logo

сиёсат

«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

17 .11. 2021. Соат 6:30 дақиқа.
Субҳ бошитоб пардаи торики шабро медарад. Фурӯғ медамад. Аммо ҳанӯз шабнами субҳдам ба сони резаҳои хурди борон  зарра - зарра, нарм – нарм бесадо бар майсазори назди бинои Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» ва  рӯйу мӯйи ману чанде аз ҳамкорони дигарам мерезад. Бале, ин ҳангом мо - кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият»  назди коргоҳем. Тараддуд дорем, мо...
Ҳанӯз тантанаи  озмуни қаблӣ ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар «Боми ҷаҳон» аз дидаҳо дур  нарафта, қарор аст «Ҷумҳурият» озмуни навбатиаш - «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» - ро, ки ба хотири бозтоби хидматҳои мондагори Пешвои миллат якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон эълон намуда буд, ҷамъбаст намояд.
Имрӯз серҳаяҷонем…
Қисме аз ҳамкорон дар ошёнаи панҷум омодаи сафар мешаванду гурӯҳи дигар ба хотири истиқболи меҳмонон - ширкаткунандагони озмун дар поин - назди бинои «Шарқи озод» қарор доранд…
* * *
«Хуб, бачаҳо ҷиддӣ омода бошед,  озмун бояд дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардад…».
«Хуршед, банерҳо омодаанд?...».
«Зафар, туҳфаҳоро, ки барои ғолибони озмун гирифтем, пушти мошинат гузор, боз фаромӯш нашаванд».
«Офарин бачаҳо! Китоби таҳиянамудаатон хуб баромадааст. Барои меҳмонон, ғолибони озмун беҳтарин туҳфа хоҳад буд».
«Аз Данғара занг мезананд. Он ҷо ҳама чиз омодааст. Фақат моро интизоранд».
«Меҳмонон аз Ӯзбекистон, Афғонистон, Бадахшону Суғду манотиқи дигар ҳама ҳозиранд…».
«Мошинҳо омодаанд? Пас, меравем!».
Ин бор роҳ тулонӣ нест. Аз Душанбе то  Данғара ҳамагӣ 95 километр. Аз ин хотир, ҳамин, ки шафақ дамиду ҳаво андаке равшан шуд ва дарахтон, гулу майсаҳо аз шабнам басо ороста гаштанд, корвони мошинҳо ҷамъи меҳмононро ба водии хушманзара - сӯйи Данғара кашонд. Имрӯз Данғара - ноҳияи фарзонапарвар, ки дар оғӯши худ наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро парвард, мизбон аст…
Истиқболи меҳмонон аз шаҳри  Норак оғоз пазируфт. Раиси шаҳр Дилшод Асозода ва муовинаш  Шаҳло Ҳасанзода ширкаткунандагони озмунро, ки аз шумули арбобони давлативу ҷамъиятӣ, олимону адибон, рӯзноманигорону омӯзгорони шинохтаи кишвар мебошанд, хуш пазируфтанд.
Гулдухтарони зебои «шаҳри нур» бо пироҳани перостаи чакан ба хониши чанд порча шеър дар васфи Ватан, истиқлолу ваҳдат табъи  меҳмононро болида сохтанд.
Имрӯз барои ин гулдухтаракони чаканпӯш, ки ба ҷамоли фасли хазони Норак ҳусни дигаре зам намудаанд, рӯзи накуст, зеро ба шарофати роҳандозӣ намудани озмуни навбатии «Ҷумҳурият» имкони аз наздик ошноӣ бо олимону адибони саршиноси кишвар, дар мисоли Кароматулло Олимов, Низом Қосим, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Абдулқодири Раҳим ва дигарон насибашон шуд, ки дар хотири онҳо барои ҳамеша нақш хоҳад баст.
Баъд аз ин, корвони мошинҳо ба роҳи худ идома дод. Аз Норак боди сарду борон, аз Себистон туман шарики сафари мо шуданд. Корвони мошинҳо зери сақфи осмони тира, балки туманолуд моро ба пеш, ба сӯйи мақсуд мебарад…
Ба Данғара расидем…
Ширкаткунандагонро назди бинои зебои қасри фарҳанг муовинони раиси вилояти Хатлон  Амонулло Салимзода ва Фирӯза Шарифӣ, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин бо тантана пешвоз гирифтанд. Ҳозирон баъди  дидан аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба толори калони қаср ворид шуданд. 
Соати масъуд фаро расид. Ҳама ҳушу гӯш ба саҳна ва маросими ҷамъбасти озмун бо тантана ибтидо пазируфт ва дар идома ба як маҳфили хуби фарҳангӣ табдил ёфт. 
Дар оғоз зикр шуд, ки озмуни навбатӣ дар як муддати кӯтоҳ ба ҳамоиши таърихӣ ва дӯстиву ҳамгироӣ мубаддал гашт. Маҳз ба шарофати машғул шудани муаллифон бо омӯзиши кору пайкор ва осори Сарвари мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маъхазҳои таърихӣ, мақолаҳои хубу хонданӣ ва иттилоотӣ ба сарнавишти миллати мо рабтдошта ошкор шуданд.
Ба унвони рӯзнома фиристода шудани беш аз 300 матлаб ва рӯйи чоп омадани беш аз 200 мақолаи озмунӣ аз ҷониби муаллифони дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла иштирокчиён аз мамлакатҳои Россия, Британияи Кабир, Олмон, Қатар, Қувайт, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон далели рӯшани ҳамин гуфтаҳост.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Эмомалӣ Насриддинзода зимни суханронӣ аз силсилаозмунҳои баргузорнамудаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хотири гиромидошти хидматҳои қаҳрамонони Тоҷикистон хуб истиқбол намуда, аз ҷумла чунин гуфт: «Аз матлабҳои дар доираи ин озмунҳо нашргардида хонандагон ба рӯзгор, фаъолият ва қаҳрамонии фарзонафарзандони миллати худ дар роҳи давлатсозӣ бештару беҳтар ошно мешаванд, ки дар боло бурдани сатҳи эҳсоси ватандории мардуми кишвар нақши хоса дорад. Ташкили озмуни навбатӣ -  “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ”  ва нашри матолиби зиёд дар ин мавзуъ  бори дигар собит сохт, ки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти хос дар миёни мардуми  кишвар ва  берун аз он бархӯрдор аст. Хидматҳои мондагори Пешвои миллат ба ҳайси бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи  миллат бо ҳарфҳои заррин сабт  гардида, номи некашон абадан боқӣ мемонад. Аз матлабҳои озмунӣ ошкор мегардад, ки мардум хидматҳои Сарвари давлатро мешиносанд, медонанд ва ба онҳо арҷ мегузоранд».
Муовини раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода баргузории чунин озмунро эътимоду эҳтиром ба хидматҳои Пешвои миллат унвон дод. 
- Мақолаҳои дар доираи озмун нашргардида, фарогири дастовардҳои се даҳсолаи замони истиқлолият мебошанд, ки аслан бо талошҳои хастанопазири Пешвои миллатамон ба даст омадаанд. Мо ин ҳамаро бояд арҷ бигзорем ва ҳифз намоем. Басо хушоянд аст, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ин самт пешгом аст, - таъкид кард мавсуф.
Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамони озмун баъди омӯзиш ва баррасии матолиби нашршуда, шоҳҷоизаро бо тантана ба Ҷонибек Асрориён - мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ супурданд. Ҷойи якумро академик Кароматулло Олимов сазовор гашт. Ҷойи дуюм ба Адибаи Хуҷандӣ  ва  Ҷумъаи Ҷамол (Ӯзбекистон) супурда шуд. 
Ба Носирҷон Маъмурзода, Муҳаммаддовуд Саломиён ва Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар (Афғонистон) ҷойи сеюм сазовор гашт.  
Ҷоизаи махсуси рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро  профессори ДМТ Мурод Муродӣ ва ҷоизаи вилояти Хатлонро Аҳмадзоҳири Ҷаҳиш (Афғонистон) ба даст оварданд. Ғолибони озмун бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр шуданд. 
Ҳамчунин, 22 иштирокчии фаъоли озмун  - Ғайбулло Авзалов, Амиршо Миралиев, Рафиқа Мӯсоева, Амина Шарофиддинова, Низом Қосим, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Холаҳмади Маҷид, Зафар Мирзоён, Холмурод Муртазоев,  Хушомади Алидод, Шоҳона Сулаймон ва дигарон бо диплом, ифтихорнома, туҳфаҳо ва мукофотҳои пулии муассисону сарпарастони озмун сарфароз гардиданд. 
Ҳамин тавр, озмуни навбатии “Ҷумҳурият” ҷамъбаст гардид ва мо аз Данғара ба Душанбе баргаштем. Аснои бозгашт барф бо мо пайвасту роҳи бозгашти моро сафед намуд.
Соат 16: 30 дақиқа. 
Мо назди коргоҳем. Шом фаро мерасад. Аввалин барфи Душанбе ба майсазори назди бинои “Шарқи озод”, мерехт.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият” 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2021    №: 232    Мутолиа карданд: 639
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед