logo

иҷтимоиёт

27 ИЮН САНАИ ТАЪРИХИИ САОДАТСОЗ

Аслан мафҳуми ваҳдат ё ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик пас аз касби Истиқлоли давлатӣ ва, махсусан баъди имзои Созишномаи истиқрори Сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997,  аҳамияти хосса пайдо кард. Ваҳдат барои як миллат ва як ҷомеа ба ҳадде зарур аст, ки метавон гуфт бе доштани он ҳеҷ миллат ва давлате наметавонад ба камоли матлуб ва саодат даст ёбад. 
Бо дарки ин воқеият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июнро ҳар сол дар саросари кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон кард ва худ тамоми талоши мумкинро дар роҳи ба ҳам овардани миллати тоҷик ва таъмини ваҳдати сартосарӣ аз оғози фаъолиятҳои пурбори худ ба роҳ андохт. 
Берун омадан аз бунбасти иртибототӣ, (коммуникатсионӣ), ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, барои таъмини ваҳдати миллии сартосарӣ хеле муассир  будааст. Пайванди тамоми манотиқи Тоҷикистон дар тамоми чаҳор фасли сол аз роҳи заминӣ, аз як сӯ агар барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ хидмат кунад, аз сӯйи дигар барои таъмини ваҳдати мардумони сокини минтақаҳои кишвар бисёр муфид мебошад. Барномаҳои роҳбурдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо, як паҳлуи хеле муҳимашон ҳамеша таҳким ва таъмини ваҳдати миллӣ будааст. Мавриди зикр аст, ки тамоми кору пайкори Пешвои миллат аз андешаҳои инсонпарварӣ ва хирадмандонаи ниёгони миллати тоҷик маншаъ мегирад.
Садои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қабл аз шуруи барномаи иттилоотии “Ахбор” – “Дӯст бошед, иттифоқ бошед...”  ҳар субҳу шом дар фазои  хонадони ҳар яки  мо садо медиҳад, мисли як зангӯлаи  бедорист, ки моро ҳар замон ба ваҳдату иттифоқ ва дӯст доштани Ватани худ талқин мекунад. Яъне, чунонки шоир фармудааст:
 
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад,
Паркандагӣ аз нифоқ хезад.
Бузургтарин хатаре, ки барои як миллат ва як давлат таҳдид мекунад, ин набудани ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ мебошад. Дар аҳди қадим қудратҳои ғарбӣ мафҳуми “Тафриқа андозу ҳукумат кун” - ро асоси фаъолияти худ қарор дода, бо ба роҳ андохтани тафриқа ва парокандагӣ дар байни миллатҳо ва давлатҳои шарқӣ онҳоро ба сарҳади нестӣ ва азҳампошӣ кашида,  худ бар онҳо ҳукумат мекарданд. Ин хатар ҳанӯз аз байн нарафта ва ҳанӯз ҳам қудратҳо ва кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо андохтани ихтилоф ва зиддият дар байни дигар миллатҳо ва давлатҳои як андоза заиф ва дар ҳоли рушд, онҳоро ба гирдоби ноамнӣ ва ихтилоф кашида, худ хостаҳои ҷаҳонхоҳии худро пиёда кунанд. Бино бар ин, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин воқеият, ҳамеша моро аз хатари ихтилофу парокандагӣ ҳушдор дода, миллати тоҷикро ба иттиҳоду якпорчагӣ даъват менамояд ва ҳамчун як Пешвои ростин ва воқеӣ бори ин масъулияти азим ва муқаддасро амалан ба дӯш гирифтаанд.
Мутолиаи бештар дар даври музокироти тоҷикон, ки оқибат ба сулҳи сартосарӣ оварда расонд, моро ба ин натиҷа меорад, ки, пеш аз ҳама, ва беш аз ҳама барои ба ин сулҳ расидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош кардаанд. Ӯ аз оғози ин музокирот, бо вуҷуди таҳдиди хатарҳо ва душманони зиёд доштани  ин сулҳ, ҳаргиз аз роҳи интихобкардаи худ барнагашта, балки бо азму иродаи қавӣ ва азхудгузаштагӣ барои ба  ин неъмати бебаҳо даст ёфтан, аз ҳеч кӯшишу талоше дареғ наварзидаанд.
Ҳар қадар, ки мо аз замони имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дуртар мешавем, беш аз пеш аҳамияти ин созишномаи сарнавиштсоз бароямон бештар аҳамият пайдо мекунад. Агар аз рӯйи инсоф доварӣ намоем, барои мо маълум мешавад,  барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ миллати тоҷик бештар аз Истиқлоли давлатӣ мутаҳаммили заҳамот ва маҳрумиятҳо шудааст. Барои нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ, вуҷуди сулҳ ва ваҳдат  ба ҳадде зарурӣ ва лозимӣ аст, ки дар сурати надоштани ин ду неъмати арзишманд Истиқлоли давлатии мо, ки орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, дар маърази хатари ҷиддӣ қарор мегирад. Бо дарназардошт ва шинохти ин воқеият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ваҳдатофарӣ ва пос доштани ин гавҳари қиматро, дар тамоми заминаҳо ба роҳ андохта, бо барпоии чорабиниҳо ва тадбирҳои азиз доштан ва ҳифз кардани ваҳдати миллӣ барои шинохти  ҳарчи бештари он аз тамоми имконот истифода мекунад. Ваҳдати миллӣ танҳо як шиори хушку холӣ набуда, балки реша дар ормонҳои давлат ва миллати тоҷик дорад. Албатта, дар як ҷомеаи демократӣ, ки мардуми он дорои ақидаҳои мухталиф ва гуногунандешӣ мебошанд, метавонад қишрҳои мухталифи он ҷомеаи дар ҳама умур ваҳдати назар надошта бошанд, вале хушбахтона миллати тоҷик дар масъалаи Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот комилан бо давлати худ мувофиқ буда, барои ҳифз ва пос доштани ин неъматҳои арзишманд бо пайравӣ аз Пешвои муаззами худ тавонистааст бо азму иродаи қавӣ фарозу нишеби зиёдеро бипаймояд ва ваҳдату сулҳу суботро ҳифз кунад. 
 
Ғозибек САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.06.2022    №: 117    Мутолиа карданд: 425
07.07.2022


Вохӯрии вазири молия бо Ули Маурер

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ДИРЕКТОРИ ХБА

Зарбаи таҳримот ба иқтисоди ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

“ШИРКЕНТ”. ҚАБУЛИ 1200 НАФАР ДАР ЯК МАВСИМ ДАСТОВАРДИ КАМ НЕСТ

05.07.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар назар аст

Шаббос дар «Ҷоми Элорда – 2022» мақоми сеюмро гирифт

Суҳбати телефонии Токаев бо Мирзиёев

Ҷаҳон дар як сатр

ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ. 299 ХАТМКУНАНДА СОҲИБИ ДИПЛОМИ СУРХ ШУД

Ҷаласаи Шурои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ

01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед