logo

иқтисод

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ (21 декабри соли 2021) ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба масъалаи фаро гирифтани қишрҳои гуногуни ҷомеа, хосса ҷавонон, ба омӯзиши касбу ҳунар дахл намуда, сохторҳои марбутаи  кишварро муваззаф карданд, ки фаъолияти худро дар ин ҷода боз ҳам тақвият бахшанд. Вобаста ба ин масъалаи муҳиму афзалиятнок, имрӯзҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои зиёд ба сомон расонда мешаванд. 
Тавре сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Фирӯз Искандаров зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ҳадафи асосии онҳо мусоидат ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
 
Ба гуфтаи ӯ, раёсати агентӣ бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2022», давоми се моҳи аввали соли равон 1150 шаҳрванд барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуд, ки 530 кас, ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра тавассути татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, 473 сокин дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуд. 
Мувофиқи талаботи бозори меҳнат аз ҳисоби бекорони дар қайдбуда, 80 хоҳишманд аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба омӯзиши кӯтоҳмуддат, аз ҷумла муҳосиб–оператор, оператори АТК, муҳосиб, ҳунари кафшергарӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, қаннодӣ, юрмадӯзӣ ва барқкор фаро гирифта шуд, ки 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, 232 шаҳрванд тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардид. 48 эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонист, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кор пайдо кард.
- Мутобиқи талаботи қоидаҳои ташкил, шартҳои гузарондан ва номгӯи корҳои ҷаъмиятӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2005, №93 тасдиқ шудааст, бо корфармоён шартномаҳои дутарафа баста, бекороне, ки ба худ ҷои кори доимӣ интихоб карда наметавонанд ба корҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ фоиданок ва чун воситаи иловагии дастгирии иҷтимоӣ ҷалб шуданд. Дар асоси шартномаи тарафайн, 40 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашт, – афзуд Фирӯз Искандаров.
То 10 марти  соли равон ба 20 сокини ноҳия барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 51 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд, ки онҳо айни замон дар соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷорат, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар бахшҳо фаъолият доранд. Илова бар ин, 35 ҷавони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргашта ва 12 шаҳрванди аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда, ба маблағи беш аз 21400 сомонӣ ёрипулӣ барои давраи бекорӣ гирифтанд. 
Бо мақсади боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани корҷӯён раёсати агентӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, дар се моҳ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, деҳаҳо ва корфармоён чор ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуданд. Аз ин ҳисоб, 48 нафар дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо бо корҳои доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд ва 20 кас барои касбомӯзӣ роҳхат гирифт. Бештари ба кор таъминшудагон дар корҳои сохтмонӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҷалб шуданд. 
- Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минбаъд баҳри амалӣ гаштани фаъолият дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад, - гуфт  Фирӯз Искандаров.  
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2022    №: 69    Мутолиа карданд: 1829
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед