logo

иқтисод

8 АПРЕЛ - РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол дар кишвар 8 апрел ҳамчун “Рӯзи иқтисодчиён” ҷашн гирифта мешавад.
 
Таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва, дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми худро мегузоранд.
Ин аст, ки тайи бист соли охир рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5 дарсад таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 3,4 миллиард сомонии соли 2002 то ба 98,9 миллиард сомонӣ дар соли 2021-ум баробар гардид. Мавриди зикр аст, ки рушди иқтисоди кишвар дар соли 2021-ум 9,2 дарсадро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ва тибқи арзёбии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ баландтарин дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар рушди босуръати иқтисодиёти мамлакат дар бист соли охир, асосан,  аз ҳисоби рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,3 маротиба, кишоварзӣ 3,5, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,1, гардиши савдои чакана 6,8, хизматрасониҳои пулакӣ 4, мусофиркашонӣ 3,3 ва боркашонӣ 2,6 маротиба, таъмин карда шуд.
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 524 сомонӣ  дар соли 2002 то 10,1 ҳазор сомонӣ дар соли 2021 расида, қариб 20 маротиба зиёд гардидааст. Агар соли 2002 шумораи корхонаҳо 1254 ададро ташкил карда бошанд, дар соли 2021 шумораи онҳо ба 2386-то расидааст. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2021 то ба 38,8 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли 2002-юм 5,3 маротиба зиёд мебошад. 
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ дар самти рушди иқтисоди миллӣ 22 стратегия, 10 консепсия, 99 барномаи соҳавӣ ва 68 барномаи минтақавӣ татбиқ шуда истодаанд, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ замина мегузоранд.
Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи саноат имкон дод, ки вобастагии иқтисоди кишвар аз маҳсулоти воридотӣ, бахусус семент, ангишт, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрокворӣ, кам гардад ва барои содироти минбаъдаи маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам оварда шавад. Танҳо дар давоми солҳои 2015-2021 дар ҳаҷми 60 миллиард сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда  истеҳсол гардид, ки ин вобастагии бозори дохилиро аз молҳои содиротӣ кам кард. 
Инчунин, дараҷаи худтаъминкунии Тоҷикистон бо молҳои ниёзи аввал тадриҷан афзоиш ёфта истодааст. Масалан, ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда (дар вазни зинда) нисбат ба соли 2020 – ум 283,6 ҳазор тонна (5,2 дарсад), гӯшти паранда (дар вазни зинда) 44,1 ҳазор тонна (44 дарсад),  шир 1042,6 ҳазор тонна (2,1 дарсад), тухм 1053,5 миллион дона (7,2 дарсад), асал 4390,2 тонна (4 дарсад) ва моҳӣ 4389,4 тонна (23,2 дарсад) зиёд шудааст.
Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имкон фароҳам оварданд, ки дар соли 2021 гардиши савдои хориҷӣ ба 6,4 миллиард доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2020-ум 39,5 дарсад афзоиш ёбад. Дар ин давра содироти молу маҳсулот  2,1 миллиард доллар ва воридоти мол 4,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум мутаносибан 1,5 маротиба ва 33,6 дарсад зиёд мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва татбиқи имтиёзҳои пешниҳодгардида дар ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун корхонаҳои истеҳсолӣ бо технологияи муосир таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли молҳои ниёзи аввал афзоиш ёфта, талаботи бозори дохилӣ таъмин ва сохтори содирот батадриҷ васеъ мешавад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.04.2022    №: 68    Мутолиа карданд: 906
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед