҳолу болитабъ гардонд, ки Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон, фарзонафарзанди миллат, абармарди дунёи сиёсат, Сарвари давлати мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин мукофоти олии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ — «Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарафроз гардиданд.
Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ сазовор донистани мукофоти аввалини сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, воқеан ҳам, нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сиёсӣ, инсоне, ки имрӯз на танҳо дар ҳалли мушкилоти кишвари худ, балки дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳиму мушкили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзанд, садо баланд мекунанд, махсусан дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд менамояд, арзёбӣ мешаванд.
Имрӯз бо шунидани ин хабар ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аз хурсандӣ меболад, ифтихор аз Пешвои худ мекунад, ки дар ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати моро ҷаҳониён қадр месозанд, садояшро мешунаванд, ибтикороташро таҳсин карда, роҳандозӣ менамоянд ва ЭМОМАЛӢ РАҲМОН фарзанди кулли ИНСОНИЯТ  ва ҶАҲОН аст ва имрӯз номи Пешвои миллат тавъам бо номи миллати тоҷик ва номи миллати тоҷик тавъам бо номи Пешвои миллат аст ва ин қадрдониро ҳамчун қадрдонӣ ба миллати тоҷик низ метавон ҳисобид.
Бинобар  ин,  мо  ва мардуми моро мебояд, ки боз ҳам аз пештара дида бештар ба қадри заҳматҳои ин марди бузург расем ва шахсияти фавқулодаи ӯро эътироф намоем. Ин абармард бо  забони  ширини тоҷикӣ бори аввал аз минбари Созмони Милали  Муттаҳид  ҳанӯз соли 1993 сухан ронда, ба бештар аз 200 кишвари ҷаҳон забони моро муаррифӣ карданд. Сулҳу ваҳдатро пойдор,  кишварро  амну  обод,  миллатро  сарҷамъ,  таърихи  пурифтихори моро эҳё карда, мактабу илму маорифро рушд дода, тавассути заҳматҳои сангин, фаъолияти шабонарӯзии тавъам бо ҷонфидоиҳову азхудгузаштанҳо ва ибтикороти созандаву бунёдкорона давлати тоҷиконро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазиру пешрафта гардонданд.
Зимнан ёдоварӣ мебояд, ки маросими дар ҳалқаи сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон супурдани мукофоти олии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ — «Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ» бо ҷомаи сурхи инъом аз қаъри асрҳо садои ифтихори устод Рӯдакиро дар гӯши ҷони пиру ҷавони мамлакат бори дигар танинандоз мекунад:
Бузургони ҷаҳон чун гардбанданд,
Ту чун ёқути сурх андар миёна.
 
ОХИРСУХАН
Албатта, танҳо бо чанд ҷумлаву сафҳаву китобе тамоми мушкилию дастоварду пешрафти мамлакатро дар даврони 30-соли соҳибистиқлолӣ баён намудан корест сахту сангин ва муҳол. Махсусан, хизмату заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатро дар роҳи ба  даст овардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорию созандагӣ. 
Бовар дорам ин ҳама хизматҳову заҳматҳо дар садҳо ҷилд рӯйи коғаз меоянд, бо хатти заррин дар таърихи ТОҶИКИСТОН сабт мегарданд, имрӯзиён аз он меболанд (ба ҷуз чанд кӯрдилу кӯрчашм) ва наслҳои оянда аз он ифтихор мекунанд. Имрӯз, ки  мардуми шарифи Тоҷикистон дар пайравии сиёсати созанда, бунёдкорона, хирадмандона ва дурбинонаи ба ин абармарди миллат кору зиндагӣ мекунад ва бо Пешвои муаззами худ ифтихор дорад, даъват ба амал меорам, ки мардуми тоҷик бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумӯи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем ва фазои сулҳу суботи кишвар ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Ва дар охир, ба ҳар як фарди ватандӯсти тоҷик гуфтаниам: агар ВАТАН-ро дӯст дорем, пас бояд бидонем, ки дар пешорӯйи ҳаводиси таърих ва равандҳои ҷаҳонишавии муосир миллатро имрӯз ваҳдат ва сарҷамъӣ мебояд ва муттаҳид гаштан дар атрофи Пешвои муаззами миллат барои мо ба хотири бақои давлатамон ҳам фарз асту ҳам қарз асту ҳам суннат.
 
Фарҳод РАҲИМӢ, 
академик, Президенти 
Академияи миллии 
илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.09.2021    №: 178    Мутолиа карданд: 442
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед