logo

иқтисод

ВАНҶ: ШУКР ГӮӢ, НЕЪМАТАТ АФЗУН ШАВАД...

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар соли 2021 баҳри иҷрои саривақтии  супоришҳо ва вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Паём ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 дар назди мо гузоштаанд, диққати  зарурӣ дода, як қатор корҳоро ба анҷом расондааст, - иброз дошт Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ.
 
ИҶРОИ НАҚШАИ БУҶЕТ КАЛИДИ КОМЁБИҲОИ ИҚТИСОДИСТ
Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,0 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 8 миллиону 520 ҳазору 151 сомонии пешбинишуда 8 миллиону 860 ҳазору 642 сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 340 ҳазору 491 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 – ум 1 миллиону 202 ҳазору 934 сомонӣ зиёд мебошад.
Таҳлили сифатнокии нақшаи даромадҳои давлатии буҷети маҳаллӣ нишон дод, ки аз 10 намуди сарчашмаи даромадҳои давлатӣ, аз ҷумла андози даромад аз шахсони воқеӣ  нақшаи пешбинишуда 3 миллиону 670 ҳазор сомонӣ буд,  иҷрои он 3 миллиону 755 ҳазору 797 сомониро ташкил дод, яъне ба 102,3 фоиз расонда шуд.
Андоз аз фоида 104,6, андози ғайриманқул 113,3, андоз аз арзиши иловашуда 229, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 101,2, андози низоми содакардашуда 102,2, андоз аз соҳибони воситаи нақлиёт 103,4, андоз аз боҷи давлатӣ 136,5 ва воридоти ғайриандозӣ бошад 101,1 фоиз  иҷро гардиданд. 
Ба ҳолати 1 январи соли 2022 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 108 ҳазору 328 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 114 ҳазору 365 сомонӣ кам аст.
 
СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Дар соли 2021 аз тарафи нозироти андоз 168 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 76 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 365 ҳазору 654 сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1010 сомонӣ зиёд мебошад. 
Дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатӣ ва хориҷии сармоягузорӣ ба маблағи 59 миллиону 211 ҳазору 832 сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Маблағи азхудшуда 43 миллиону 303 ҳазору 329 сомонӣ ё 73,1 фоизи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ барои солҳои 2016-2020 271 лоиҳаро ба маблағи 333 миллиону 366 ҳазору 100 сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 31 декабри соли 2020-ум 48 лоиҳа ба маблағи 55 миллиону 011 ҳазору 405 сомонӣ (35,3 фоиз) ба иҷро расидааст. Имрӯзҳо азхудкунии маблағҳои лоиҳавӣ суръат гирифтаанд. 
 
САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиону 491 ҳазору 900 сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 1 миллиону 120 ҳазор сомонӣ зиёд ё 120,8 фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли сангрезаи мармарӣ 100 фоиз 634 тонна, иҷро гардида истеҳсоли хишти сементӣ ба 2,4 ҳазор дона ва хишти пухта ба 45 ҳазор дона расонда шуд. 
Аз 9 корхонаи саноатӣ ба ҳолати имрӯза 7 корхона фаъол буда, 4 коргоҳ бо 16 ҷойи кории нав мавриди истифода қарор гирифт. 
Дар соли 2021 дар ноҳия 12 миллиону 668 ҳазору 144 кВт - соат қувваи барқ истеҳсол шуда, талафот 9,95 фоизро ташкил медиҳад. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 12 миллиону 668 ҳазору 144  кВт - соат барқи фоиданок ба маблағи 4 миллиону 960 ҳазор сомонӣ интиқол ёфтааст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 111,0 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 75,0 фоизро дар бар мегирад. Қарзи истифодаи барқ 76 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
 
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Дар соли 2021 ҳаҷми сармояи асосии иҷрокардашуда 119 миллиону 667 ҳазору 849 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 45 миллиону 471 ҳазору 109 сомонӣ зиёд мебошад. 
Ҳаҷми маблағгузориҳои давлатӣ 39 миллиону 231 ҳазору 270 сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 59 миллиону 211 ҳазору 839 сомонӣ ва хусусӣ 21 миллиону 352 ҳазору 740 сомониро ташкил додааст.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 84 миллиону 120 ҳазору 408 сомонӣ иҷро шуд, ки нисбат ба порсол 138,8 фоиз зиёд аст.      
 
НАҚЛИЁТ ВА АЛОҚА
Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 254,1 километрро ташкил медиҳад, ки аз он роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ 40 километр, ҷумҳуриявӣ 61,3 ва  маҳаллӣ 152,8 километр мебошанд.
Мувофиқи нақша дар соли 2021 барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 333295 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 131  ҳазору 255 сомонӣ ҷудо гардид.  12 километр роҳ таъмири ҷорӣ дид.
45000 тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонда шуда, талаботи аҳолӣ қонеъ гашт. Ба 335,4 ҳазор нафар мусофир хизмат расонда шуд. Гардиши мусофирбарӣ дар ноҳия 10,2 миллион мусофирро ташкил медиҳад. 
Шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи «Интернет»  зиёда аз 15 ҳазор нафар буда, дар ҳудуди ноҳия    5 нуқтаи хизматрасонии телефонӣ фаъолият дошта, 97 фоизи аҳолӣ ба хизматрасонии алоқаи мобилӣ дастрас мебошад.
Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ба маблағи 20 ҳазору 853 сомонӣ даромад гирифтааст. 
 
КИШОВАРЗӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОК
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 209 миллиону 597 ҳазору 370 сомониро ташкил дод. 
Кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 1493 гектар кишти зироат, дар 576 гектар ғалладона, 476 гектар картошка, 188 гектар сабзавот ва 252 гектар зироати хӯроки чорво  гузаронданд.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия  12719 сентнер ғалладона, 66160 сентнер картошка, 33338 сентнер сабзавот, 98608 сентнер хӯроки чорво, 119834 сентнер мева, 2020 сентнер чормағз, 4500 сентнер тутмавиз ҷамъоварӣ шудааст.
Дар хочагиҳо 11843 сентнер гӯшт, 140 сентнер пашм, 1 миллиону 75 ҳазор дона тухм, 31595 сентнер шир, 45,5 сентнер асал истеҳсол гардид.
То ба ин давра 802 гектар замин шудгор шуда, дар 145 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронданд, ки 100 фоизи дурнамо мебошад.
Барои хоҷагиҳо тухмии сабзавот, юнучқа ва нуриҳои минералӣ  90 фоиз ба воситаи  соҳибкорон дастрас мешаванд.
Дар маъракаи кабудизоркунӣ дар ҳудуди ноҳия 60000 бех ниҳол шинонда шуд, аз ин 12500 бех дарахтони мевадиҳанда, 500 бех ороишӣ ва 47000 бех сояафкан мебошанд.
Дар давоми соли 2021 аз тарафи бахши кишоварзӣ, иттиҳодияҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 10 маротиба ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази ноҳия ва шаҳри Хоруғ гузаронда шуда, маҳсулот бо нархи дастрас пешниҳоди харидорон гардиданд. Ҳамасола аз ноҳия зиёда аз 9000 тонна мева, 1500 тонна картошка ва зиёда аз 500 тонна сабзавот ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ содирот карда мешавад.
Дар ноҳия 2 сардхонаи калон барои нигаҳдошти 60 тонна маҳсулот ва 400 таҳхонаи хурд барои захираи аз 1 то 15 тонна меваю сабзавот мавҷуд мебошанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2022    №: 43    Мутолиа карданд: 816
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед