logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
 
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ  «ПАРЧАМ»
1. Муродифи вожаи мамлакат. 2. Яке аз давлатҳои ИДМ. 3. Рамзи давлатӣ. 4. Кушоиш, фатҳу зафар. 
5. Миллат. 6. Манбаи дониш. 7. Маркази давлати Сомониён. 8. Ҷирми осмонӣ, ки намояш дар нишони миллӣ таҷассум ёфтааст. 9. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 10. Сафед, сурх, сабз. 11. Рустание, ки дар нишони давлатӣ акс ёфтааст. 12. Ҳаммаънои  мафҳуми давлат. 13. Шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров. 
14. Обанбор. 15. Шаҳр дар ҷануби Тоҷикистон. 
16. Далел, факт. 17. Ғизои асосии инсон. 18. Муншии дарбори Сомониён. 19. Дастоварди миллати  тоҷик дар сӣ соли охир. 20. Ҳарфи алифбои ниёгон. 
21. Тоҷик, рус, ӯзбек. 22. Либоси миллӣ. 23. Илми соҳаи забоншиносӣ. 
 
Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Ҷавоб ба муаммои «Президент» аз 12 ноябри соли 2021:
1. Оппозитсия. 2. Парлумон. 3. Президент. 4. Зафар. 5. Иттиҳод. 6. Мадҳия. 7. Шерхон. 8. Инноватсия. 9. Тараққиёт. 10. Самимият. 11. Мамлакат. 
12. Оромӣ.
 
Вайбер: 
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
 
 
 
ГОҲО ИНСОН БУДАН ҲАМ ГУНОҲ АСТ…
Ин расми пуризтироби сарбозест, ки барои наҷоти кӯдаки аз падару модар дурмонда, ҷон бохт. 
Соли 1961 воқеаи аҷибе рух медиҳад. Сарбози Олмони Шарқӣ девори Берлинро посбонӣ мекарду набояд касеро иҷозаи вуруд медод. Аммо писарчае бо зуҳури пайдарпаяш, ки танҳову зор буд, дили нарми ҷавонро ба риққат овард. Волидонаш дар Олмони Шарқӣ буданду ӯ пушти девор– дар Олмони Ғарбӣ. Роҳ мепоиду роҳ мепоид… 
Ниҳоят, сарбоз натавонист дигар нигоҳҳои маҳзуни тифлро таҳаммул намояд. Ҳар чӣ бодо бод, ӯро на танҳо аз девор гузаронд, балки ба висоли волидон расонд. Барои ин амал ӯро маҳкум ба марг карданд… 
Ин нигошта аз дафтари ёддошти ҳамон ҷавон пеш аз марг аст: 
«Гоҳо инсон будан гуноҳи бузургест. Фардо маро ба ҷурми кумак намудан ба тифли бесаробоне, ки бозичаи ҷангу хушунат шудааст, ба қатл мерасонанд. Ва ман мегӯям, ки гоҳо инсон будан гуноҳи азимест…».
Ҳоло муҷассамаи ин сарбози раҳмдил дар 70 кишвар қад афрохтаву 317 хиёбон ба номаш гузошта шудааст. Он кӯдак низ бунёдгузори яке аз бузургтарин созмонҳои хайриявӣ дар Олмон гардидааст. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
КАЛОНТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА
6. ШОҲКУБРО 
(королевская кобра)
Шоҳкубро бо дарозии 5,6 метр калонтарин мори заҳрнок дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Неши задаи ӯ то ҳадде хатарнок аст, ки инсонро давоми 15 дақиқа метавонад ба ҳалокат расонад. Вале ин намуди морҳо аз рӯ ба рӯ шудан бо инсонҳо канор меҷӯянд. Воқеан, рафту мавриди ҳуҷуми ҳарифони дупои худ қарор гиранд, барои тарсондан 2-3 бори аввал неши безаҳр мезананд, зеро ин хазандаи зирак заҳрро барои сайди ҳақиқӣ сарфа мекунад. Инсонҳо бошанд, дар «таомнома»-и шоҳкубро ворид нестанд. Номи лотинии шоҳкубро (Ophiophagus hannah) маънои морхӯрро дорад, ки дар асл ба табиаташ мувофиқ аст. Барои он ки шоҳкубро, асосан, ҳамҷинсони худ, ҳатто, морҳои заҳрнокро шикор мекунад. 
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«МУТААССИФОНА» МАРК ТВЕН ЗИНДА АСТ
Нависандаи бузурги амрикоӣ Марк Твен табиатан шӯх буд. Аз рӯи одат, ҳар вақте ки бекор мемонд, аз муҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳо хоҳиш мекард, ки дар бораи марги ӯ шӯхиомез раднома нависанд. Матне, ки худаш барои чоп ирсол мекард, мазмунан чунин буд:
«Хабари марги нависандаи дӯстдошта Марк Твен воҳимае беш нест, хушбахтона, ӯ зинда аст…». 
Ҳарчанд тамоми рӯзномаҳо бонавбат ин «хабар»-ро нашр карда буданд, нависандаи шӯх ҳамин ки бекор мемонд, боз талаб мекард, ки такроран ба табъ расонанд. Рафта-рафта хирагии ӯ ба ҷони тамоми муҳаррирон заду ба маслиҳат «сӯгворӣ»-ро бо чунин мазмун чоп карданд:
«Хабари марги нависандаи дӯстдошта Марк Твен воҳимае беш нест, мутаассифона, ӯ зинда аст…». 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
ПЕШВОЁНИ СИЁСИИ АСРИ XX ЧӢ ГУНА ҲАҚҚИ ҚАЛАМ МЕГИРИФТАНД?
Зери ҳамин унвон дар саҳифаи «Шоми шанбе» дар бораи чанд тан аз онҳо маълумот хоҳем дод.
Иосиф Сталин:  «Ҳаққи қалам ба мардум»
Аз ҳама сермаҳсултарин нависанда дар СССР В. И. Ленин ба ҳисоб мерафт. Аммо асарҳои бисёрҷилдаи ӯ пас аз маргаш чоп шудаанд ва доҳии пролетариятҳо шаҳди ҳаққи қаламро начашидааст. Дар ҳамон замон Иосиф Сталин низ асарҳои зиёде эҷод карда, ҳаққи қаламашро эҳсонкорона тақсим намудааст.
Маблағҳои аз ҳисоби асарҳои чопшудааш бадастомадаро И. В. Сталин ба беҳтарин намояндагони илм ва фарҳанги Иттиҳоди Шуравӣ додааст. Бо ин мақсад, ба муносибати 60-солагии доҳӣ «Ҷоизаи ба номи И. В. Сталин» таъсис дода шуд. Пардохти он аз даромадҳои хусусӣ ва ҳаққи қалами Сталин сурат мегирифт.
Гарчанде маблағи умумии он муайян нест, вале оид ба ҳаҷми ҳаққи қалами Иосиф Виссарионович аз рӯйи маблағи ҳарсола (аз солҳои 1940 то 1954) пардохт мегардида, метавон натиҷагирӣ кард. Ҷоизаи аввал, 16-то 100 000 рубл ба ҳар кадом, дувум 50 ҳазор рубл ба ҳар 20 доранда, сеюм ба андозаи 25 000 рубл 30 довталаб дарёфт менамуд. Илова ба ин, се ҷоизаи аввал, панҷто дувум ва даҳто сеюм ба миқдори маблағҳои зикршуда барои муваффақиятҳо дар соҳаи дониши ҳарбӣ супурда мешуд. Маблағи ҳарсолаи «Ҷоизаи Сталин» 4 миллиону 150 ҳазор рублро ташкил медод. Ин маблағ дар миёнаҳои қарни XX дар Иттиҳоди Шуравӣ басо маблағи ҳангуфт маҳсуб мегардид.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
МАРГҲОИ ҒАЙРИОДӢ
8. МАРГ АЗ БЕЭҲТИЁТӢ
«Эҳтиёт ними ҳаёт»,- мегӯянд дар урфият тоҷикон. Аммо на ҳар кас ба умқи ин маънӣ мерасад. Бояд таъкид кард, ки маҳз аз беэҳтиётӣ нафарони зиёд ба фалокате дучор мегарданд. 
Боре дар шаҳри Искандарияи Ҷумҳурии Мисри Араб шахсе аз дӯсташ, ки ронандаи нақлиёти мусофиркаш буд, хоҳиш менамояд, то мори куброро ба шаҳри Кафр-аш-Шайх бибарад. Ронанда мори дар қуттибударо дар бордон мегузораду баъдан, чор мусофирро гирифта, ба роҳ медарояд. Ҳангоми ҳаракат, мори кубро аз қуттӣ мебарояд ва ба онҳо дарафтода, заҳр мезанад. Бар асари он, ҳам мусофирон ва ҳам ронанда ба ҳалокат мерасанд.
 
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИР
 
 
 
ДАЙВЕР ШАМШЕРИ 900-СОЛАИ САЛИБДОРОНРО ПАЙДО НАМУД
Дайвери ҳаваскор Шлом Катсин ҳангоми таҳқиқи камобии соҳилҳои шимолии баҳри Миёназамин шамшери қадимаи салибдоронро пайдо намуд. Вай, ҳамчунин, аз он ҷо лангарак ва сафол низ ёфт.
Пас аз он Катсин шамшерро ба раёсати молҳои антиқаи Исроил супурд ва ба ӯ сертификати «шаҳрванди хуб» тақдим намуданд. Коршиносон шамшерро баҳогузорӣ ва муайян карданд, ки он тақрибан 900 - сола мебошад. Пас аз тоза намудан онро ҳамчун ашёи боарзиш ба маърази умум хоҳанд гузошт.
Таҳқиқгарон изҳор доштанд, ки дар минтақаи шамшерёфтшуда, замонҳои пеш киштиҳо меистодаанд, бинобар ин, дар ин ҷо ганҷҳои зиёди археологӣ ниҳонанд. Аммо, ба сабаби зуд - зуд тағйир ёфтани регҳо пайдо карданашон душвор аст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки шамшер ба салибдор аз қалъаи маҳаллаи Атлит мансуб мебошад ва соҳиби он марди калонҷусса ва тавонманде будааст, зеро чунин шамшери калонро ҳар кас бардошта наметавонад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
Пабло Пикассо: «Беназир ҳаст, аммо ивазнашавандаро пайдо нахоҳӣ кард».
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ 
АЗ ТАҚСИМИ КУЛЧАҚАНД ОҒОЗ МЕШАВАД?
Соли 1957 қонуни асосии Швейтсария барои таъмини адолати иҷтимоӣ дар баррасӣ қарор дошт.  Раиси маҷлиси вакилон дар як тарабхона шоҳиди воқеаи аҷиб шуд. Ӯ мегӯяд: «Дар мизи канори ман марде, барои ду писари хурдакакаш як кулчақанд харид. Аз писари калонӣ хоҳиш кард, то онро ду қисм кунад. Баъдан аз писари дуюм хоҳиш кард, ки якеро интихоб намояд. Ба адолати ин падар қоил шудам. Яъне, агар писари калонӣ кулчақандро ноадолатона тақсим мекард, писари дуюм ҳақ дошт, ки аввал интихоб кунад. Ман донистам, ки қонун падар аст, давлат – писари калонӣ ва миллат – писари дуюм. То имрӯз ин таҷриба дар ҳама аркони Швейтсария ҳоким аст».
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
ТАЪЛИМГОҲҲОИ  ҒАЙРИОДИИ ҶАҲОН
ТАЪЛИМГОҲ ДАР ҒОР
 
Музофоти Гуйчжоуи Чин яке аз музофотҳои нодортарини кишвар буда, дар он ҷо сокинон аксар вақт ғизои дуруст намехӯранд ва ҳатто наметавонанд, ки ба худ пойафзоли изофӣ харанд. Ба ин нигоҳ накарда, сокинони музофот тавонистанд, ки ба фарзандони худ таълимгоҳе бунёд намоянд. 
Маблағе, ки аз ҷониби давлат ба Гуйчжоу ҷудо мегардид, ҳатто барои бунёди бинои муқаррарӣ кифоягӣ намекард. Аз ин рӯ, бошандагони музофот тасмим гирифтанд, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ муассисаи таълимӣ созанд. Онҳо ғореро ба сифати бинои таълимгоҳ интихоб намуда, дар он шароити таълимро фароҳам оварданд ва ин мактаб аз соли 1984 то соли 2011 фаъолият кард. Дар таълимгоҳ 8 омӯзгор фаъолият карда, дар 27 сол ба садҳо кӯдакон таълим додаанд. Имрӯз таълимгоҳи даруни ғор баста шуда бошад ҳам, дар ин ҷо то ҳол мактабе, ки бо ҳама шароитҳо муҷаҳҳаз бошад, бунёд нагардидааст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ 
ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДУНЁ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 Рӯзи Президент бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Таҷлили Рӯзи Президент - ин арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд.
Дар Қазоқистон аз 1 декабри соли 2012 инҷониб Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Соли 1991 дар ҳамин рӯз мардуми қазоқ бори нахуст Президенти худро интихоб карданд. Аз ин рӯ, ин сана рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. 
Ҳар сол, рӯзи душанбеи сеюми моҳи феврал дар Амрико Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд ин рӯз расман ба ҳаёт ва фаъолияти Ҷорҷ Вашингтон, ки 22 феврал таваллуд шудааст, бахшида мешавад, аммо ин рӯзро ҳамаи президентҳои Амрико гиромӣ медоранд.
Дар ҷазираҳои Маршалл Рӯзи Президент 17 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи соли 1928 нахустин Президенти кишвар Амата Кабуа ба дунё омад, ки яке аз асосгузорони истиқлолият маҳсуб мешавад.
Дар Ботсвана Рӯзи Президентро душанбеи сеюми моҳи июн ҷашн мегиранд. Ин ҷашн  ба ифтихори Серетсе Кхама, аввалин роҳбари он (1966-1980) ҳар сол таҷлил мегардад. Дар зодгоҳаш аз ӯ ҳамчун муборизи зидди фасод ва ислоҳталаби муваффақ ёдовар мешаванд. 
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
 
17. ЗОДРӮЗ САБАБИ АҚИБНИШИНИИ НЕМИСҲО
Соли 1944 маршал Эрвин Роммвел, ки масъули ҳимояи марзи Аврупо аз неруҳои иттифоқ буд, рухсатии кӯтоҳмуддат гирифта, мехоҳад дар зодрӯзи ҳамсараш якҷо бо аҳли оила бошад. Маҳз дар ҳамин рӯз, аниқтараш 6 июн, қувваҳои иттифоқчиён ба ҳудуди Нормандия даромада, сафҳои худро устувор мекунанд. Дар натиҷа, хатои як маршал ба он оварда мерасонад, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҷрояшро ба манфиати иттифоқчиён якбора табдил медиҳад ва билохира ҳамин як хато Германияро маҷбур мекунад, ки дар муҳориба мавқеашро аз даст диҳад. 
 
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
АЗ ИРОДА ТО АМАЛ
ҶОИЗАДОРИ ОСКАР ДАР ДАҲСОЛАГӢ
 
“Моҳтоби қоғазӣ” (соли 1973) унвони филмест, ки Татум О` Нили даҳсоларо рӯйи саҳнаи синамои ҷаҳонӣ овард. Ӯ бо нақшофарии олиаш дар ин филм аз ҷумлаи хурдсолтарин нафарони дорандаи ҷоизаи “Оскар” гардид. 
Татум 5 ноябри соли 1963 дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА дар оилаи актёр Райан О` Нил ба дунё омадааст. Дар филми “Моҳтоби қоғазӣ” духтари хурдсол ҳамсафари қаллобе мегардад ва онҳо аз шаҳр ба шаҳр кӯч мебанданд. Ҳунарнамоии Татуми 10-соларо, ки бори аввал ба рӯйи экрани синамо баромад, коршиносон олӣ баҳо доданд. Барои Татум аз як ҷиҳат ҳамсафари қаллоб шудан осон буд, чунки ин нақшро падараш иҷро мекард. 
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
5  РОҲИ ДУРУСТИ ТАРБИЯИ КӮДАКИ ҲУШМАНД
5. ЗАРУРАТИ МЕҲНАТ КАРДАНРО БА КӮДАК ТАЪКИД НАМОЕД
Пажӯҳишгар Керол Двек аз Донишгоҳи Стэнфорд чунин мешуморад, ки нишондоди баланди IQ дар кӯдак ҳанӯз муайянкунандаи ягона муваффақияти ояндаи ӯ нест. Керол баъди омӯзиши зиёд ба хулосае омад, ки пайваста таъкид кардан дар бораи меҳнат намудану заҳмат кашидан ба зеҳни кӯдакон барои ҳамеша таъсири мусбат мерасонад. 
Ӯ муътақид аст, ки таърифи ноҷо ва дурӯғини волидон ба кӯдак таъсири бад дорад. Фарзандон гумон мебаранд ҳама чиро метавон осон ба даст овард. Баръакс, агар шумо кӯдакатонро барои заҳмат кашидану ҳал намудани масъалаи душвор таъриф намоед, дарк менамояд, ки истодагарӣ дар ҳалли масъалае натиҷаи хуб дорад ва муваффақият кам осон ба даст меояд. 
 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
МЕТРО
Чанд иттилои ҷолиб
 
Соли 1863 аввалин метро дар Лондон ба кор шуруъ кард, ки куҳнатарин метрои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Дар шаҳри Ню-Йорк 472 истгоҳи метро фаъол буда, дар олам аз ҳама зиёд аст.
Аз метрои Токио рӯзе 9 миллион кас истифода мебарад.
Метрои Пхенян дар чуқурии 100 метр воқеъ буда, барои расидан ба платформа 4 дақиқа вақт лозим аст.
 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ
2. БРАЙС КАНЙОН ДАР ИМА
 
Ҳама дар бораи мавзеи ҷолибу дидании Гранд Канйон медонанд, аммо табиати  муъҷизаосои дигар - Брайс Канйонро низ дар ин радиф номбар кардан мумкин аст, ки бо зебоӣ ва тарзи ҷойгиршавиашон диққати бинандаро, бешубҳа, ба худ ҷалб мекунанд. 
Дар Брайс Канйон амфитеатрҳои зиёди табиӣ мавҷуданд. Қувваи шамол ва эрозияи об ин сутунҳое, ки дар назар хеле ҷолиби диққат метобанд, офаридаанд. Ҳатто онҳо номи аҷоиб ҳам доранд - Худу.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2021    №: 232    Мутолиа карданд: 646
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед