logo

иҷтимоиёт

СОХТМОН ҲАМ ФАРҲАНГ АСТ…

Таърихи давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад, ки баъд аз хатми даргириҳои низомиву ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар мамлакат вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамчун зербинои эъмори давлати миллӣ дар авлавияти сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт. 
 
Бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд гардидани садҳо иншооти замонавӣ, қомат афрохтани кохҳои муҳташами фарҳангӣ, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, ки симои шаҳру деҳоти мамлакатро ба куллӣ дигаргун сохтанд, аз умдатарин дастовардҳои ба чашм намоёни замони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд. 
Воқеан, вусъати корҳои созандагӣ, ки ҷавҳари аслии сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳад, ахиран дар доираи омодагиҳо ва таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба авҷи бесобиқа расид. Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари давлат сохтмончиёну бинокорони мамлакат ва соҳибкорони ватандӯсти мо танҳо ба истиқболи ин ҷашни ҳумоюни миллӣ дар бунёди беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимиву марказҳои саломатӣ саҳм гузоштанд, ки қобили таҳсин аст. Ин раванди матлуб, дар бароварда сохтани ниёзҳои аҳолӣ, бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ ва мунтаҳо фароҳам сохтани ҳазорҳо ҷойи нави кориву бо шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат мусоидат намуд.
Ҳоло сохтмончиёни ватанӣ хуб эҳсос менамоянд, ки барои рушду инкишофи пайвастаи соҳаи меъмориву сохтмон дар кишвари мо тамоми шароитҳои лозим фароҳам аст. Зеро соҳаи сохтмон яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар навбати худ аз бинокорон қобилияту таҷрибаи баланд тақозо мешавад. Ин амр, бо назардошти талаботи нав ба нави соҳа ба миён омада, барои корбасти усулҳои нави меъморӣ дар фаъолияти хеш аз сохтмончиён масъулияти бештар талаб менамояд. Хушбахтона, бо бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва истифодаи технологияҳои муосири соҳа корҳои бунёдкорӣ аз нигоҳи сифатӣ тағйир хӯрда, ҳар як иншоот аз рӯйи меъёр ва талаботи замони  муосир бунёд мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фармоишгари бунёди иншооти дорои аҳамияти муҳим пайваста талош менамояд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти таҳти масъулияташ қарордошта бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
Дар маҷмуъ, самараи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва рушди соҳаи сохтмон буд, ки имрӯз пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе бо биноҳои баландошёнаи хуштарҳу замонавӣ, иншооти таъиноти гуногун як шаҳри босуръат таррақикунандаро мемонад, ки чунин суръати пешрафт чанд соли охир дар заминаи иқдомҳои навоваронаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ уфуқҳои тозатарро фатҳ намуд. Дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, низ ин таҷрибаро ҳамчун дастури кор қарор дода, ба натиҷаҳои қобили таҳсин даст ёфтанд, ки мо дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ шукӯҳу шаҳомати бунёдкориҳоро дар ҳар гӯшаи Ватани азизамон мушоҳида ва аз он эҳсоси ифтихор намудем.   
 
Суҳроб САЪДУЛЛОЗОДА, 
директори Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и 
Дастгоҳи иҷроияи 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2021    №: 182    Мутолиа карданд: 419
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед