logo

Хабарҳо

ОМӮЗГОРИ СОЛ. ҒОЛИБИ ОЗМУН МУАЙЯН ШУД

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021” ҷамъбаст гардид. Тавре аз маркази матбуоти вазорат хабар доданд, давоми се рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд. Дар натиҷаи баҳогузорӣ ва хулосаи ҳакамон, Хушбахт Азизбеков,  омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и шаҳри Хоруғ, ғолиб баромад. Дар вазорат маросими ҷамъбастӣ ва туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун баргузор гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илм, Гулчеҳра Ғанизода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кумитаи тадорукот ва аъзои ҳакамон   ширкат варзиданд.
Муҳаммаддовуд Саломиён иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омодааст омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва заҳмати онҳоро қадр намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон маҳорату малака ва таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ созанд.
Иштирокдорони озмун Моҳира Мусоева, омӯзгори фанни географияи Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Сунбула Юсупова, омӯзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳри Роғун, Наима Зоидова, омӯзгори фанни физикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шавкат Тағоев,  омӯзгори фанни физикаи Литсейи тамоюли техникии ба номи “Афлотун” дар ноҳияи Данғара бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукоти озмун қадр гардиданд. 
Ҳамзамон, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатдорони озмун сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ супурда шуданд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 513
20.05.2022


Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ

ҲАНГОМАИ НАВБАТИИ «РЕАЛ». Ё ЧӢ ТАВР ТИМИ ШОҲОНА БА ФИНАЛ БАРОМАД?

Хаскаш Абдуллоев: «Мо бояд сулҳро қадр кунем»

Ҷаҳон дар як сатр

05.05.2022


Ҳеҷ кас ва хеҷ чиз фаромӯш нашудааст!

Дурахши паҳлавони тоҷик дар ИМА

Путин ва Лукашенко омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. БАРДОШТ АЗ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ӮЗБЕКИСТОН. САФИР БА ДИДОРИ МАҲБУСОН РАФТ

НОМГУЗОРИИ ҚУЛЛАҲОИ ПОМИР БА НОМИ ШОИРОН МИРСАИД МИРШАКАР ВА МУЪМИН ҚАНОАТ

03.05.2022


Кумакҳои Рустами Эмомалӣ ба табақаи ниёзманд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед