logo

ҳуқуқ

ДУРӮҒ ОДАМИРО КУНАД БЕФУРӮҒ

Бархе мардум аз содагӣ ва ё зудбоварӣ ба доми фиреби ҳар касу нокас афтода, мутеъву побанди фитнаи ашхоси қаллоб мегарданд. Шояд ин содагиву зудбоварӣ аз софдилию боинсофии чунин шахсон маншаъ гирад. Софдилие, ки дар бештари маврид боиси пайомадҳои ногувор ва зиёни маънавию моддӣ дар рӯзгори онҳо мегардад.

 
Мақсад аз овардани чунин муқаддима аз он иборат аст, ки солҳои охир ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бо тариқи қаллобӣ тасарруф кардани маблағ ва амволи шаҳрвандон, зиёд ба чашм мерасанд. Қиёсу таҳлили масъалаи мавриди таваҷҷуҳ собит менамояд, ки дар бештар мавридҳо ба хотири ба даст овардани фоидаи шахсӣ ва фурӯши амвол худи ҷабрдидагон ба содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, шаҳрвандон дар мавриди муомилоти пуливу молӣ, талаботи қонунро сарфи назар намуда, сари вақт ҳуҷҷатҳои лозимиро тартиб надода ё маблағи амволи худро ба пуррагӣ нагирифта, онро ба моликияти қаллобон мегузаронанд. Аз ин муносибати содалавҳонаи онҳо шахсони фиребгару маккор истифода намуда, амволро бо арзиши ночиз фурӯхта, маблағи онро ба манфиати худ истифода мебаранд.
Чунин рафтори ҷабрдидагон дар мавриди ошкору тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ низ мушкилоти зиёдро дар назди мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ба вуҷуд меорад.
Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Охонов Тошбек Бахтиёрович бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки ӯ дар содир кардани ҷиноят, пеш аз ҳама, аз зудбоварӣ ва содагии ҷабрдидагон суистифода намудааст. Чунончи, номбурда бо мақсади қаллобӣ ба бовари шаҳрванд Илёсов Умедҷон Ғиёсиддинович даромада, аз вай автомашинаи тамғаи «Лексус» RХ-330-ро ба маблағи 65000 сомонӣ нарх гузошта ба охирин маблағи 20000 сомонӣ дода, ваъда медиҳад, ки маблағи боқимондаро давоми як моҳ ба пуррагӣ мепардозад. Вале, Т. Охонов автомашинаро ба маблағи 57000 сомонӣ фурӯхта, пули бо роҳи ҷиноятӣ бадастовардаашро  ба манфиати худ сарф намудааст.
Ӯ бо ҳамин тарзу усул ба бовари шаҳрвандон Сидиқов М. Б., Ҳайдаралиев М. М. ва Шоҳрӯзи Шодӣ даромада, бо пардохти як қисми арзиши амвол автомашинаҳои онҳоро ба таври қаллобӣ аз худ намуда, маблағи аз фурӯши онҳо бадастовардаро ба манфиати худ сарф кард. Дар натиҷа, ба Сидиқов М. Б. ба маблағи 42000 сомонӣ, ба Ҳайдаралиев М. М. 120000 сомонӣ ва ба Шоҳрӯзи Шодӣ 55000 сомонӣ зарари моддӣ расондааст.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ, ҷиноятҳои дигари ба ин монанд низ ошкор шуданд.
Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд Чоршанбиев З. М. бо моддаҳои 246, қисми 3, банди «б» ва 247, қисми 4, банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки номбурда бо мақсади тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда, бо Саидмамадов Ифтихор Орзумамадович маслиҳати пешакӣ намуда, манзили истиқоматии писарамакаш Ҳусинов Шоҳрух Мустафоевич, воқеъ дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров, бинои 40/5, ҳуҷраи 42-ро дар ҶСП «Кафолатбонк» дар шаҳри Душанбе ба гарав гузошта, 250000 сомониро гирифта, минбаъд маблағи мазкурро тасарруф намуда, ба манфиати худ истифода бурдааст.
Инчунин, Чоршанбиев З. М. худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, ба бовари шаҳрванд Маҳмадалиев Азизулло Ҳусайнович даромада, бо баҳонаи озод намудани фарзандаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар 4 лаҳза маблағи 23500 сомонии номбурдаро гирифта, ба кисаи худ задааст.
Бо ҳукмҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Охонов Т. Б. бо ҷазои 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ва Чоршанбиев З. М. бо ҷазои 11 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шуданд.
Мутаассифона, дар амалишавии ҷиноят аз ҷониби Охунов Т. Б. ва Чоршанбиев З. М. худи ҷабрдидагон то андозае мусоидат намудаанд.
Барои ба доми қаллобон наафтодан, шаҳрвандон бояд дар мавриди харидуфурӯши амволи гаронарзиш ва додани қарз ҳуҷҷатҳои расмиро тартиб дода, онро дар идораҳои нотариалии давлатӣ расмӣ намоянд, то ин ки дар оянда ба доми фиреби қаллобон наафтанд.
 
Рустам ТАҒДИРЗОДА,
прокурори калони раёсати назорати 
қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.12.2021    №: 240    Мутолиа карданд: 3313
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед