logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Мусо Баротов. Ин ном, шахсият барои доираи васеи сокинони мамлакат аз солҳои 70-уми асри гузашта ошност. Ӯ ҳафтоду ҳашт сол қабл дар шаҳри бостонии Истаравшан дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Мавсуф аз зумраи нафаронест, ки тамоми умри пурбаракати хешро ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ба вижа кишоварзӣ бахшида, аз худ ному нишони нек гузоштааст.
Фавқуззикр дар хурдсолӣ бо аҳли хонавода ба маҳаллаи Яккачинори шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) мекӯчанд. Пас аз хатми факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон бо роҳхат ба колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) омада, фаъолияти меҳнатии хешро ба сифати сарагроном оғоз мебахшад. Дере нагузашта ҷавонони хоҷагӣ ӯро сарвари хеш интихоб мекунанд. Шарофати дониши амиқу роҳ ёфтан ба дили одамон буд, ки номи ӯро сокинони ин водӣ бо гузашти солҳои зиёд низ бо эҳтирому самимият ба забон меоранд. Дар ин давра Мусо Баротов дар вазифаи инструктор, мудири бахши шуъбаи кишоварзии кумитаи ҳизби коммунистии вилояти Қӯрғонтеппа ва котиби якуми райкоми Қумсангир адои вазифа менамояд.
Минбаъд Мусо Баротов дар вазифаҳои мудири шуъбаи кишоварзии кумитаи ҳизби коммунистии вилояти Кӯлоб, муовини мудири шуъбаи КМ ҲК Тоҷикистон ва котиби кумитаи ҳизби коммунистии вилояти Хатлон заҳмат ба бор дошта, дар рушди иқтисодиёти кишвар ва, бахусус кишоварзӣ ҳиссаи калон гузоштааст.
Мавсуф дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ аввал дар вазифаҳои муовин, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулияту садоқат ҷиҳати рушди истеҳсолоти кишоварзӣ, афзун гардондани маҳсулот ва боло бурдани дараҷаи некуаҳволии мардуми диёр хизмати шоиста ба ҷо овард.
Ҳиссаи Мусо Баротов ҳамчун мутахассис, корманди масъули давлатӣ дар ободу азхудкунии заминҳои навкорами Қумсангир, Қаравултеппа, Қарадум, Бешкенту Данғара, бунёди хоҷагиҳои боғу токпарварии ноҳияҳои Совет (ҳоло Темурмалик), Данғара, Қубодиён, Хуросон, тарғиб ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илми соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисосу пурмасъулият, рушди комплекси агросаноатӣ калон мебошад.
Хизматҳои Мусо Баротов аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва унвони фахрии Корманди шоистаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон қадр шудаанд. Ӯ вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Ӯро ҳамчун инсони шариф, хайрхоҳ, хоксору ботамкин, ҷӯяндаву ташкилотчӣ мешиносанд. Бо ҳамин хислатҳои наҷиб дар вазифаҳои пурмасъулияти ҳизбию давлатӣ фаъолият намуда, ба дили одамон роҳ ёфта, онҳоро баҳри ободонию созандагии Ватан сафарбар менамуд. Қобилияти баланди ташкилотчигии Мусо Баротов дар вазифаи вазири кишоварзӣ хеле хуб зоҳир гардид, ки он ба афзун гаштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуд. Кору пайкори ӯ дар роҳи ободию пешрафти кишвар, боло бурдани обрӯю нуфуз ва таҳкими истиқлол барои ҳар як сокини мамлакат намунаи ибрат мебошад.
 
Умар АЛӢ,
публитсист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2021    №: 183    Мутолиа карданд: 406
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед