logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. ҚОНУНЕ, КИ ХУРОФОТРО ПЕШГИРӢ ВА ЗОҲИРПАРАСТИРО АЗ БАЙН БУРД

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиест, ки дар беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нақши басо созгор дорад. Ҳарчанд дар меҳвари Қонуни мазкур манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон, сарфаҷӯйӣ, пешгирии хурофоту зоҳирпарастӣ қарор гирифта бошад ҳам, бархе сокинон муқаррароти онро риоя намекунанд, ки оқибат чораҷӯиҳои ҳуқуқӣ низ дорад. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо  Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар атрофи ҳамин мавзуи муҳим доир шуд: 
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумлаи қонунҳои сирф миллӣ ба ҳисоб рафта, аз қабули он 15 сол сипарӣ гардид. Аз нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки ин санади ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон ва аз байн бурдани исрофкориву зоҳирпарастӣ нақши мунир гузоштааст. Мехостам дар оғоз атрофи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии қонун суҳбат намоем. 
- Дарвоқеъ вақт собит намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қабули саривақтӣ ва муҳим буда, он барои аз байн бурдани хурофотпарастӣ, намоишкорӣ ва бенизомӣ дар баргузории маъракаю маросим ва ҷашнҳои мардумӣ мусоидат кард.  Агар ба маълумоти оморӣ рӯ оварем, пас маълум мегардад, ки  Қонун дар давраи амали худ самараҳои хубро дод. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳисоби камхарҷ гузарондани маъракаҳо тавонистанд ба манфиати худ маблағҳои зиёди пулиро сарфаҷӯӣ намоянд. Хароҷоти мардум дар  баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули қонун то се маротиба кам гардид. Ҳамзамон, амали Қонун барои кам гардидани забҳи чорвои калон ва хурд шароит фароҳам оварда, барои нигаҳ доштани чорвои наслдеҳ мусоидат намуд.  Айни замон ба ҳисоби миёна дар ду маърака як чорво рост меояд. Шумораи зиёди шаҳрвандон барои гузарондани маъракаҳояшон гӯштро аз дуконҳо дастрас менамоянд. Дар маҷмуъ, Қонун дар ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон, нигаҳ доштани буҷети хонаводагии онҳо аз исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда хидмати шоиста намуд.
- Соли гузашта дар асоси як тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми нишондиҳандаи ҷарима барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур зиёд шуд. Оё ин тағйирот тавонист дар коҳиш додани ҳолатҳои риоя накардани талаботи қонун таъсир гузорад? 
- Бале, соли гузашта ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқан ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйироти дахлдор бо мақсади такмили талаботи қонунгузорӣ вобаста ба мушаххас намудани баъзе маҳдудиятҳо дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз 25 июни соли 2021, таҳти № 1792 ба тасвиб расид. Ба Қонун моддаи 142 илова карда шудааст, ки тибқи он дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузарондани ҷашну маросим муқаррар намояд. Зимнан, тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи ин Қонун пурзӯр карда шуд. Мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба шахсони воқеӣ ба андозаи яксаду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Дар асоси қисми 2 ҳамин модда барои риоя накардани талаботи қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин ба андозаи ҳафтсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар шудааст.  Тибқи қисми 3 моддаи номбурдаи Кодекс барои дағалона ё дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, инчунин, дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран вайрон намудани тартиби гузарондани анъана ва ҷашну маросим ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсаду панҷоҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад, ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи нуҳсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ мешавад. Пас аз ворид гардидани тағйироти мазкур дар қонунгузории амалкунанда ҷиҳати коҳиш додани ҳолатҳои қонуншиканӣ ва пешгирии эҳтимолияти содиршавии онҳо аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар байни мардум ва кормандони соҳа пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат мегиранд. 
- Давоми соли гузашта дар кишвар вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чанд ҳолати қонуншиканӣ сабт гардид ва маблағи ҷарима чӣ миқдор буд?
- Бар пояи иттилои Суди Олӣ, соли рафта дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 681 ҳолати қонуншиканӣ сабт гардидааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 72 адад зиёд мебошад. Маблағи умумии ҷаримаҳои таъингардида 3 миллиону 96 ҳазору 502 сомониро ташкил медиҳад. Кормандони Кумита дар соли 2021 бо мақсади назорати риояи талаботи Қонун дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе,  Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод, Турсунзода, Ваҳдат, Мастчоҳ, Ашт, Истаравшан, Исфара,  Бохтар, Кӯшониён, Хуросон ва Ҷалолиддини Балхӣ зиёда аз 85 маротиба рейд гузаронда, рафти баргузории зиёда аз 315 маърака ва маросимро назорат намуда, 31 ҳолати қонуншиканиро ошкор карданд. Таҳлилҳо нишон дод, ки аз ҷониби шаҳрвандон вайронкунии талаботи қонунгузорӣ вобаста ба тӯйҳои домодию арӯсӣ бо теъдоди зиёди меҳмонон, баргузории васеи арӯсбинон, доир намудани маъракаи манъшудаи чойгаштак, истифодаи аз меъёр зиёди автомашинаҳо ҳангоми маросими ақди никоҳ, надоштани шартномаи тарафайн бо сарояндагон, соҳибмаърака ва риоя накардани вақти баргузории маърака, баргузор намудани маросими азодорӣ бо додани таом ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби кормандони Кумита бо роҳи фаҳмондадиҳӣ эҳтимолияти содир шудани қонуншиканӣ дар 72 ҳолат пешгирӣ шуд.
- Дар соли 2022 барои боз ҳам ба натиҷаҳои хуб ноил гардидан, аз тарафи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим кадом тарҳу барномаҳои нав вобаста ба волоияти қонуни мавриди назар рӯйи даст гирифта шудаанд?
- Дар соли 2022 барои боз ҳам тақвият бахшидани кор дар самти амалисозии Қонуни мазкур аз тарафи Кумита чорабиниҳои мушаххас, аз ҷумла, баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар минтақаҳо бо кормандони соҳа, ходимони дин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии онҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон, дар байни масъулони тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва дигар мавзеъҳои баргузории маъракаҳо, расондани ёрии методӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни миллӣ тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ хоҳад намуд.
 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2022    №: 72    Мутолиа карданд: 1773
24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ

14.06.2022


ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

Эрдоган дар нишасти НАТО ният дорад мавқеи қатъии Туркияро дар масъалаи терроризм таъкид намояд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДМТ. ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВСОХТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

РОҒУН. 105 ИНШООТИ ҶАШНӢ БУНЁД МЕГАРДАД

13.06.2022


Путин ба муносибати Рӯзи Россия бар аҳамияти ваҳдат барои мардум таъкид кард

10.06.2022


30 корманди ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуд

СММ ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистонро пуштибонӣ кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТИБ. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОШКЕНТ

«ТОҶИКОН» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

09.06.2022


ҶОМИ ОСИЁ – 2023

Суҳбати телефонии Путин бо Сайид Иброҳим Раисӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ФОРУМИ ҶАВОНОН ВА КӮДАКОН

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕГАРДАД

ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МАРК БОУМАНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

08.06.2022


РАШТ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед