logo

иҷтимоиёт

ИФТИХОР АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САРМЕЪМОРИ ОН

Истиқлолият дар ҳаёти ҳар халқу миллат, бешубҳа, аз ҷумлаи бузургтарину муқаддастарин ҷашнҳои миллат аст. Дар марҳилаи аввал ин дастоварди сиёсии халқи тоҷик рӯ ба мушкиливу боиси ҷанги шаҳрвандӣ гашта, ҳатто хавфи парокандагӣ таҳдид мекард ва ана дар ҳамин рӯзҳои гарону сангин меъморе ногузир буд, ки  кишвари тозаистиқлолро аз ин вартаи ҳалокат бираҳонад. Шукри Яздони пок, ки дар симои Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов кишвар як роҳбари хирадманду қавиирода, ташкилотчиву раиятпарварро пайдо кард. Имрӯз халқи тоҷик аз самари талошу такопӯйҳои ин Сарвари бузурги хеш на танҳо дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ба пешравиҳои бузурги даврони муосир муваффақ шуд, ҳамчунин тоҷику Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳонӣ арзанда муаррифӣ карда, дар ҳаллу фасли даҳҳо масоили глобалӣ фаъолона ширкат меварзад.
Бо боварии комил метавон умед баст, ки ҷумҳурӣ ҳоло дар марҳилаи бемайлони рушд қарор дошта, дар ду - се соли оянда ҷаҳониёнро аз ривоҷу равнақи илму истеҳсолоти дар заминаи технологияҳои пешрафта асосёфта ва сатҳи баланди иқтисодиёти миллии худ дарак хоҳад дод. Ҳоло  дар ҳамаи манотиқи мамлакат даҳҳо лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ татбиқи худро пайдо мекунанд, ки шароит фароҳам меояд Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои мутараққии минтақа табдил ёбад.  Ҷиҳати амалишавии ин марому иқдомҳо зарур аст, ки халқи азизамон  дар атрофи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида бештар муттаҳид шаванду баҳри пиёдасозии ин мақсадҳои наҷиб талошу такопӯ варзанд.
 
Оқил ОҚИЛОВ,
собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2021    №: 179 - 180    Мутолиа карданд: 481
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед