logo

иҷтимоиёт

ХАСКАШ АБДУЛЛОЕВ. ҶАНГОВАРЕ, КИ ДУ ТИР УСТУХОНАШРО ШИКОФТ, ВАЛЕ АЗ ПОЙ НААФТОД

Барои аёдат ва суҳбат бо Хаскаш Абдуллоев, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 98 сол дорад, ба манзилаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе, рафтам ва ин пирамарди нурониро дар ҳоле дарёфтам, ки бо вуҷуди солхӯрдагӣ ҷисман ва руҳан бардаму боқувват буд. Барои ҷавоне чун ман, ки зодаи асри навам, суҳбат бо ин марди ҷаҳондидаву ҷанговари шуҷоъ сайри зебое ба таърихи асри гузашта шуд. 
Моҳи июни соли 1941 хабари шуми ҷанг ҳама ҷоро фаро мегирад. Барои ҳимояи Ватан аз фашизм мардону ҷавонони аз синни 18-сола боло ба фронт сафарбар мешаванд. Он замон Хаскаш 17 сол дошт. Баъд аз як соли ҷанг, соли 1942, яъне вақте ки ҳаждаҳро пур кард, ба майдони ҷанг рафт. 
 
АЗ ШУРООБОД ТО БЕЛГОРОД ВА ТАСВИРИ НАХУСТИН САҲНАҲОИ ҶАНГ
Бобо Хаскаш дар оғози суҳбат хотироти чӣ гуна ба ҷанг рафтан ва нахустин амалиётҳои ҷангиро ба ёд овард: - Ман бо чанд нафар аз ҳамдеҳагон аз ноҳияи Шурообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) бо асп ба самти Душанбе равон шудем, он вақт нақлиёти мусофирбар қариб ки набуд ва 20 рӯз он ҷо таваққуф намудем. Баъдан, бо қатора ба шаҳри Кузнетскийи вилояти Пенза рафтем. Муддати чил шабонарӯз моро дар ҷангале,  зери заминканҳо нигоҳ доштанду  машқи ҳарбӣ доданд. Акнун, ҳамчун аскарбача тарзи истифодаи яроқҳои оташфишонро меомӯхтем. Зимистони шаҳри Кузнетский беҳад хунук буд. Ба аскарбачаҳои тоҷик ва, умуман, ҷавонҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ки дар иқлими гарм ба воя расидаанд, таҳаммули чунин сардӣ, шамоли сахт  ва барфу борон тоқатфарсо буд. Вале, онҳо ба ин машаққатҳо тоқат карда, обутоб ёфта, ба муҳориба омода мешуданд.
- Як рӯз командирамон эълон кард, ки тайёр шавед, қисми ҳарбиамон ба дигар ҷой мекӯчад. Аммо ба куҷо? Инашро нагуфтанд. Фақат гуфтанд, ки иқлими ин шаҳр барои шумо хунук аст ва бояд ба ҷои гармтар равем. Баъди сафари чандрӯза ба фронти Степной, ки дар тарафи шаҳрҳои Харков ва Белгород воқеъ аст, расидем. Акнун фаҳмидем, ки моро ба фронти мазкур, ки фармондеҳаш генерал И. С. Конев будааст, овардаанд,- мегӯяд Абдуллоев.
Дар ҳамин вақт Х. Абдуллоев аз ҳамдиёронаш ҷудо мегардад, ҳама ба фронтҳои гуногун тақсим мешаванд ва ӯ танҳо мемонад. Дар қатори ҳарбӣ ба ҳайси минамётчӣ фаъолият мекунад. Соли 1943, тахминан моҳҳои май ё июн қисми ҳарбии онҳоро ба тарафи фронти якуми Украина, ки дар наздикиҳои шаҳри Белгород воқеъ буд, мефиристанд. Вақте ба хати ҷанг наздик мешаванд, барои як писарбачаи навхат, садои таркиши минаву норинҷак ва бомбаву тирпарронӣ хеле даҳшатовар буд. 
Қаҳрамони мо лаҳзаҳои ҷангро ба хотир меорад, ки чӣ гуна самолёти разведкаи душман, ки «Рама» ном дошт, ҳамарӯза болои сарашон парвоз мекард. 
- Ҳар рӯз ду - се бор хати фронтро месанҷид. Баробари расидани овозаш командирон бонги хатар мезаданд ва мо барои амнияту ошкор нашудани ҷоямон зери хандақҳо ва даруни дарахтони анбуҳ пинҳон мешудем, - ёдовар мешавад ӯ.
 
ҶАСОРАТИ ТОҶИКОНА: АБДУЛЛОЕВ ТИР ХӮРДУ БОЗ ДАР МАЙДОНИ ҶАНГ МОНД…
Гурӯҳи муҳорибачиҳо тамоми корҳои худ, аз қабили кашондани хӯрок, яроқ, тир, мина ҳамаашро шабона ҷобаҷо мекарданд, чунки рӯзона ин кор хавф дошт. Ҷойи муҳорибаи ротаи онҳо дар мавзеи нобоб воқеъ буд, бинобар ин, рӯзона имкони аз хандақҳо ва заминканҳо баромаданро надоштанд. Макони душман бошад, амну дар он тарафи дарё, зери дарахтони анбуҳ ҷойгир буд. Командири рота капитан Гаврилкин як рӯз Хаскашро ҳамроҳ бо ҷонишини командири взвод Штанов, ҷавони украинӣ, бо супориши махсус ба назди хандақу заминканҳо мефиристад. Абдуллоев ҳам ба фармон гӯш дода, аз қафои Штанов равон мегардад. Ногаҳон аз ҷониби немисҳо тирборон мешаванд ва ҳамроҳи Хаскаш ба замин меафтад. Абдуллоев худро ба наздаш мерасонад, вале дар ҳамин лаҳза тири душман ба китфи чапаш мерасад. Гаваккашон ба пункти тиббии рота омада, ҳодисаро шарҳ медиҳад. Духтурон захмро тоза карда, мебанданд ва ба госпитали Бобруйскийи вилояти Воронеж мефиристанд. Пас аз чор моҳ дубора ба фронт бармегардад. 
- Ин дафъа ман на минамётчӣ, балки ба ҳайси тирандоз дар ротаи тирандози пиёдагард меҷангидам, ба ёд меорад,- Х. Абдуллоев.
Бори дуюм дар задухӯрди шадиди «Камонаки Курск» (Курская дуга), ҷанговари далери тоҷик тир мехӯрад. Якчанд рӯз дар госпитали Ростови лаби Дон табобат гирифт, табибон барои дер шифо ёфтани захмаш ӯро ба Гурҷистон интиқол медиҳанд. Дар роҳи сафар бо дидани манзараи кӯҳу пушта ва гулу бутта, анбуҳи ҷангалзорон Абдуллоев ба ёди Меҳан меафтад ва дарун - дарун дар ҳасрати обу хок ва ҳавои Ватан месӯзад. Ба худ суол медиҳад, ки оё бори дигар Тоҷикистони азизро медида бошад?! Пойбанди ин хаёлот ба сар мебурд, ки баъд аз табобати тулонӣ ӯро бинобар маъюбият аз майдони ҷанг рухсат медиҳанд ва соли 1945 пеш аз Ғалаба ба ноҳияи Шурообод бармегардад.
 
ҲАЁТИ БАЪДИҶАНГӢ
Ҳаёти баъд аз ҷангӣ барои халқи шуравӣ душвор буд ва зиндагии Хаскаш ҳам, аз он истисно набуд. Соли 1945 бародари хурдиаш ҳам ба фронт меравад, вале, хушбахтона, ҷанг бо фашистон ба итмом мерасад ва ӯро ба ҷанги Иттиҳоди Шуравӣ бо Япония, ки оғоз шуда буд, мефиристанд. Баъди се моҳи дар Ватан зистан, хабари пирӯзии шуравӣ бар Германияи фашистиро шунида, Ғалабаро дар ноҳия ва тамоми ҷумҳурӣ ҷашн мегиранд.
Хаскаш Абдуллоевро дар идораи рӯзномаи “Бо роҳи болшевик”-и ноҳияи Шурообод ҳамчун котиби масъул ба кор қабул мекунанд ва яку ним сол он ҷо фаъолият мекунад. Солҳои 1946 – 1948 ба ҳайси раиси суди ноҳияҳои Шурообод ва Даштиҷум адои вазифа намудааст. Баъдан, ӯро ба вазифаи раиси суди ноҳияи Сарихосор пешбарӣ мекунанд, вале аз сабаби дур будани роҳ, бад будани вазъи оилавӣ ва набудани саробоне дар хона пешниҳодро рад мекунад ва мудири мактаби колхози “Ғаллакор”  мешавад. Соли 1957 мактаби махсуси партиявиро хатм намуда, дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз соли 1994 инҷониб дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи фарзанду наберагон зиндагӣ дорад.
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2022    №: 87    Мутолиа карданд: 730
19.05.2022


Вазъ дар Рӯшон ором аст

СААД ва СҲШ дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мешаванд

Ҷаҳон дар як сатр

ТИМИ МИЛЛӢ

18.05.2022


Мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ бо Ли Чжаншу

ДАҲСОЛАИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Суҳбати телефонии Путин ва Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

САЙРЕ ДАР ШЕЪРИСТОНИ ЛОИҚ

17.05.2022


Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор мегардад

ҶОМИ ОСИЁ

Путин: «Роҳбарони СААД дар бораи ҳамкориҳои низомӣ изҳороти муштарак қабул мекунанд»

Ҷаҳон дар як сатр

16.05.2022


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

ДАВИ МИЛЛӢ

ҲИСОР. БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕШ АЗ 1500 ИНШООТ БУНЁД МЕШАВАД

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

САМАРҚАНД. ТИМИ "ҶУМҲУРИЯТ" ДАР БОЗИИ ДӮСТОНА ПИРӮЗ ШУД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ЖУРНАЛИСТОН БАРОИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДОДАНД

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

“ИСТИҚЛОЛ” – БАРАНДАИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022

06.05.2022


Нахустин ҷаласаи як Ситоди муҳим

"АМОНАТБОНК". БОВАРИ МАРДУМ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ

ҲАНГОМАИ НАВБАТИИ «РЕАЛ». Ё ЧӢ ТАВР ТИМИ ШОҲОНА БА ФИНАЛ БАРОМАД?

Хаскаш Абдуллоев: «Мо бояд сулҳро қадр кунем»

Ҷаҳон дар як сатр

05.05.2022


Ҳеҷ кас ва хеҷ чиз фаромӯш нашудааст!

Дурахши паҳлавони тоҷик дар ИМА

Путин ва Лукашенко омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ карданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. БАРДОШТ АЗ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУН ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ӮЗБЕКИСТОН. САФИР БА ДИДОРИ МАҲБУСОН РАФТ

НОМГУЗОРИИ ҚУЛЛАҲОИ ПОМИР БА НОМИ ШОИРОН МИРСАИД МИРШАКАР ВА МУЪМИН ҚАНОАТ

03.05.2022


Кумакҳои Рустами Эмомалӣ ба табақаи ниёзманд

28.04.2022


Сироҷиддин Муҳриддин Вук Жугичро ба ҳузур пазируф


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед