logo

ҳуқуқ

АРТИШИ МИЛЛӢ СИПАРИ БОЭЪТИМОД ВА БАЁНГАРИ ҚУДРАТУ ТАВОНМАНДИИ ДАВЛАТ АСТ

Бисту нуҳ сол муқаддам Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи печидае таъсис ёфт, ки ҳанӯз осори садама дар зербинои аркони давлатдории мо аз байн нарафта буд. Дар ҳамин ҳол, ҷомеаи кишвар ба оғоз ва дурнамои ин амр хушбин буданд, зеро баъд аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ва интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ хатари суқути давлат пешгирӣ ва дар қалби мардум шуълаи умед ба фардои нек медурахшид. Ҳоло бо гузашти солҳо Артиши миллии мо ба кадом пешрафту дастовардҳо ноил шуд. Вобаста ба ин, дар суҳбат бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковник Шералӣ Мирзо ба роҳи паймудаи Қувваҳои Мусаллаҳ мурур кардем, саҳифаҳои касби камолот ва иқтидори мудофиавии Артиши миллиро варақ задем, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад: 
- Муҳтарам Шералӣ Мирзо, албатта, таърихи таъсиси Артиши миллӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон сабт аст. Вале фикр мекунам, дар оғози суҳбат бори дигар ёдовар шудан аз заминаҳои бунёдӣ ва марҳилаҳои рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои огоҳии бештари хонандагони рӯзнома манфиатбор хоҳад буд. 
- Баъд аз заволи Иттиҳоди Шуравӣ, сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Вале, барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт ва Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ аз сифр бунёд гардид. 
18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. 23 феврали соли 1993, нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Албатта, бунёд ва тақвият бахшидану ба неруи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол, ки дар марҳилаи гузариш ба низоми нави давлатдорӣ қарор дошт, он солҳо кори осон набуд. Новобаста аз вазъияти ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳбудии шароити хизмативу маишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтару беҳтар кардани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамуданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Марҳилаи аввал, ки, аллакай, пушти сар шуд, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки муваффақона анҷом ёфт. Дуюм, марҳилаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳоло ҳам давом дорад. 
Даври асосӣ - ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам идома дорад.
Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият мекунад: Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал.
 
- Табиист, ки вазъи низомии ҷаҳони муосир ташаккули Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоиро беш аз ҳар вақти дигар тақозо менамояд. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дорои кадом иқтидорҳост? 
- Нахуст, бояд гуфт, ки Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ яке аз нахустин неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 1993 таъсис ёфт ва ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллист. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994, бунёд шудааст. Ин ду навъи қӯшун то соли 2005 дар ҳайати Артиши миллӣ мустақилона амал мекард. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, муттаҳид ва ба як навъи қӯшун табдил дода шуданд. 
Айни замон, ҳавопаймову чархболҳои ҷангию нақлиётии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мушакҳои муосири мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ, бо омодагии баланди ҷангӣ аз замин фазои ҷумҳуриро назорат ва аз фазо сарҳадоти заминии кишвар ва марзҳои ҷанубии ИДМ-ро муҳофизат мекунанд.
 
- Тавре Шумо, аллакай, тавзеҳ додед, дар баробари неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҳамчунин, ду навъи дигар - Қӯшунҳои хушкигард ва Қӯшунҳои зудамал ҳайати Артиши миллиро пурра месозанд. Ин қӯшунҳо кадом уҳдадориҳоро иҷро мекунанд ва ҳоло чӣ тавонмандиҳое дар ихтиёр доранд? 
- Дар ин маврид, нахуст бояд гуфт, ки Қӯшунҳои хушкигард, моҳи июни соли 1997 таъсис ёфта, он ҳамчун раёсат масъулияти идора намудани дивизияҳо, полку бригадаҳо ва ротаву баталионҳои алоҳидаи низомии ин навъи қӯшунро бар уҳда дорад. Аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард, асосан, соли 1993 ташкил ёфта, дар тобеияти сардорони гарнизонҳои ҳарбӣ амал менамуданд. Батадриҷ, тамоми неруҳои алоқаманд ба фаъолияти ин навъи қӯшун, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои пиёданизом, савораи тирандоз, баталиону полкҳо ва бригадаҳои танкиву артиллерӣ, ба ҳайати раёсати Қӯшунҳои хушкигард шомил шуданд. Ва ҳоло он аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, 70 дарсади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Қӯшунҳои зудамал бошанд, аз ҷавонтарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб ёфта, моҳи сентябри соли 2003 дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии Артиши миллӣ аз ҳисоби қисмҳои низомие, ки аз соли 1993 то соли 2003 дар алоҳидагӣ фаъолият мекарданд, бунёд шуд. Ба ҳайати Қӯшунҳои зудамал Бригадаи ҳамлавари десантӣ-зарбавӣ, Баталиони сулҳҷӯёна, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои низомии таъиноти махсус ва як қатор ҷузъу томҳои фаврӣ, шомил мебошанд. 
Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро доро буда, дар доираи ҳамкориҳои ҳарбии дуҷонибаву бисёрҷониба ва дар ҳамоҳангӣ бо неруҳои созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста машқҳои муштараки низомиро доир менамоянд. Аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамал аз ҷумлаи неруҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, ҳайати шахсии он аз рӯйи барномаи тақвиятдодашудаи омодагии ҷангӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. 
Бояд илова намоям, ки ғайр аз се навъи қӯшунҳои Артиши миллӣ ва ҷузъу томи тобеи онҳо, ҳамзамон, дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, полки таъминотиву идоракунӣ, полки муҳандисӣ-сапёрӣ, баталиони сохтмонӣ, госпиталҳои ҳарбӣ, қисмҳои низомии таъминотӣ, Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар идораҳои низомӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии мамлакат ташкил ёфта, вобаста ба ҳадафу вазифаҳои таъинот ва хусусияти таъсисашон, уҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангиро иҷро мекунанд.
 
- Муҳтарам генерал-полковник, вақте сухан дар бораи уҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангӣ рафт, мехоҳам ин суолро ҳам матраҳ намоем, ки феълан омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чӣ сатҳе метавон арзёбӣ кард?
- Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд. 
Ҳамасола дар доираи нақшаи мудофиаи Тоҷикистон ва нақшаи ягонаи тайёрии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё худ захираҳои сафарбарӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, маҷмуи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки ин ҳама, албатта, дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ таъсиргузоранд. 
Илова бар ин, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он, дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ доир намуда, дар размоишҳои муштараки минтақавию байналмилалӣ низ фаъолона иштирок менамоянд. 
Соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 100 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 130 ҳазор афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмуъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатари ҷангии “Марз-2021” дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалётӣ ҷамъ омада омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд. Ҳамчунин, дар санҷиши омодабошии ҷангӣ, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаҳои артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 чархболу ҳавопаймоҳои ҷангиву нақлиётӣ истифода гардиданд.
 
- Моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тарҳи нав қабул шуд. Ин қонун аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие буд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёд гардид ва баҳсу баррасиҳое низ атрофи он дар миён буданд. Воқеан, қонуни мазкур чӣ афзалиятҳо дорад ва то кунун дар низоми ҳарбии мамлакат кадом тағйиротҳоро ба вуҷуд овард? 
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонда шудааст. Он як қатор навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулиятнокии онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст. 
Қонуни мазкур се шакли хизмати ҳарбиро муайян намудааст. Онҳое, ки пас аз хатми муассисаҳои миёна ва миёнаи касбӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, муҳлати хизмати онҳо 24 моҳро дар бар мегирад. Шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Нафароне, ки муассисаҳои олиро бидуни омӯзиш дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, онҳо низ ба муддати 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд, вале баъди анҷоми муҳлати хизмат соҳиби рутбаи ҳарбии то сержант мешаванд. 
Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ин як навоварӣ ва шакли нави хизмати ҳарбист. Шаҳрвандони синни даъватие, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян, ки андозаи он мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 июли соли 2021, чорсаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст, бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа уҳдадории ҳарбии худро адо намуда, бо гирифтани билети ҳарбӣ ва рутбаи сарбози қаторӣ ба ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ворид шаванд.
Бо ҳамин тартиб, нимаи дуюми моҳи январи соли 2022 дар пойгоҳи марказҳои таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд, аллакай теъдоди муайяни сарбозоне, ки ихтиёран ва бо пардохти маблағи муқарраршуда ба ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалб гардида буданд, уҳдадорӣ ё худ хизмати ҳарбиро бо гузаштан аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ адо карда, баҳри садоқат ба халқу Ватан савганди ҳарбӣ ёд намуданд ва ба ҳайати захираҳои эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
 
- Маълум аст, ки дар ҳама маврид ва дар ҳама соҳаҳо сатҳу сифати фаъолият ба вазъи иҷтимоии кормандон бастагӣ дорад. Ҳоло вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ чӣ гуна аст ва онҳо аз кадом имтиёзҳо бархӯрдоранд?
- Боиси қаноатмандист, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста таваҷҷуҳу ғамхориҳо зоҳир мешаванд. Дар низоми қонунгузории мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” амал мекунад, ки тибқи талаботи он ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, пешниҳоди 50 дарсади маблағ барои истифодаи об, хизматрасонии коммуналӣ, пардохти иҷорапулӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, ба осоишгоҳҳо равон намудани онҳо, ҷалби фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ ба фароғатгоҳҳои кӯдакона, ташкили ярмаркаи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ба табобати ройгон фаро гирифтани хизматчиёни ҳарбӣ ва узви оилаи онҳо, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтани биноҳои истиқоматӣ, тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ба таври ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ мебошанд. 
Бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат наздики 600 хизматчии ҳарбӣ ва оилаи онҳо бо манзили зист таъмин шудаанд.
Дар баробари имтиёзҳои зикргардида, ҳамзамон, баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ яке аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат аст, ки ҳамасола амалӣ мешавад. Чунончи, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022, музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ба миқдори 25 фоиз зиёд гардида, ба сатҳи зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ таъсири мусбат расонд.

Мусоҳиб Фирӯз РАҲМОНИЁН, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2022    №: 37    Мутолиа карданд: 1674
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед