logo

Хабарҳо

ХОРУҒ. МУСОДИРАИ СИЛОҲУ МУҲИМОТИ ҶАНГӢ АЗ ХОНАИ ДУ САРКАРДАИ ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

13 июни соли равон дар пайи идомаи чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ ва нишондоди айбдоршаванда Аёмбеков Толиб Абдураҳмонович, санаи таваллудаш 1966, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Заводи нони шаҳри Хоруғ, дар шоҳидии шахсони  холис ва дар ҳузури писараш Абдураҳмонов  Асаналӣ Толибович  дар хонаи шахсии ӯ, ки дар кӯчаи А. Аёмбеков, хонаи 58-и шаҳр воқеъ мебошад, миқдори калони силоҳу муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид. 
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод.
Аз ҷумла, дар хонаи шахсии айбдоршаванда Толиб Аёмбеков 6 автомати Калашников, тамғаи АК - 74  бо 15 тирдон ва 450 тири қутраш 7.62 мм, 1 гранатомёти зиддитанкии дастии тамғаи РПГ бо 8 гулӯла, 7 фишанги гулула ва 1 камарбанди гранатомёт ёфт гашт.
Инчунин, дар асоси нишондоди айбдоршаванда Гулобов Ниёзшо Аслишоевич, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Гулободи шаҳри Хоруғ, санаи таваллудаш 1982, ки аз ҷониби писарамакаш,  Аслан Гулобов  тасдиқ мегардад,  аз канори манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи С. Абдураҳмон, бинои № 92-и шаҳр 15 автомати Калашников, тамғаи АК -74, мили  7,62 мм бо 11 тирдон мусодира шуданд.
Толиб  Аёмбеков, Ниёзшо Гулобов  ва Мунаввар Шанбиев боздошт гардида,  нисбат ба онҳо тафтишот идома дорад.
 
 
 
Донишгоҳи давлатии тиббиро 17 нафар бо дипломи аъло хатм намуд
 
Соли равон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро 1518 донишҷӯ хатм намуд, ки аз ин теъдод 17 нафар соҳиби дипломи аъло гардид. Ин нукта зимни ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба муносибати хатми имсолаи донишҷӯёни тиббӣ  баён шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.
Дар ҳамоиши мазкур  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори муассисаи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки аз теъдоди умумии хатмкунандагон 253 нафар тибқи Квотаи президентӣ таҳсил кардаасту 356 нафар донишҷӯи хориҷӣ мебошад.
 
 
 
Густариши равобит бо ниҳодҳои тобеи СММ
 
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар мулоқот бо сардори раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид  ба паноҳандагон Мулугета Зевди аз саҳми  СММ дар барқароркунии сулҳу  субот  миёни  тоҷикон  ёдовар шуда, иброз  дошт, ки ин Созмони байналмилалӣ дар ҳалли тамоми масъалаҳои  доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ  нақши арзанда мегузорад. 
Тавре маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, вай талошҳои ниҳодҳои тобеи СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои ихтилофангез  миёни кишварҳои  минтақа ва ҷаҳон  муассир маънидод кард.
- Бояд вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тамоми  ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро  дар дохили кишвар  ва дар миқёси ҷаҳон дастгирӣ  ва амалӣ намоянд, - гуфт дар фарҷоми суҳбат сардори раёсати Комиссари олии СММ оид ба паноҳандагон.
 
 
 
Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Таиланд
 
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Чачаван Сакорнсинро қабул намуд, - иттилоъ дод вазорат.
Зимни вохӯрӣ дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд ва истифодаи иқтидори ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни судманд, бахусус иқтисодӣ ва сайёҳӣ, баррасӣ гардиданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Чачаван Сакорнсинро ба муносибати таъин шуданаш ба ин вазифа табрик карда, дар рисолати дипломатияш комёбиҳо таманно намуд.
 
 
 
Сафири нави Индонезия ба Тоҷикистон омад
 
Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар шаҳри Нур-Султон) доктор Муҳаммад Фаҷрул Раҳмонро қабул кард.
Дар мулоқот тарафҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, табодули назар намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3136
07.07.2022


Вохӯрии вазири молия бо Ули Маурер

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ДИРЕКТОРИ ХБА

Зарбаи таҳримот ба иқтисоди ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

“ШИРКЕНТ”. ҚАБУЛИ 1200 НАФАР ДАР ЯК МАВСИМ ДАСТОВАРДИ КАМ НЕСТ

05.07.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар назар аст

Шаббос дар «Ҷоми Элорда – 2022» мақоми сеюмро гирифт

Суҳбати телефонии Токаев бо Мирзиёев

Ҷаҳон дар як сатр

ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ. 299 ХАТМКУНАНДА СОҲИБИ ДИПЛОМИ СУРХ ШУД

Ҷаласаи Шурои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ

01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед