logo

иқтисод

СОДИРОТ. ЧАНДАНДЕШӢ ОИД БА БУРДУ БОХТИ СОҲА

Мувофиқи маълумоти Агентии содироти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, семоҳаи аввали соли равон аз кишвар 25,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 10,6 миллион доллари ИМА ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 миллион доллар ё 3,4 маротиба беш мебошад. Аз ҷумла, нисбат ба ҳамин давраи соли рафта меваҳои хушк, сабзӣ, ангур, карам, чормағзи заминӣ, лимӯ, хурмо ва чормағз аз рӯи ҳаҷм зиёд интиқол ёфтанд. Илова бар ин, бо мақсади мусоидат ба афзоиши содироти тухми мурғ ва дарёфти бозори нави он 16,8 миллион дона тухм содирот гардид.

Маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, асосан, ба Қазоқистон, Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Украина, Ироқ, Афғонистон, Туркия, Олмон, Чехия, Покистон, Лаҳистон, давлатҳои Муттаҳидаи Араб содирот гардидааст. 
Барои содироти бемамониати маҳсулот, пеш аз ҳама, сифати он ва стандарти байналмилалӣ аз масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд, ки дар тақвияти содироти меваю сабзавоти ватанӣ нақши калидӣ мебозанд. 
Баҳодур Раҳимзода, муовини директори Агентии содирот дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки бо ин мақсад, дар назди Агентӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» фаъолият дорад, ки ба захира, нигоҳдорӣ, бастубанд ва содироти маҳсулоти ватанӣ машғул аст. 
Барои ҳифзи маҳсулот аз талафёбӣ дар ҳамаи фаслҳои сол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 394 яхдон, сардхонаю анборхона бо ғунҷоиши қариб 299 ҳазор тонна маҳсулот шароит фароҳам оварда шудааст.  
- Барои зиёд намудани ҳаҷми содирот дар баробари таъмини шароити нигоҳдории маҳсулот, инчунин, ташкили марказҳои логистикиву хариду фурӯши яклухти молҳо ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозорҳои нав зарур мебошад. 
Агентӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) муайян гардидааст. Ҳоло пешбурди кори низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз тарафи Агентӣ ройгон ба роҳ монда шуда, бақайдгирии содироткунандагон дар он тариқи электронӣ амалӣ мегардад, - гуфт ӯ.  
Аммо таҳлили коршиносони соҳаи тиҷорат оид ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ монеаҳои зиёде бозгӯ менамоянд. Норасоии марказҳои муосири логистикӣ, дарёфти бозори фурӯш ва дигар навъҳои хизматрасонӣ, ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани сифати маҳсулот, таваҷҷуҳи нокифоя ба низоми маркетинг ва менеҷмент аз масоили ҳалталаб ё монеаҳои рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд. Баробари ин, дараҷаи пасти ҷалби бахши хусусӣ ва пешгӯии аз ҳад некбинонаи умедворӣ аз сармоягузории хориҷӣ, сатҳи рақобатнопазири маҳсулоти содиротӣ, номукаммалии  ҳуҷҷатгузориҳои электронӣ, мавҷуд набудани ҳамоҳангии байниидоравӣ, қарзҳои баландфоиз, сатҳи пасти дониш ва фарҳанги молиявию иқтисодии содироткунандагони миллӣ (надоштани дониши ҳуқуқи байналмилалии иқтисодӣ), дар маҷмуъ, ба рушди содиротии кишвар таъсири манфӣ мегузорад. Дар самти интиқол, набудани заминаи кофии моддию техникӣ дар гузаргоҳи сарҳадӣ, таҷҳизоти назоратӣ, ҳамчунин, талафоти зиёди ҳосили ҷамъоваришуда  ва дар сатҳи паст қарор доштани инфрасохтори интиқол то ба ҳол ҳамчун мушкилоти асосии содирот боқӣ мемонанд. 
Мирзоалӣ Муҳаммадиев, кишоварз, сокини ноҳияи Кӯшониён, аз майдони 19 гектар пиёз ҳосили дилхоҳ мегирад, вале барои содироти маҳсулот имкониятҳои маҳдуд дорад. Сарфи назар аз он, ки инфрасохтори интиқоли содироти маҳсулот ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст, номбурда тавонист имсол, наздики 40 тонна карам содирот намояд. Мирзоалӣ соли сипаришуда, наздики 1000 тонна пиёз содирот намудааст. Ӯ бо вуҷуди ҳавасманди содирот будан то ҳанӯз бо Агентӣ   ҳамкорӣ ба роҳ намондааст. Зеро маълум мешавад, ки дар бораи мавҷуд будани Агентӣ маълумоти дуруст надорад. Маҳсулоташро, ки иборат аз карам ва пиёз аст, тариқи роҳи оҳани мамлакат интиқол додааст. 
Абдураҳим Тоҳиров, лимӯпарвар аз деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун дар майдони як гектар лимӯ парвариш карда, соли гузашта ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 25 тонна фурӯхтааст. Ба гуфтаи номбурда, лимӯро харидорон худашон мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ бастубанд карда, барои содирот омода мекунанд. Ҷиҳати содирот намудани лимӯ сифати он хеле муҳим аст, аз ин рӯ, он баъд аз ҷамъоварӣ дар анборхонаи дорои ғунҷоиши 20 тонна бо тарзи махсус нигоҳ дошта мешавад. Барои сари вақт анҷом додани содироти ин намуди маҳсулот барои ҳар ду ҷониб, ҳам деҳқон ва ҳам харидор норасоии қуттиҳои махсуси чӯбӣ мушкил эҷод кардааст. 
- Муваффақияти хоҷагии деҳқонии мо дар самти содироти маҳсулот натиҷаи баргузории вохӯрию семинарҳои омӯзишӣ мебошад, ки бо ташаббус ва мусоидати Агентии содирот роҳандозӣ мешаванд, - гуфт Абдураҳим Тоҳиров. 
Дар оянда дар назди Агентӣ ташкили мактаби содирот барои омода кардани мутахассисон оид ба пешбурди фаъолияти содиротӣ, ҷорӣ кардани стандартҳои содиротии маҳсулот, таҳияи қарордодҳои содиротӣ, харид намудани маҳсулоти меваи хушк ва нахи пахта, содироти мева, сабзавоти тару тоза, пиёзи барвақтӣ, ангур ва ғайра ба роҳ монда мешавад. 
- Бар замми монеаҳои зикршуда, ширкатҳое ба истеҳсол, коркард, хариду фурӯш машғуланд сомонаҳои интернетӣ надоранд, ки харидор аз онҳо лоақал маълумоти аввалиндараҷа гирад. Ҳоло дар замони муосир тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон аз ҳама роҳи беҳтар барои содироти на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ, дар маҷмуъ, тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ муаррифии молу маҳсулот тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст, - изҳори нигаронӣ кард Баҳодур Раҳимзода. 
Ба гуфтаи ӯ, мо бояд савдои рақамиро авлавият диҳем. Зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори соҳа имкониятҳои дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда самаранок истифода бурда шаванд. Ҷорӣ намудани механизмҳои маблағгузории содирот ва пеш аз содирот, суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва хавфҳо бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ низ, диққати ҷиддиро тақозо менамояд. Ҳамчунин, таъмини платформаи савдои берунаи электронӣ ба инобат гирифтани махзани маълумот оид ба содироткунандагони ватанӣ, мусоидат ба субъектҳои соҳибкорие, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ ва содиротӣ машғул буда, ба платформаҳои электронии пешсафи савдои байналмилалӣ дастрасӣ доранд, бо таври лизинг харидани автомашинаҳои махсус (рефрижаторҳо) барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ, аз манфиат холӣ нест. 
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 январи соли равон) вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади таъмини рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш, дар доираи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 вобаста ба ташкил кардани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, диверсификатсияи содирот, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироткунандагон корро беҳтар ба роҳ монанд.
Бовар аст, ки Агентии содирот дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бартараф сохтани мушкилоти ҷойдошта корро дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ беҳтару хубтар ба роҳ мемонад.
                                                                                       
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2022    №: 81    Мутолиа карданд: 1523
19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ

ҲАНГОМАИ НАВБАТИИ «РЕАЛ». Ё ЧӢ ТАВР ТИМИ ШОҲОНА БА ФИНАЛ БАРОМАД?

Хаскаш Абдуллоев: «Мо бояд сулҳро қадр кунем»

Ҷаҳон дар як сатр

05.05.2022


Ҳеҷ кас ва хеҷ чиз фаромӯш нашудааст!

Дурахши паҳлавони тоҷик дар ИМА

Путин ва Лукашенко омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. БАРДОШТ АЗ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ӮЗБЕКИСТОН. САФИР БА ДИДОРИ МАҲБУСОН РАФТ

НОМГУЗОРИИ ҚУЛЛАҲОИ ПОМИР БА НОМИ ШОИРОН МИРСАИД МИРШАКАР ВА МУЪМИН ҚАНОАТ

03.05.2022


Кумакҳои Рустами Эмомалӣ ба табақаи ниёзманд

28.04.2022


Сироҷиддин Муҳриддин Вук Жугичро ба ҳузур пазируф


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед