logo

иқтисод

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ТАФСИРИ СИЁСАТИ ҚУРБИ ДОЛЛАР НИСБАТ БА СОМОНИРО ШАРҲ ДОД

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти кишвар, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ пайваста чораҳои заруриро андешида истодааст.
 
Як нукта боиси зикр аст, ки мутобиқи “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат” дар давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” асосёфта татбиқ гардида истодааст. Тибқи реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб, ба вазъи бозори дохилии асъор дахолат менамояд. 
Вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор бо лапишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ дучор гардида, чунин ҳолат дар аксари кишварҳои шарикони асосии савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба назар мерасад. 
Аз аввали соли 2022 қурби расмии доллари ИМА нисбат ба пули миллӣ дар сатҳи 11,30 сомонӣ боқӣ монда, аз 8 марти соли 2022 фарқият байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ то ба 15,9 фоиз мушоҳида гардид. 
Сабабҳои асосии зиёд шудани фарқият байни қурби расмии доллари ИМА нисбат ба пули миллӣ ва фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ, ин зиёд шудани талабот ба доллари ИМА, коҳиш ёфтани пешниҳоди асъор дар бозори байнибонкӣ, зиёд гардидани талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия, коҳиш ёфтани вуруди интиқолҳои пулӣ ва боқӣ мондани тавозуни манфии савдои кишвар ва дигар омилҳо мебошанд. 
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, пешгирӣ намудани лапишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ ва фарқияти зиёд байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро 9 марти соли 2022 анҷом дод.
Ҳамзамон, дар баробари анҷомдиҳии тасҳеҳи қурбӣ Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади қонеъ намудани талаботи норасоии асъор дар бозори байнибонкӣ мудохилаи (интервенсия) асъориро анҷом диҳад. Дар раванди анҷомдиҳии мудохилаи асъорӣ афзалияти аввалиндараҷа, ба дархости воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия дода шуда, зина ба зина дархостҳои субъектҳои дигари хоҷагидорӣ низ қонеъ гардонда мешаванд. 
Фишангҳои самараноки сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла тасҳеҳ (коррексия)-и қурбӣ ва мудохила (интервенсия)-и асъорӣ имкон медиҳад, ки норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор бартараф карда шуда, ба воситаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия қонеъ гардонда, воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар таъмин гашта, манфиати интиқолгирандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гардида, фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрирасмӣ маҳдуд карда шавад. 
Бонки миллии Тоҷикистон вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва танзим қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода хоҳад бурд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2022    №: 51    Мутолиа карданд: 827
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед