logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА САМАРАИ ИДОРАИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Пас аз расидани насими Истиқлолияти давлатӣ мардуми ваҳдатшиори Тоҷикистон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом доданд. Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ аз шумули арзишҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буд. Ин Иҷлосияи тақдирсоз дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии кишвар нақши муҳим ва мавқеи хоса дошта, барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаи устувор гузошт.
Ҳамин тариқ, баъди қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи президентӣ ҷорӣ шуд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сохторҳои гуногуни шакл ва низоми давлатдорӣ амал мекунанд, ки маъмулан идораи парламентӣ ва президентӣ муваффақ дониста шудааст. Қабул ва мавриди амал қарор додани ин шаклҳои давлатдорӣ ба вазъу ҳолати ҳар кишвар вобаста мебошад.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ва ҳолати душвору ноороми сиёсӣ қарор дошт. Дар ин давраи мураккабу харобиовар, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ тафовут дошт, воқеан ҳам ба идораи мустаҳкам ва қавии президентӣ ниёзманд буд.
Ҳаёти минбаъда собит сохт, ки идораи президентӣ мувофиқ ба авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа буда, масъалаҳои душворро қодир аст ҳал ва амалӣ созад. Бо истифода аз салоҳияту ваколатҳои конститутсионӣ идораи президентӣ имкони пурраи ҳалли масъалаҳои муҳимро дорад. Бо идораи президентӣ ба муноқишаҳои сиёсӣ хотима гузошта, фаъолияти бонизом ва устувори давлатдорӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ гардид.
Бешубҳа, дар ин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва саҳми асосию арзанда доранд. Дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат ягона аст. 
Зеро баъд аз интихоб шуданашон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ 12 декабри соли 1992 дар Муроҷиатномаашон ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин изҳор доштанд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Фаъолияти минбаъдаи Пешвои миллат собит сохт, ки нияти неку муқаддаси пешакарда ботадриҷ амалӣ гардиданд ва, гузашта аз ин, таҷрибаи сулҳофарии Сарвари давлати тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
 
Т. ҚОДИРЗОДА,
раиси коллегияи судӣ оид ба 
парвандаҳои граждании Суди Олӣ,
С. ҚОДИРОВ,
котиби суди ҳарбии гарнизони Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2021    №: 186    Мутолиа карданд: 496
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед