logo

иҷтимоиёт

ДОНИШ ВА ҲУНАР. МУҲИМТАРИН АРЗИШҲОИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

Тибқи иттилои сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти  Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ, тайи ҳашт моҳи соли равон бо мусоидати ниҳод 13 ҳазору 392 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
 
Ба гуфтаи ӯ, раёсати агентӣ баҳри татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, ҳар моҳ аз ҷониби корфармоёни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мақомоти шуғли аҳолӣ номгӯйи ҷойҳои кори холӣ (вакансия) пешниҳод мегардад. Барои мисол, дар ҳашт моҳи соли равон танҳо аз ҳисоби вакансияҳо 11 ҳазору 678 бекор бо ҷойи кор таъмин гашт. 
- Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯйи кор мушкилӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандкардашуда, яъне квота, муқаррар мегардад. Тибқи он, нақшаи соли равон 1800 ҷойро ташкил медиҳад ва  дар ин давра 1164 нафар соҳиби кор шуд. Илова бар ин, ба 550 нафар ба маблағи 1 миллиону 841,9 ҳазор сомонӣ барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар соҳаҳои чорводорӣ ва хизматрасонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид. Барои рушди ҳунарҳои мардумӣ 130 кас 427,7 ҳазор сомонӣ гирифт,- гуфт Шермуҳаммад Нодирӣ. 
Бо мақсади ҳар чи бештар ба шуғл фаро гирифтани шахсони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, раёсату шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар якҷоягӣ бо шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳашт моҳи соли равон 193 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуданд, ки бештари шахсони ба кор таъминшуда аз ҳисоби маъюбон, занони серфарзанд, модарони танҳо, сарбозони аз сафи Артиши миллӣ ҷавобшуда ва шахсони аз маҳбас озодгашта мебошанд. Дар баргузор намудани чунин ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод 2 ҳазору 506 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои гуногун барои бекорон беш аз 16 ҳазор ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд.  Аз ин ҳисоб,  1550 кас соҳиби ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ гардида, 1509 нафар ба касбомӯзӣ ва 364 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуд. Дар асоси шартномаи тарафайн 907 корҷӯйи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гашт, ки 65,5 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. 
-Ба 3048 муроҷиаткунанда барои касбомӯзӣ аз рӯйи 34 номгӯйи ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат роҳхат дода шуд. Касбомӯзии бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо воситаи филиалҳои муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда мешавад,- афзуд Шермуҳаммад Нодирӣ ва илова кард, ки ҳамаи муассисаҳои таълимии соҳа дорои низомнома буда, аз рӯйи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки бо фармони Вазорати маориф ва илм ба муҳлати муайян дода шудааст, фаъолият доранд. Ҳунаромӯзӣ аз як то се моҳ буда, муассисаҳои таълимии мазкур аз рӯйи беш аз 40 ихтисос касб меомӯзонанд.
Соли равон ба 1672 бекор кумакпулӣ таъин гардида, 2597 кас, аз ҷумла 239 нафари аз маҳбас озодшуда 128,6 ҳазор сомонӣ, 2324 ҷавони аз сафи Артиши миллӣ рухсатшуда 888,7 ҳазор сомонӣ, инчунин, 32 нафари аз кор ихтисоршуда 53,9 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ, ба маблағи беш аз 1 миллиону 73 ҳазор сомонӣ ёрипулӣ гирифтанд. 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2021    №: 202    Мутолиа карданд: 609
18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед