logo

Хабарҳо

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

 
ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров бо ҳамтоҳои чиниву ҳиндии худ Ван И ва Субраманям Ҷайшанкар имрӯз дар нишасти навбатии сарварони бахшҳои дипломатии формати Россия - Ҳиндустон-Чин (РҲЧ) ширкат хоҳад кард.
Бори охир ҷонибҳо моҳи сентябри соли гузашта дар Маскав мулоқот карда буданд. Дар натиҷаи ин гуфтушунид раисӣ дар формати  РҲЧ ба Ню - Дели гузашт. Ҷаласаи кунунӣ тавассути видео-конфронс баргузор мешавад ва интизор меравад, ки рӯзномаи хеле васеъ - аз амиқсозии ҳамкориҳои сеҷониба то вазифаҳои таҳкими пояҳои бисёрҷонибаи низоми ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла дар СММ, G20, СҲШ, БРИКС ва ғайраро дар бар гирад.  
Кӯшишҳо барои мубориза бо паҳншавии коронавирус, масъалаҳои суботи стратегӣ, муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ, инчунин,  тағйирёбии вазъ дар Афғонистон, Мянма ва Шарқи Наздик мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.
 
Токаев ва Сарвазири Белгия дар бораи таъсиси комиссияи байниҳукуматӣ ба мувофиқа расиданд
 КазТАГ. Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев ва Сарвазири Белгия Александр Де Кроо дар бораи таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд, - хабар медиҳад дафтари матбуоти  Акорд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризм, қочоқи инсон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва муқовимат бо пандемияи коронавирус баррасӣ шуданд. 
Касим-Жомарт Токаев дар мавриди иқдомоти Қазоқистон ҷиҳати расондани ёрии башардӯстона ба  Афғонистон суҳбат кард.
 
 
Дархости Беларус  аз Иттиҳоди Аврупо
Мир 24. Беларус аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки ҳалли буҳрони муҳоҷиратро суръат бахшад. Наталя Кочанова, раиси палатаи болоии парлумон, дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар бораи вазъи гурезаҳо дар марз бо Иттиҳоди Аврупо сухан гуфт.
«Мо тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем, ки одамонро дар душворӣ нагузорем. Аммо мардум мегӯянд, ки ҳадафашон  ба он ҷое, ки хешовандонашон ҳастанду онҳоро даъват кардаанд, рафтан мебошад. Давоми ду - се ҳафта аст, ки одамон дар ҳолати номуайянӣ қарор доранд. Ба андешаи ман, вақти он расидааст, ки ба ҳалли ин мушкилот рӯ оварем ва ин низоъро ҳал кунем”, - гуфт Кочанова.
 
 
Олимони чинӣ пешниҳод карданд, ки қатораҳои қанотдор сохта шаванд
PLANET TODAY. Қатораҳои муосири хеле баландсуръати Чин метавонанд то 350 км/соат суръат гиранд, аммо муҳандисон ва олимон итминон доранд, ки ин натиҷаи ниҳоӣ нест. Суръати қатораҳои насли нави CR450 450 км/соат хоҳад буд - роҳҳо барои ин қатораҳо, аллакай, сохта мешаванд, аммо шакли нақлиёт ҳанӯз муайян нашудааст. Ҳамчун яке аз вариантҳо, олимон пешниҳод намуданд, ки қатораҳои хеле баландсуръат бо болҳо муҷаҳҳаз шаванд, то вазнинӣ ба чархҳо кам  гардад.
Ба наздикӣ дар Acta Aerodynamica Sinica мақолае дар ин мавзуъ нашр шуд, ки аз ҷониби кормандони Маркази инноватсионии гидродинамикаи Чэнду таҳти роҳбарии муҳандис Чжан Сзюн таҳия шудааст. Олимон, аз ҷумла натиҷаҳои моделсозии аэродинамикии  қатораҳои хеле тезсуръати болдорро пешниҳод карданд.
Ҳисобу китоб нишон медиҳад, ки агар тепловоз бо якчанд ҷуфт болҳои хурд ҷиҳозонда шавад, вазниниро ба чархи қатора 30 фоиз кам мекунад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1208
26.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев бовар дорад, ки Қазоқистон баъд аз ошӯбҳои моҳи январ ба зудӣ барқарор мешавад

ТЕМУРМАЛИК. ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

24.01.2022


Россия барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо мекунад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Изҳороти дипломати рус дар Вена

СПИТАМЕН. ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНОН БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

МАСТЧОҲ. ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

КӮЛОБ. ТАШАББУСҲОИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР ДАР САМТИ РОҲСОЗӢ

19.01.2022


ВОДИИ РАШТ. ВАҚТЕ ҲУКУМАТ БО САРМОЯГУЗОРОН ҲАМКОРИ БОЭЪТИМОД АСТ...

КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАВЗЕЪҲОИ ХАТАРЗО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ҲАДАФ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

17.01.2022


Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Рӯйдодҳои илмӣ

14.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Намоишгоҳи осори таърихии Тоҷикистон дар Париж ба поён расид

07.01.2022


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тоҷикистон ният дорад дар доираи СААД ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатар кумак кунад

ВАХШ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

15.12.2021


Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мегардад

Маъмурияти дипломатии сафири Украина дар Тоҷикистон ба анҷом расид

ВМКБ. Ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД

29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед