logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ОЛӢ

 
Рустам Хоҷаев то моҳи июл дар мақомаш мемонад
Қаблан иттилоъ дода будем, ки Рустам Хоҷаев, сармураббии тими «Хуҷанд», пас аз бохти дастааш аз тими КМВА аз мақомаш истеъфо дод. 
Тавре 26 апрел сомонаи дастаи “Хуҷанд” навишт роҳбарияти даста истеъфои Рустам Хоҷаевро напазируфтааст. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки шартномаро то кушодашавии равзанаи гузариши тобистона дар Тоҷикистон (2 июл) идома диҳанд. 
 
 
 
Ҷорҷо Келлини корномаашро дар тими мунтахаб хотима медиҳад
 
Капитани тими миллии Италия Ҷорҷо Келлини эълон кард, ки корномаашро дар мунтахаб хотима медиҳад. Футболбози 37 - сола гуфтааст, ки бозии финалӣ миёни чемпиони Аврупо – Италия ва чемпиони Америкаи Ҷанубӣ – Аргентина, ки 1 июн дар варзишгоҳи Уэмбли (Лондон, Англия) мегузарад, охирин ҳунарнамоии ӯ бо либосҳои тими миллӣ хоҳад буд.
- Ман бо тими миллии Италия дар Уэмбли хайрухуш мекунам, дар ин майдон ман ғолиби Евро – 2020 шудам. Мехоҳам тими миллиро бо хотираҳои нек видоъ кунам, - гуфт Келлини.
 
 
 
ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО
«Реал» дар сафар аз «Манчестер Сити» шикаст хӯрд
«Манчестер Сити» дар қувваозмоии аввали даври нимниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо тими «Реал» (Мадрид)-ро дар майдонаш бо ҳисоби 4:3 мағлуб намуд. 
Бар пояи иттилои сомонаи мусобиқот, голҳоро аз дастаи ғолиб Кевин Де Брюне (дақ.2), Габриел Жесус (11), Фил Фоден (53) ва Бернарду Силва (74) заданд. Тӯбҳои тими шоҳонаро Карим Бензема (дақ. 33, 82) ва Винисиус Жуниор (55) ба самар расонданд. 
Бозии ҷавобии дастаҳо 5 май баргузор мегардад. 
Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҷуфти дигари даври нимфинал «Вилярреал» ва «Ливерпул» бо ҳам неру месанҷанд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8646
20.05.2022


Суҳбати телефонии Путин бо Токаев

19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ

ҲАНГОМАИ НАВБАТИИ «РЕАЛ». Ё ЧӢ ТАВР ТИМИ ШОҲОНА БА ФИНАЛ БАРОМАД?

Хаскаш Абдуллоев: «Мо бояд сулҳро қадр кунем»

Ҷаҳон дар як сатр

05.05.2022


Ҳеҷ кас ва хеҷ чиз фаромӯш нашудааст!

Дурахши паҳлавони тоҷик дар ИМА

Путин ва Лукашенко омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. БАРДОШТ АЗ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ӮЗБЕКИСТОН. САФИР БА ДИДОРИ МАҲБУСОН РАФТ

НОМГУЗОРИИ ҚУЛЛАҲОИ ПОМИР БА НОМИ ШОИРОН МИРСАИД МИРШАКАР ВА МУЪМИН ҚАНОАТ

03.05.2022


Кумакҳои Рустами Эмомалӣ ба табақаи ниёзманд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед