logo

иқтисод

ШЕРАЛӢ КАБИР: «ТОҶИКИСТОН ДАР ИДМ БА ЗИНАИ АВВАЛ БАРОМАД»

Зимни ҷамъбасти фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар соли 2021 роҳбари ниҳод Шералӣ Кабир гуфт, ки Тоҷикистон соли гузашта аз рӯйи  рушди саноат миёни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойи аввал қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 38,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пешӣ 8,2 миллиард сомонӣ зиёд аст.


– Тибқи маълумоти расмии Агентии омори ИДМ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар дар як сол 22,9 дарсад афзуд. Барои қиёс ин нишондиҳанда дар Молдова 12,9, Ӯзбекистон 9,5, Беларус 7,1, Россия 5, Қазоқистон 2,9 ва Қирғизистон 0,2 дарсадро ташкил медиҳад, – афзуд вазир.
 
412 КОРХОНА АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗ МОНД. ЧАРО? 
Таъкид гардид, ки порсол дар ҷумҳурӣ, қатъи назар аз пайомадҳои ногувори пандемияи коронавирус, беш аз сесад корхонаю коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз панҷ ҳазору сад нафар соҳиби ҷойи кор шуд. 
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар ин давра 412 корхона (322 корхонаи мавсимӣ, 90 корхонаи аз фаъолият бозмонда), аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 125, вилоятҳои Хатлон 99, Суғд 89, ВМКБ 14 ва НТҶ 85,  фаъолият накард. Шералӣ Кабир сабаби асосии инро дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор доштан, муфлисшавӣ, мушкилоти молиявӣ, қарзи андозӣ, баҳси амвол бо бонкҳо, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома ва амсоли инҳо донист. Дар баробари ин, вазир гуфт, ки соли рафта ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Анавак”-и кони ангишти Ҳакимӣ ва “Шаҳрод"-и шаҳри Турсунзода, ҶДММ “Назирӣ”-и ноҳияи Ш. Шоҳин, ҶДММ “Қутайба”-и ноҳияи Кӯшониён, ҶДММ "Сангрез"-и ноҳияи Файзобод, ҶДММ "Турон"-и  ноҳияи Рӯдакӣ ва ҶДММ "Мрамор Стоун"-и ноҳияи Ванҷ, ки солҳо кор намекарданд, ба фаъолият пардохтанд. 

СОҲАИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ РӮ БА РУШД
Тавре Шералӣ Кабир иброз дошт, порсол корхонаҳои соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо тавлидотро 61 дарсад зиёд карда,  ба маблағи 12,4  миллиард сомонӣ маҳсулот бароварданд. Зикр гашт, ки ҳиссаи ҶДММ КМ «Зарафшон» дар ҳаҷми умумии истеҳсолот 64, ҶДММ «Пакрут» 13 ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» 10 дарсадро ташкил дод. 
ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» баъди ба кор андохтани навбати дуюми корхона, ба сохтмони навбати сеюм –  хатти истеҳсоли сурмаи металлӣ шуруъ кард. Коргоҳи металлургии истеҳсоли сурби ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», ки қаблан бо сабабҳои техникӣ аз фаъолият боз монда буд, дубора ба фаъолият оғоз намуда, 1,9 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намуд. Ҳамзамон, бо мақсади афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ҶСП «Талко Голд» дар заминаи гурӯҳи конҳои «Кончоч» сохтмони фабрикаи ғанисозӣ ва иншооти ёрирасонро идома дода, барои амалишавии лоиҳа зиёда аз 100 миллион доллари ИМА сармоя ҷалб кард. Алҳол бунёди иншоот 86 дарсад ба итмом расида, корҳои сохтмонӣ, васлу насби хатҳои технологӣ ва ворид намудани дастгоҳ ва таҷҳизот бомаром ҷараён доранд.
 
САНОАТИ САБУК БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 4 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТ ТАВЛИД ГАРДИД
Шералӣ Кабир таъкид сохт, ки саноати сабук бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушди устувор ниҳодааст. Бахусус, тайи чанд соли охир дар самти нассоҷӣ, қоллинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли мебел, коркарди пӯст ва ҷӯроббофӣ иқтидорҳои нав рӯйи кор омаданд. Аз ҷумла, дар натиҷаи имтиёзҳои фароҳамгардида, порсол корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо дар назар гирифтани корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи беш аз чор миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Корхонаҳои коркарди нахи пахта 23,3 ҳазор тонна ресмон ва коргоҳҳои бофандагӣ 15,6 миллион метри мураббаъ матоъ тавлид намуданд. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар қиёс ба соли қаблӣ афзуда, ба хориҷи кишвар ба маблағи 212,4 миллион сомонӣ коло содирот шуд. Бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то оғози соли хониши 2021 – 2022 таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зиёд  роҳандозӣ гардида, истеҳсоли либоси мактабӣ дар ин давра ба 2 миллиону 670 ҳазор дона расид.  
Шералӣ Кабир иброз дошт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ шаш корхонаи халтабарорӣ бо таҷҳизоти муосир фаъолият дорад, ки иқтидори онҳо барои бароварда сохтани талаботи бозори  дохилӣ  бо халтаҳои полипропиленӣ ҷиҳати бандубасти семент, шакар, орд, маҳсулоти макаронӣ, хошоки омехта (комбикорм), маъданҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар маҳсулот кофист. Аз ҷумла, соли гузашта 90,5 миллион дона чунин халта истеҳсол гардид. Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноати сабук нисбат ба соли пешӣ афзуда, 283,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. 

САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ. ИСТЕҲСОЛ РӮ БА АФЗОИШ
Дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 536 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ машғул мебошад, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми назаррас доранд. Истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар қиёс ба соли қаблӣ зиёд буда, 7 миллиарду 548,4 миллион сомониро ташкил дод. Ҳамин аст, ки содироти маҳсулоти саноати хӯроквории кишвар, ба монанди консерваи меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан, қаннодӣ, орд, меваҳои хушк ба мамолики хориҷи дуру наздик мунтазам меафзоянд. Аз ҷумла, соли сипаришуда содироти маҳсулот зиёда аз 260 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 93,7 миллион сомонӣ беш аст. 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2022    №: 32    Мутолиа карданд: 3087
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед