logo

иқтисод

ПИСТА. ДОРОИИ МИЛЛӢ БА НЕСТӢ МЕРАВАД, ЧАРО?!

 
Мувофиқи маълумоти оморӣ, солҳои охир қитъаҳои писта дар ҷангалҳо, талу теппаҳои мутааллиқ ба Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ аз ҳисоби шинондани навъҳои пистаи пешпазаки интенсивӣ дар афзудан аст. Вале, мутаассифона, пистазор доман мезанаду ҷамъоварии ҳосил сол ба сол коҳиш меёбад. Чаро?
 
ҲОСИЛ ЗИЁДУ НИШОНДОДҲОИ  ОМОРӢ КАМ
Солҳое буданд, ки Тоҷикистон то 500 тонна ҳосили писта ҷамъ меовард. Аммо, дар соли 2021 мувофиқи маълумоти расмӣ, ҷамъоварии писта 64 тоннаро ташкил дод, ки барои майдони 80 ҳазор гектар пистазори ҷумҳурӣ нишондиҳандаи хеле ночиз аст. Ҳол он ки баъди ба роҳ мондани усулҳои нави парвариши писта давоми чанд соли охир ҳосили он бояд дучанд зиёд мешуд. Сабаб чист, ки ҷангалпарварони мамлакат ба истеҳсоли чашмраси ҳосили дарахтони писта муваффақ нагаштанд? 
Бунёду парвариш ва нигоҳубини боғоти писта ба Агентии хоҷагии ҷангал ҳамчун мақоми ваколатдор тааллуқ дорад, ҷамъоварии ҳосил, яъне писта аз ҷониби корхонаҳои саноатии коркарди писта, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ ба таври бастани шартномаҳо бо Агентии мазкур сурат мегирад. Яъне, дар маҷмуъ, шахсони ҳуқуқию воқеӣ метавонанд ба таври шартномавӣ ба пистачинӣ машғул бишаванд. Ин аст, ки дар ягон сохтори дахлдор омори дурусти ҷамъоварии писта мавҷуд нест. Аммо соли гузашта ба иттилои Агентии содироти ҷумҳурӣ, ба хориҷи кишвар 467,4 тонна писта содирот шудааст, ки далели на кам, баръакс афзудани ҳосилро бармало нишон медиҳад. Вале дар омори расмӣ, чи тавре зикр намудем, ин рақам нест ва омадааст, ки хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ бо роҳбарии Агентии хоҷагии ҷангал дар соли гузашта ҳамагӣ 64 тонна писта ҷамъ овардаанд. Чаро нишондиҳандаҳо аз ҳам тафовут доранд ва барои чӣ? 
 
ҒАЙРИҚОНУНӢ ЧИДАНИ ПИСТА ВА   ТАЪСИРИ ОН БА КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷангалпарвар  аз  уҳдаи  ҳифзу  нигоҳубини  80 ҳазор гектар пистазор ва ҷамъоварии ҳосил намебароянд. Инро роҳбарони пешинаву имрӯзаи Агентӣ медонанд ва маҳз ҳамин омил дар ҷумҳурӣ боиси ғорати ҳосили майдонҳои писта гаштааст. Масалан, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 3,5 ҳазор гектар ҷангал ва пистазор мавҷуд буда, барои нигоҳубини ин майдони калон ҳамагӣ 3 ҷангалбон муваззаф аст. 
Ба гуфтаи Баракатулло Раҳмонов, директори хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор, аз сабаби нарасидани назоратчиёни ҷангал ҳолатҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла хом чидани писта, буридани дарахтон ба назар мерасанд. Агар назоратгарон зиёдтар бошанд, аз майдони ҷангалзорҳои дорои пистаи хушсифат, ҳосили зиёд чида, даромади калон гирифтан мумкин аст. 
Масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридаи Иброҳим», изҳор доштанд, ки раванди бомуваффақи коркарди маҳсулот ба ашёи хоми босифат вобастагии калон дорад, мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо маҳз хом чидани писта ба сифати маҳсулоти содиротии корхонаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бояд гуфт, ки пистаи Тоҷикистон дар ҷаҳон рейтинги баландтаринро касб кардаасту харидорони зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, корхонаи мазкур кӯшиш мекунад содиротро аз иқтидори умумии 300 тонна дар як сол зиёдтар ба роҳ монад. Барои ин, хеле муҳим аст, ки ҷамъоварии писта ба танзим дароварда шавад.  
Ҳамин тариқ, беназорат мондани пистазору аз уҳдаи ҳифзу нигоҳубини онҳо набаромадани Агентии хоҷагии ҷангал ҳолатҳои манфии таъсиррасонӣ ба соҳаҳои коркарди маҳсулоти ҷангал бештар мешаванд. Танҳо дар соли 2021, мувофиқи маълумоти расмӣ, беш аз 200 ҳолати ғайриқонунӣ хом чидани писта ба қайд гирифта шудааст. Нобуд гаштани тухмӣ, ниҳол ва дарахтони писта, инчунин, ба чарогоҳ табдил ёфтани пистазорҳо ва чандин ҳолатҳои дигар ба «бесоҳиб мондани майдонҳои писта» рабт доранд.     
 
КОРҲОИ АГРОТЕХНИКӢ  ГУЗАРОНДА НАМЕШАВАНД
Нуралӣ Ҳисайнов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҷангал, мегӯяд, ки барои зиёд гардидани ҳосили писта коркарди агротехникӣ  (пошидани нуриҳо ва заҳрҳои кимиёвии зидди малаху кирму шира, нарм кардани хок ва таъминот бо ғизо)  аҳамияти калон дорад. Боиси таассуф аст, ки корҳои мазкур дар майдонҳои пистазор қариб гузаронда намешаванд. Ҳоло диққати асосӣ ба усули нави парвариши писта дода мешавад, зеро  пистазорҳои кишварамон, асосан, барои муҳофизати хок бунёд гардида буданд ва ҳамасола ҳосили пурра намедиҳанд. Барои ҳамин, бунёд ва парвариши пистазорҳо сунъӣ ба роҳ монда мешаванд.
Воқеан, барои бо усули нав парвариш кардани пис-та Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҷангал таҷрибаи кофӣ андӯхтааст. Олимони муассисаи илмӣ ҳанӯз аз солҳои 70-80-уми асри ХХ барои васеъ кардани пистазор ва аз онҳо гирифтани ҳосили дилхоҳ пайванди ниҳолҳоро анҷом медоданд. Пайвандкунӣ, махсусан дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Хуросон ва Данғара, ки замини мувофиқ доранд, гузаронда шуда, майдони тақрибан аз 14 то 15 гектарро фаро гирифт. Таҷриба нишон дод, ки кори олимони пажӯҳишгоҳ бесамар набуда, аз ҳар дарахти писта то 5-6 кило ҳосил гирифта мешуд. Ва имрӯз яке аз сабабҳои асосии камҳосилию ба иқтидори истеҳсоли замони шуравӣ ноил нагаштани хоҷагиҳои ҷангалпарвар нагузарондани корҳои агротехникист. Дар ҳоле ки боғҳо ҳоло ҳам иқтидори худро гум накардаанд. 
Хоҷагиҳои  ҷангали  ҷумҳурӣ  бо  коштани   тухмӣ   боғҳои  писта бунёд намуданд, вале ин амал низ натиҷаи дилхоҳ надод. Зеро, тавре мушоҳида шуд, аз беҳавсалагии ҷангалбонон дар майдони зиёд ба далели анҷом надодани корҳои агротехникӣ тухмӣ аз таъсири ҳар гуна касалиҳо ва ҳашароти зараррасон пӯсид ва ҳам навниҳолонро чорво хӯрд.
Хуллас, барои ҳифзу нигоҳдории майдонҳои пистазор дар ҷумҳурӣ бисёр омилҳо таъсири манфӣ мерасонанд, ки аз мақоми ваколатдор – Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ андешидани чораҳои қатъиро талаб менамояд. Пеш аз ҳама, бояд нигоҳубин ва назорати майдонҳои писта пурзӯр карда шаванд. Барои ин мустаҳкам кардани пойгоҳи моддию техникӣ, аз ҷумла насби камераҳои мушоҳидавӣ, хеле зарур аст. Ин имкон медиҳад, ки дарахти писта дар баробари манбаи маҳсулоти муфиди ғизоӣ гардидан, инчунин, барои ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот ва парандаҳо, пешгирӣ аз хушкшавии оби кӯлу чашмаҳо муҳофизат карда шавад.
Ҳамчунин, барои ҷамъоварӣ бештар кормандони мавсимӣ бо бастани шартнома ҷалб гарданд, зеро хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сабаби беэътиноӣ натавонистанд дар танҳоӣ аз уҳдаи ҷамъоварии ҳосил бароянд.
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҷангалро низ зарур аст, ки барои зиёд кардани майдони пистазор аз ниҳолҳои маҳаллӣ бештар истифода намояд, зеро ниҳолҳои маҳаллӣ аз ниҳолҳои хориҷӣ дида, ба иқлим беҳтар мувофиқу мутобиқанд.
Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ идораи якҷояи ҷангалро бо усулҳои пешқадами сохторӣ ба роҳ монанд ва аз комёбиҳои илмиву ташкилии хоҷагидорӣ эҷодкорона истифода бурда, бо риояи қоидаҳои экологӣ дар рушди соҳа саҳмгузор бошанд. Зеро ҷамъ овардани 64 тонна писта аз майдони 80 ҳазор гектар аз ҷониби хоҷагиҳои ҷангал, ки ба ҳар гектар як кило ҳам не, балки 800 грамм ҳосил рост меояд, магар хандаовар нест?
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2022    №: 69    Мутолиа карданд: 1667
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед