logo

Хабарҳо

«ДУРАХШИ МУҲАББАТ»

Нашри китоби адабиётшиноси маъруф Муртазо Зайниддинзода бо номи «Дурахши муҳаббат»  навидест аз пешрафти соҳа ва дастовардҳои адабиёту адабиётшиносии миллии тоҷик ва дигар халқҳо. Яъне, ба василаи мутолиаи он хонандагон, муҳаққиқон ва мутахассисон оид ба масъалаҳои робитаҳои адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, мизони маърифату заҳмати адабиётшиносони дигар маълумоти тоза гирифта метавонанд.
Муроди муаллифи китоб дар сухани иқтибосшуда аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чун эпиграф истифода шудааст, равшан мегардад: «Бояд таблиғи ғояҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва адибони тоҷик қарор бигирад».
Ба китоб адабиётшинос Субҳони Аъзамзод бо номи «Розгӯйи асрори бинҳуфтаи адабиёт» сарсухани муфассал навиштааст, ки он хонандаро ба масъулиятшиносӣ, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмии Муртазо Зайниддинзода шинос мекунад.
Тавре ӯ ёдовар мешавад: «Аз вижагиҳои хоси ҷусторҳои пажӯҳанда дар ин арса яке ин аст, ки ӯ дар бархе осори адабии муосири тоҷик низ эҳсоси ҷонпайвандии тоҷикӣ бо дигар халқҳоро бо камоли мӯйшикофӣ дарёфта ва ба завқи хонандаи амиқбини тоҷик ғановати дучанд бахшиданӣ шудааст».
Ин мақсадро худи муаллифи китоб ин тавр бозгӯ мекунад: «Ҳар қадар ки ба осори меросӣ ва таълифоти илмиву таърихии давраҳои охир таваҷҷуҳи бештар гардад, ба ҳамон андоза иртиботи байниҳамӣ ва таъсиру таассури илму адаби халқҳои гуногунзабону мухталифнажод равшантар зуҳур мекунад. Осори чашмраси илмиву адабӣ, таърихиву ҷуғрофӣ ва фалсафиву табиии баёдгормонда башорат медиҳад, ки аҷдодони некноми мо ба бозёфтҳои илмии халқҳои дигар бо чашми ҷӯяндагӣ нигариста, дар радифи таъсиргузорӣ баҳра низ бардоштаанд».
Пажӯҳишгар тавонистааст, ки ҳақиқати илмиву адабиро баён намояд ва асрори онҳоро бикушояд. Дар ин маврид бо арҷгузорӣ ба заҳмату пажӯҳишҳои ҳамтоёнаш, ҳамчунин, андешаҳо ва хулосаҳои худро бо ҷасорати том пешниҳод менамояд, ки ин дар илми адабиётшиносӣ бисёр муҳим мебошад.
Муртазо Зайниддинзода дар таълифи матлабҳои дар китоб ҷамъоварда аз манбаъҳои зиёди илмиву адабӣ истифода менамояд, ки қимати пажӯҳиши ӯро афзудааст.
Ҳамин тавр, он туҳфаи арзишмандест ба алоқамандони соҳаи адаб ва адабиётшиносӣ.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4137
07.07.2022


Вохӯрии вазири молия бо Ули Маурер

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ДИРЕКТОРИ ХБА

Зарбаи таҳримот ба иқтисоди ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

“ШИРКЕНТ”. ҚАБУЛИ 1200 НАФАР ДАР ЯК МАВСИМ ДАСТОВАРДИ КАМ НЕСТ

05.07.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар назар аст

Шаббос дар «Ҷоми Элорда – 2022» мақоми сеюмро гирифт

Суҳбати телефонии Токаев бо Мирзиёев

Ҷаҳон дар як сатр

ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ. 299 ХАТМКУНАНДА СОҲИБИ ДИПЛОМИ СУРХ ШУД

Ҷаласаи Шурои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ

01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед