logo

Хабарҳо

Боздид аз шароити хизмати сарбозон

 
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз шароити хизматии сарбозону афсарони қисми низомии «Н»-и раёсати қӯшунҳои дохилӣ дидан кард.
Вазир аз имконоту шароити фароҳамшуда изҳори қаноатмандӣ карда, масъулонро вазифадор намуд, ки ба обутоби ҷисмонии сарбозону афсарон ва тамринҳои пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир созанд.
Ба иттилои вазорат, Рамазон Раҳимзода, ҳамчунин, бо шароити касбомӯзии сарбозон шинос шуда, ҷиҳати соҳибкасб гардидани онҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
 
 
Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон 
Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бахшида ба оғози «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мизи мудаввар бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, мутахассисони соҳа ва шарикони рушд доир гашт. 
Ҳафта аз 26 то 30 апрели соли 2022 дар давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад
Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки чорабинии мазкур аз соли 2005  то кунун ҳамасола баргузор мегардад, ки мақсади асосии он баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии сокинон мебошад.
Мавзуи имсолаи Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия – «Умри дароз барои ҳама» мебошад. Ҳадафи он  бори дигар таъкид намудани моҳияти дастрасии одилонаю васеъ ба ваксинаҳое мебошад, ки барои таъмини умри дароз ва солимӣ ба ҳар як инсон мусоидат мекунад.
 
 
Сел дар Панҷакент ба 48 гектар замин ва 22 манзил зарар расонд
Бар асари борони пуршиддати  23 апрел  дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел ба 48 гектар замин ва 22 манзили сокинон зарар расонд, - хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Бар асари борони пуршиддат селроҳаи Заврон аз об пур шуда, лойқа пули деҳаро, ки дар километри 64 – уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент воқеъ аст, пӯшонд ва роҳ муваққатан баста шуд. Бо ҷалби техника ва кормандони Вазорати нақлиёт роҳ тоза шуда, ҳаракати мошинҳо имконпазир гардид.
Мақомот барои тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аҳолӣ ва техника ташкил кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6709
20.05.2022


Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ

ҲАНГОМАИ НАВБАТИИ «РЕАЛ». Ё ЧӢ ТАВР ТИМИ ШОҲОНА БА ФИНАЛ БАРОМАД?

Хаскаш Абдуллоев: «Мо бояд сулҳро қадр кунем»

Ҷаҳон дар як сатр

05.05.2022


Ҳеҷ кас ва хеҷ чиз фаромӯш нашудааст!

Дурахши паҳлавони тоҷик дар ИМА

Путин ва Лукашенко омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. БАРДОШТ АЗ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ӮЗБЕКИСТОН. САФИР БА ДИДОРИ МАҲБУСОН РАФТ

НОМГУЗОРИИ ҚУЛЛАҲОИ ПОМИР БА НОМИ ШОИРОН МИРСАИД МИРШАКАР ВА МУЪМИН ҚАНОАТ

03.05.2022


Кумакҳои Рустами Эмомалӣ ба табақаи ниёзманд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед