logo

иқтисод

ТУХМИПАРВАРӢ. СОҲА ҒАМХОРИИ СИДҚӢ МЕХОҲАД, НА САТҲӢ

Мақолаи Муҳаммад Саидвалӣ таҳти унвони «Тухмипарварӣ. Соҳа ғамхории сидқӣ мехоҳад, на сатҳӣ», ки аз 2 апрели соли гузашта  таҳти № 66 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расидааст, аз ҷониби ходимони соҳавии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мавриди баррасию таҳлил қарор гирифт. 
Муаллиф дар матлаб  масоили ҷамъоварӣ ва нигоҳдории навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзӣ, авлоди ёбоии онҳо дар бонки миллии захираҳои генетикӣ, истифодаи тухмиҳои ватанӣ, ихтирои нав, санҷиши давлатӣ, ноҳиябандӣ ва ҷобаҷогузории он, ҳосилнокӣ, бартарии тухмиҳои ватанӣ нисбат ба навъҳои хориҷии воридшуда, дастгирии хоҷагиҳои тухмипарвариро дар такя ба гуфтаҳои корманди масъули Маркази миллии захираҳои генетикии АИ Тоҷикистон Некрӯз Ализода ба миён гузоштааст. 
Маҳз дар посух ба суоле, ки дар мақола гузошта шудааст: «Чаро деҳқонон аз тухмии маҳаллӣ, бахусус ғалладона, картошка ва маҳсулоти полизӣ, кам истифода мебаранд?» изҳори андеша кардан мехоҳем. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло дар истеҳсолот беш аз 70 навъи зироатҳои ғаллаи ватанӣ, аз қабили навъҳои беҳтарини гандуми «Ормон», «Ориён», «Зироат-70», «Фарҳодӣ-60», «Шумон», «Шокирӣ», «Файзбахш», «ИЗ-80», «Лалмикор-1»,  «Президент», тритикалеи «Умед», «Акбар», ҷави «Баракат», «Пӯлодӣ», «Ифтихор - 86», «Меҳан», ҷавдори «Вахш-116», «Вахш -128» сулии «Тезпазак», «Тоҷикӣ -50», «Тоҷикӣ - 70», шолии «Панҷрӯд», «Саразм», нахӯди «Зимистон», «Муқтадир», мушунги хӯрокаи «Лалмӣ 126», «Бадахшонӣ», «Серҳосил»,  ҷуворимаккаи навъи «Дилшод», «Ҳосилот», «Шуҳрат», «Баракат»,  беш аз 10 навъи ватании картошка  бештар «Тоҷикистон»,  «Шукрона», «Ғончӣ», «Каримӣ», «Сурхоб», «Дурахшон», «Файзобод», «Вомар», зироатҳои полизӣ харбузаи  «Кӯкча-588»,  ҳандалаки  «Шакарпалак-544», «Бухоро-33», тарбузи  «Сиёҳпӯсти Вахш», «Рахш», кадуи «Химчамиён», «Ошкаду», «Атласкаду»  васеъ кишт карда мешаванд. Ҳамаи ин тухмии навъи ватанӣ ва маҳсули дасти олимону кормандони соҳаанд. Ҳосилнокии навъҳои гандум аз ҳар гектар дар заминҳои лалмӣ 35-40 ва дар заминҳои обёришуда то 70 сентнер буда,  шолӣ 60 - 80, ҷуворимакка 75-90, картошка 250-300, полизиҳо 320 - 380 - сентнерро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти раёсати тухмипарварии Вазорати кишоварзӣ,  соли 2020 ба миқдори 735 тонна ва соли 2021 ҳамагӣ 174 тонна тухмии гандуми навъҳои «Масковская-56», «Масковская-39», «Мироновская-808», « Антонина», «Веха»  ва 360 тонна тухмии картошкаи навъи «Манифест» ва «Янка» аз хориҷи кишвар ворид  шудааст, ки дар қиёс ба навъҳои ватанӣ хеле  кам мебошад.
Дастгирии давлатии хоҷагиҳои тухмипарвар, ки дар шабакаи тухмипарварӣ фаъолият менамоянд, ҳамеша зери таваҷҷуҳ аст. Онҳо тавассути барномаҳои ҳукуматӣ, бахусус «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, таҳти № 117 тасдиқ гардидааст, дастгирӣ ёфта, занҷираи тухмипарварӣ тадриҷан беҳтар мегардад.
 
Раҳмон САИДЗОДА, н.и.кишоварзӣ,
Шарофиддин КАРОМАТОВ, н.и.кишоварзӣ,
ходимони Институти зироаткории 
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2022    №: 49 - 50    Мутолиа карданд: 1116
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед