logo

иқтисод

СУҒД ВА ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ РУШДИ САНОАТ

 
Ҳиссаи вилояти Суғд дар маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар 55 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳиссаи вилояти Хатлон бошад, камтар аст. Вале ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ (соли 2021) дар ҳар ду вилоят қариб баробар – Суғд 20 миллиарду 940,4 миллион сомонӣ ва Хатлон  27 миллиард сомонӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, пешрафти саноати вилояти Суғд, тавре мушоҳида мешавад, як қадам пеш аст. Аз ин рӯ, суоли матраҳ ин аст, ки бурди вилояти Суғд дар пешрафти соҳаи саноат (ҳарчанд он ҳамчун минтақаи саноатӣ муайян шуда бошад ҳам), дар чист? Дар ҳоле ки дар вилояти Хатлон низ иқтидори рушди соҳа бо назардошти мавҷуд будани ашёи хом ва дигар имкониятҳо имконпазир мебошад. 
Ба андешаи Аброр Мирсаидов, иқтисоддон, муовини директори Институти иқтисод ва демография, бурди вилояти Суғд дар пешрафти соҳаи саноат аз як чанд заминаҳои бунёдӣ бармеояд: 
Якум, дар  ҳудуди вилояти Суғд таърихан фазои индустриалӣ ташаккул ёфта буд. Дар давраи шуравӣ он яке аз минтақаҳои мутараққии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта,нахуст корхонаҳои пешбари саноатӣ, бахусус корхонаҳое, ки ба Комплекси ҳарбию саноатии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дохил буданд, тамаркуз ёфтаанд. Пайваста ин табақаи бонуфузи коргари саноатӣ дар ҷомеаи шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Конибодом, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент побарҷо гашт. Заминаи гузошташуда дар даврони соҳибистиқлолии кишвар имконият дод, ки дар ҳудуди вилоят низоми саноатӣ ва иқтидори бузурги рушди инноватсия рӯйи кор ояд ва минбаъд низ ҷараёни рушди инноватсионии тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро муайян намояд. 
Дуюм, солҳои 1990 - 2000 – ум, ки давраи ҳассосу тақдирсози миллат маҳсуб мешуд, сулҳу ваҳдат ва осоиштагӣ дар вилояти Суғд нисбатан пойдор буд ва талафоту ғорати арзишҳои моддии қаблан сохтаи насли куҳан эмин нигоҳ ва ҳиҷрати барзиёди мутахассисони баландихтисоси саноатӣ ба хориҷи кишвар низ то андозае боз дошта шуд.  
Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар дигар минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон, даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, бинобар ин, заминаҳои моддии рушди индустриалӣ ва саноатӣ комилан талаф ёфтанд. Фирори мутахассисон ва норасоии захираҳои кадриву зеҳнӣ мушкил эҷод кард. Ҳамин тариқ, таъсири ҳодисоти асри гузашта суръати рушди саноати вилояти Хатлонро куллан боздошт. Хушбахтона, бо барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам омад, ки бинову иншооти саноатии вилоят тадриҷан эҳёву навсозӣ шаванд ва тамоюли рушди устувори истеҳсолӣ касб намоянд.
Сеюм, муҳимтарин унсуре, ки рушди саноатро таъмин месозад - инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Дар вилояти Суғд инфрасохтор бештар тараққӣ кардааст. Дар маркази вилоят Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба анҷом додани хатсайрҳои мунтазаму мустақими байналмилалӣ ба кишварҳои ИДМ ва дигар  мамлакатҳои хориҷи дур роҳ ёфтааст. Дар тамоми  ҳудуди вилоят Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хизмат мерасонад, ки айни замон он ҳамчун хати роҳи оҳани транзитӣ барои водии Фарғона маҳсуб меёбад. Инчунин, қаламрави вилоят дар даҳонаи водии Фарғона ҷойгир шуда, дар чорроҳаи беназири шоҳроҳи автомобилии байналмилалӣ воқеъ гардида, бо вилояту шаҳрҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбкистон ҳамсарҳад аст. Аз ин рӯ, инфрасохтори иҷтимоиву истеҳсолии вилоят нисбат ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ (ба истиснои шаҳри Душанбе) рушдёфта мебошад. Ин аст, ки дар вилоят барои сармоягузориҳои хориҷӣ муҳити созгор фароҳам буда, дар давраи солҳои 2005-2015, ки дар ҳудуди вилоят беш аз 20 корхонаи муштарак фаъолият мекард, дар вилояти Хатлон ба ҳисоби миёна 3-4 корхонаи муштарак мавҷуд буд. Фақат баъд аз соли 2018 дар вилояти Хатлон теъдоди корхонаҳо то ба 29 адад расид, ки дар ин давра нисбат ба вилояти Суғд 3 -то зиёд гардид. Ҳоло захираи ғании иқтисодӣ ва инфрасохтори вилоят ба неруи рушди иқтисодии минтақа табдил ёфтааст. Ҳарчанд ҳиссаи маҷмуи маҳсулоти минтақавии ҳар ду вилоят дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти минтақавии мамлакат баробар аст, аммо сатҳи рушди истеҳсолот ба ҳар сари аҳолӣ дар вилояти Суғд баланд арзёбӣ мешавад. Дар натиҷа буҷети вилояти Суғд низ ғанитар буда, барои боз ҳам рушд додани инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ имкониятҳои васеъ дорад. 
Вилояти Хатлон дар навбати худ бо дороии беш аз 50 дарсади майдонҳои кишти маҳсулоти кишоварзӣ, 40 дарсади қувваи корӣ, се минтақаи озоди иқтисодӣ (Данғара, Панҷ ва Кӯлоб) ва дигар имкониятҳо дар рушди соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, металлургияи ранга, кишоварзӣ ва сохтмон нақши пешбаранда гузошта истодааст. Бо вуҷуди ин, пешрафт ва такомули соҳаи мазкур дар вилоят ҳанӯз қонеъкунанда набуда, ба ин ҷо рост омадани теъдоди бештари корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, (нисбат ба вилояти Суғд) далели он аст.
Илҳомҷон Неъматов, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултаи менеҷменти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар ин бора, изҳор дошт, ки дар вилояти Хатлон бо вуҷуди будани фазои саноатикунонӣ масъалаҳои таҷрибаи ками мутахассисон дар идоракунии соҳаи саноат, ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи саноат ва идоракунии низоми молиявии минтақа таваҷҷуҳи бештар металабанд. Ин ҷо агар ноустувор будани инфрасохтори саноатии вилоятро яке аз монеаҳои  рушд ҳисобем, иштибоҳ мекунем. Зеро, ҳоло дар ҳудуди вилоят масалан, дар самти ҳамлу нақли озоди маҳсулоти саноатӣ ба кишварҳои дохил ва хориҷ инфрасохтори зарурӣ, ба монанди шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар (марҳилаи 1 ва 2) бунёд шуда истодааст, ки дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, роҳи Тоҷикистонро ба бозорҳои минтақа мекушояд. 
Ягона такондиҳандаи саноат ин ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ  мебошад, ки дар ин хусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониашон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон махсус таъкид дошта, далели равшан оварданд: "Дар вилоят соли гузашта ҳамагӣ 34,4 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки аз ҳаҷми умумии сармояи мустақими хориҷии ба кишвар ҷалбшуда, 10 дарсадро ташкил медиҳад". 
Воқеан, замина ва омили асосие, ки рушди саноати кишварҳоро муаяйн менамояд, ин густариши муносибатҳои хориҷии корхонаҳои саноатӣ мебошад. Дар ин ҷода корхонаҳои саноатии вилояти Хатлонро зарур аст, фаъолияти беҳтар ба роҳ монанд. Аз ҷумла, барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилалии корхонаҳои саноатӣ фаъолияти худро бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок намоянд. Айни замон дар Палатаи савдо ва саноат қариб тамоми корхонаҳои саноатии вилояти Суғд аъзоянд. Маҳз аз густариши муносибатҳои иқтисодии  хориҷии онҳо фаъолияти босамарашон таъмин гардида, дар истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда  пешсаф мебошанд, ба мисоли корхонаи муштараки КМ «Зарафшон», ҶДММ «Апрелевка», КД “Филизоти нодири Тоҷикистон”, ИТ ҶДММ «Анзоб», ҶСК «Корхонаи химиявӣ», ҶСК «Исфара КСМ”, ҶММ КМ «Ҷавонӣ», ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», ҶСК «Зинат», ҶДММ «Элегант», ҶММ “Текстил Сити”, КВД «Нури Ховар» ва амсоли инҳо.
Дар пайи ҳамаи омилҳои таъсиррасон ба минтақаҳои саноатӣ, инчунин, омили бузург ва таконбахши рушд барои ҳам вилояти Суғд ва ҳам вилояти Хатлон - илму фарҳанг, сармояи фарҳангӣ ва сармояи инсонӣ мебошад, ки ташаккул ёфтааст. Бояд таъкид намуд, иқтисодиёт, ки ҳамчун як ҷузъи фарҳанг ва тамаддун мебошад, раванди рушди саноат низ дар низоми ҳамбастагӣ ва муттасилӣ аз нигоҳ ва ё меъёри андӯхти сармояи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва тафаккури индустриаливу навҷӯйии мардум маншаъ мегирад. Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат дар Паёму суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд: «Мо хуб медонем,  дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоти зиёд вуҷуд доранд. Вале эътимоди комил дорем, ки тамоми мушкилоту камбудиҳоро худамон ва бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаландамон дар солҳои наздиктарин бартараф месозем. Таъкид менамоям, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон бирасонад».
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2022    №: 52    Мутолиа карданд: 1892
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед